Тамаддуни тоҷикон ва таҳдидҳои замони муосир

Дар даврони истиқлолият, диққат ба омўзиши қадимаи таърихи тамаддуни тоҷикон бештар гардид, зеро он яке аз омилҳои асосии худшиносии миллӣ ба шумор меравад. Дар ин самт - яке аз дастовардҳои намоёни илми таърихи замони муосир ин тадқиқотҳои Пешвои миллат Э.Раҳмон мебошанд, ки дар омўзиши тамаддуни тоҷикон саҳми арзанда мегузоранд.

Дар асарҳои худ, Пешвои миллат доир ба тамаддуни тоҷикон фикру андешаҳои худро иброз намуда, фалсафа ва таърихи онро давра ба давра таҳлил намудаанд. Аз он ҷумла, таърихи тамаддуни қадимаи тоҷикон дар асари Пешвои миллат, «Тоҷикон дар оинаи таърих. Аз ориён то Сомониён» мавриди муҳокимаи дақиқ қарор гирифтааст. Нашри ин асари таърихӣ, барои омўзиши тамаддуни тоҷикон аҳамияти илмӣ ва методологӣ дорад, зеро дар он масъалаи баҳси пайдоиши кабилаҳои ориёӣ таҳлил гардида, мансубияти тоҷикон ба ин халқҳо бо далелҳои амиқ исбот гардид. Бо мақсади тахлили бештари таърихи тамаддуни тоҷикон, бо дастгирии Пешвои миллат, аз тарафи олимони Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии Академияи миллии Ҷумхурии Тоҷикистон, нашри нави «Таърихи халқи тоҷик» дар 6 ҷилд ба итмом расонида шуд, ки нуктаи марказии онро таърих ва назарияи тамаддуни тоҷикон ташкил медиҳад.

Миллати тоҷик аз замонҳои давлатдории Куруши Кабир ҳамчун миллати соҳибтамаддун маълум мебошад, ки авҷи инкишофи он ба давраи Сосониён ва давраи кутоҳи давлатдории Сомониён рост омад. Дар ин давлатҳо рушди илм ва фарҳанг дар сиёсати давлатдорӣ дар мавқеи аввал ҷой мегирифт. Бо шикасти давлати Сомониён тамаддуни тоҷикон мавҷудияти худро дар забон ва адабиёти форсу тоҷик идома дод. Соли 1014 яке аз сарвазирони Султон Маҳмуди Газнавӣ, аз султон хост, ки ба ҷои забони тоҷики ҳамчун забони давлатӣ забони арабӣ ҷорӣ карда шавад. Аммо ин таклифро худи аҳли дарбори Ғазнавиён рад намуданд. Соли 1277 Сиёвуши Ҷамрӣ писари Ғиёсиддини Кайхусрав ба сари тахти Салчукиён меояд ва аввалин қарори вай ин ба забони туркӣ додани статуси забони давлатӣ буд, аммо ин пешниҳоди вай низ амалӣ нашуд ва забони форсӣ-тоҷикӣ ҳамчун забони давлатӣ то асри ХХ дар аксарияти империяҳо боқӣ монд, ки ин аз нуфузи ин миллат дар сатҳи тамаддуни Шарқ шаҳодат медиҳад.

Вазъияти ҷаҳони глобалӣ ва давлати ҳамсояи Афғонистон нишон медиҳад,  ки таҳдидҳо барои тамаддун ҳанўз арзи вуҷуд доранд ва дар маркази ин хатарҳо пеш аз ҳама тамаддуни миллати тоҷик меистад. Ҳеҷ шубҳае нест, ки бо манъ кардани мусиқӣ толибон эҷодиёти Ҳофиз, Саъдӣ, Хайём, Румӣ, шоҳномахонӣ, Бедилшиносӣ ва дигар дастовардҳои тамаддуни тоҷиконро низ манъ мекунанд. Аммо баъзе аз давлатҳо, барои манфиатҳои моддӣ ва геополитикии худ, манфиати тамаддуни умумибашарӣ ва сабақҳои таърихи гузаштаро сарфи назар мекунанд, ки ин хеле хавфи калон дорад.

Дар ин масир, Пешвои миллат муҳимияти илми таърихро ёдрас шуда, чунин қайд намуданд: “Мо ба таърих на барои худнамоӣ аз гузаштаи худ, балки барои эҳё намудани рӯҳи созандаи аҷдодонамон, ки роҳҳои душворро паси сар карда, ба дастовардҳои бузург расидаанд, рӯ меорем. Дарси таърих дар назари мо на танҳо саҳифаи гузаштаро пайдо мекунад, балки барои фаҳмидани имрӯзу фардо ба мо кумак мерасонад ва ҳамчун довари одил мувафакиятҳо ва хатогиҳои таърихи давлатдории тоҷиконро нишон медиҳад”.

 Аз ин рӯ, барои олимони соҳаи таърих зарур аст, ки дар асоси методологияе, ки онро сиёсати давлат ва Пешвои миллат рўи кор оварданд, омўзиш ва тадқиқоти тамаддуни тоҷиконро идома дода, онро аз ҳама гуна сохтакориҳо ва таҳдидҳо чи аз ҷиҳати назариявӣ ва илмӣ ва чи аз ҷиҳати моддӣ ва маънавӣ ҳифз намоем.

Саидасанов Ю.

Search