ФИКРУ АҚИДАҲОИ ИФРОТГАРОЁНАИ АЪЗОЁНИ ТТЭ ҲНИ

Чӣ тавре, ки мо шоҳид ҳастем яке аз воситаҳои тавҳин задан ба мардум ва миллати тоҷик ин ҳуҷуми иттилоотӣ ва мафкуравии  душманони фирорӣ, тариқи расонаҳою ва барномаҳои иғвоангези худ, маҳсуб меёбад. Яъне бо роҳи пахшу нашри маводи ғаразнок ва наворҳои бадномкунанда нисбат ба мақомотдорони кишвар, мехоҳанд миёни ҷомеаи тоҷик нуфуз пайдо кунанду худро ҳамчун мубаллиғи «озоди»-ю «истиқлол» ва «пуштибони» мардум нишон диҳанду давлатро ноӯҳдабаро. Ин ҳамаро душманони нотавонбини тоҷик тавассути технологияҳои нави замони муосир, яъне шабакаҳои иҷтимоӣ, аз қабили канали «ютуб» барномаҳои хусусии хеш истифода намуда, мехоҳанд, мисли солҳои гузашта дар муҳити иҷтимоии мардуми Тоҷикистон таъсири ҷиддӣ расонанд.

Ин гуфтаҳо ба шахсе бо номи Рамазон Ҳусейниён марбут аст, ки худ ҳамчун фирорӣ дар кишварҳои хориҷа қарор дораду боз аз хориҷа ҳар гуна туҳмату бӯҳтон, нисбат ба шахсиятҳои обруманди кишвар мекунанд.

Ба гуфтаи худи ин шайтонсифат ва ҷосуси кишварҳои хориҷӣ ба модару хешу ақрабони ӯ аз тарафи коргарони мақомотҳои ҳивзи ҳуқуқ, аз ҷумла мақомоти амният, таҳдидҳо карда шудааст. Аммо бояд дарҷ кард, ки мақомотҳои ҳивзи ҳуқуқ ҷузъ аз қафои шумо калаварамони ба дом афтодаи қувваҳои беруна гаштану хешу ақрабони шуморо таҳдид кардан, ки дурӯғи маҳз аст, кори дигаре надоранд?

Ин шумоед, ки ҷузъ таҳқир, бадном, ва туҳмат кардану ба ин ё он ҷиноят муттаҳам сохтани миллати тоҷик, кори дигаре надоред. Зеро маҳз бо ҳамин роҳ аст, ки имрӯз шумо зиндаеду болои сари мардуми тоҷик санги маломат зада истодаед. Агар маблағе, ки бо ин роҳ ба даст наоред, ҳатман аз гуруснагӣ ва қашшоқӣ мемиред. Яъне, бо он ду тангаи сиёҳи хоҷаҳои хориҷиатон, ки барои сабту интишори наворҳои бадномкунандаи ҳаммилллат ва Роҳбари Олии мо тоҷикон нагиред, мисли ба қавли мардум скилет мегардед.

Мутаасифона ба мисли онҳо боз ҳастан ифротиёне, ки мушкилоти мавҷуднабударо сохта, бо он дар шабакаҳои иҷтимоӣ менавозанду миёни мардум тахми кинаву адолатро пошидани мешаванд. Агар аз ҳақиқат хабардор набошему қақитати ҳолро надонем, ҳатман лофи суханонашонро мехӯрем.

Мутмаинам, ки мардуми азиз мо бо дарк ва хабардор будан аз ҳақиқати кишвари худ, ба ин дурӯғу сафсатахониҳои ин бешарафони фирорӣ, хусусан Рамазон Ҳусейниён, бовар нахоҳанд кард. Зеро, ки кори онҳо фақат бадномсозӣ ҳасту дигаронро ба ҷиноятҳои бофтаи худ гунаҳгор сохтан. Хусусан нисбати он нафароне, ки дар сохторҳои қудрати баҳри амнияти давлату миллат рӯзро рӯз ва шабро шаб нагуфта, талош меварзанд, бадгӯиву туҳматҳо мекунанд.

Саодатқадамова П.

Search