ФАРОМЎШ КАРДАНИ ДУШМАН ХИЁНАТ АСТ!

Хиёнатро фақат хоин бибахшад!
устод Гулрухсор

Дўстони худро #фаромўш кунем, онҳо мебахашанд, дуруст мефаҳаманд, ба дил намегиранд, аммо агар душманони худро фаромўш кунем, дўстонамон мебахшида бошанд?
Гумонам, ки фаромўш кардани душман хатои ҷиддӣ ва ба таҳсини ў пардохтан, хиёнатро мемонад. Чӣ гуна метавон қотили падару модари худро фаромўш кард? Шояд паямбарону валиёни бузург, ки дар маърифати Парвардигор собитқадаманд, то осмони илоҳӣ раҳи парвоз ёфтаанд, хоин, рақиб, қотил ва туҳматгарони худро бибахшанд, аммо як инсони муқаррарие мисли ман ҳаргиз!

• Чӣ гуна метавон хунхории Искандарро, ки бо устодаш Арасту аз наврасӣ нақшаи барбод додани кишвари абарқудрати Форс ва азхудкунии шаҳру шаҳракҳо ва фарҳанги бузургро ба сар мепарварид, фаромўш кунем? Дарёи хуни юнониҳо рехтаро ҳисобу ҳад нест, аммо ба он қадар китобу дафтаре, ки сўхту бо худ бурду ба номи худаш муҳр зад, чӣ гўем?

• Чӣ гуна метавон Қутайбаи тозӣ, Қутайбаи разилро, ки бо баҳонаи тарғиби Ислом тоҷиккуширо ба авҷи аъло расонд, аз ёд барем? Дар ҳар як хонаи тоҷик як араби ширишутурхўрдаву сусморхўрдаро «посбон» монданду мардонашро куштандуу занонашро таҷовуз карданд. Барои намоз нахондан, ҷарима таъйин карданд, маҷбуран халқи бечораро ба сохтмони масҷидҳо бурданд, то ҳалок кор фармудаву тани берўҳашонро ба хок ҳам насупурданд… Ин ҳам магар кирои гап нест?! Пас, давом дорад…

• Муғули бенангро, ки бо роҳбарии ташнахуни ҷаҳон Чингиз ва авлоди ў омаду аз раҳми модари тоҷик кўдаки хомро бо теғ бурун оварда, ба нўки найзааш «алам» кард, фаромўш кунам? Ҳай-ҳай, инсоф ҳаст?!
Оне, ки ҳазрати инсонро чун магас мекушту чашмаш хам намехўрд, оне, ки тани Темурмаликро бурда-бурда кардаву ба зоғу заған бахшид, оне, ки дар Хуҷанд ҳафтаҳо айш ронду чашмони авлоди маро чун чашмони худаш танг кард, бибахшам? Не!

• Темури ланге, ки аз сари падару бобоёни ман манора сохт, фаромўш кунам? Беҳтарин ҳунармандону устоҳои гулкору чўбкорро гулчин кардаву дар Самарқанд барои обрўи худ чанд манора сохтаву пас он ҳунармандонро сар зада, сарашонро хишт кард, медонед? Медонед, аммо мабодо фаромўш карда бошед?!
Имрўз дар кишвари ҳамсоя ҳайкали ўро чун бут мепарастанд. Ва баъзе тоҷикони онҷоии моро, ки бутпарастӣ доранд, фаромўш накунед, сабақ аст, сабақе, ки аз ҳеч китоб намеёбед…

• Ё он Маҳмуди Ғазнавии кўрнамаку нодонро, ки Пири Тўс - Фирдавсиро зери пои пилон гузошта, куштан мехост, чӣ гўем? Шоҳномаро ба пашизе нагирифт, бо Аёз дар саргаҳи бачабозиву ҳамҷинсгароӣ меистод, бо ҳирси гирифтани Ҳиндустон 15 бор лашкар кашидаву ҳазорон-ҳазор тоҷикро беҳуда қурбон кард, қасидаҳои «осмонкаф» нисори ў мешуданд, барои куштани куффор ва аҳли шиъа таҳсин мешуниду мешунавад… Пас, ў ҳам боис ба фаромўшист?

• Ё Руси гурусначашмро, ки Варорўди фарҳангиро ба Варорўди пахтачин табдил дод, аз ёд барем?
Ба манораву ёдгориҳои Самарқанду Бухорое, ки миршабу аскаронаш ҷуз тиру камону теғ чизе надоштанд, аз тўб тир кушодани рус қасдкорӣ нест?
Бо баҳонаи хуби аз зулми аморат озод кардан (барои ин хидматаш сипос), вагон-вагон тило ва дороиҳои ҳунариву тамаддуниро бо худ бурданаш ҳадафнок нест?
Ба китобҳои бо хатти ниёгон сабтшуда муҳри «дақёнусиву ифротиву динӣ» зада, ҳафтаҳо ҳаммомҳоро бо китоб тасфондани русҳо дурандешона нест?
Осорхонаҳои хурду бузургаш, бавижа осорхонаи Питербург – Эрмитажро аз осори ниёгони мо пур карда, ба ҷаҳон бонги ифтихор заданаш масхара нест?
Ин қадар тоҷикро дар Сибир бадарға карда, кушта, паронда, дар мурдахонаҳо сўзонданаш чӣ?
Не, касе ин ҳамаро фаромўш кунад, рўҳи бузургон ўро хоҳад зад!

• Ё ба ўзбаке, ки пинҳонӣ аз пушти мо ҳамеша ба чор тараф, нахуст ба Ленин, баъдан ба зиндонбони бузурги Кремл – Сталин мактубҳои пурдурўғ, бефурўғ ва хандахариш навишта, инкори тоҷикро ҳамагонӣ карда, тоҷикони содаро харида ба муқобили миллати худ шўронда, фарҳангдуздиву фарҳангзудоӣ карда, ба оташи пантуркизм пайваста равған рехта, ҳоло ҳам аз сарзамини кўҳистони мо чашми бад накандааст, чӣ гўем?

• Ё чаро қирғизеро, ки чўпони мо будаву имрўз хуни моро рехт, фаромўш кунем? Дар рўзи рўшан зани тоҷикро дар Исфара паронд, дар рўзи рўшан омўзгори тоҷикро кушт, ба намакдон туф кард, ҳатто дар моҳи Рамазон ба сўи тоҷик тир кушод, ба бахшидани мову шумо меарзида бошад?!
Чӣ гўем ба қирғизе, ки ба дастбўсии Толибон рафт?

… Ин рўйхат беохир шояд бошад ва ман боз садҳо душманони худиву бегона дораму онҳоро мешиносам, ки «корнома»-и онҳо ҳоло кирои навиштан нест, миллати мо он қадар душманони «бузург» ва хиёнатҳои гўшношунидро дида, ки чанд тан ҷосусу фурўхташудаву гапбару гапбиёрро писанд намекунад. Аммо ба ҳар ҳол, ёд бояд кард: «Душманат гар пашша бошад, камтар аз пилаш мадон!».

Агар ин душманони ҷониро #фаромўш кардем, ҳатто ба сутудани онҳо пардохтем, пас дер ё зуд рўҳи Спитамон, Муқаннаъ, Деваштич, Абумуслими Хуросонӣ ва… миллионҳо шаҳидон моро хоҳад зад…
Пеши арвоҳи шаҳидон шарманда набошем…

Search