Кабирие, ки дасташ то оринҷ дар хуни мардуми бегуноҳ оғушта шуда…

Тавре ба ҳамагон маълум аст вақтҳои охир аз ҷониби Кабирии рубоҳ бо мақсади рӯйпуш намудани хунхориҳои саркардагону пайравони наҳзатӣ бо супориши «хоҷагон»-и хориҷияш дар сомонаҳои иҷтимоӣ ба худсафедкунӣ машғул шуда, мардумро рӯирост ба тазоҳурот бар зидди Ҳукумати конститутсионӣ даъват намуда истодааст.

Бояд зикр намуд, ки мардуми кишвар он рӯзҳои мудҳише, ки Кабирию пайравонаш солҳои 90-уми асри гузашта ба мардум оварданд то ҳол фаромуш насохтаанд. Он зулму ситам, қатлу ғорат, ки ин хунхрони наҳзатӣ нисбати миллати хеш раво диданд ҳамчун доғи сиёҳ то абад дар дилу дидаи мардум боқи мемонад. Акнун ин разилони наҳзатӣ худро назди мардум «адолатхоҳ» вонамуд карда бо ин роҳ мехоҳанд боз халқро ба гумроҳи бурда дар бозиҳои сиёсии худ истифода баранд. Кабирие, ки дасташ то оринҷ дар хуни мардуми бегуноҳ оғштааст, имрӯз боз нашармида аз «мардумсолорӣ» ҳарф мезананд. оғушташуда

Дар он солҳо низ аз ҷониби ин саркардагони ташкилоти террористии наҳзатӣ барои расидан ба мақсадҳои нопоки худ бо шиорҳои дуруғини «меҳансозӣ», «миллатсозӣ» аввалан мардумро ба раҳпаймоиҳо, митингбозиҳо бархезониданд, баъдан роҳбандиҳою хаймазаниҳо сар шуда, мардумро ба шимолию ҷанубию ғармию хуҷандию помирию кӯлобӣ тақсим намуда байнашон иғво андохтанд. Сипас хунхорони наҳзатӣ ба гаравгонгирӣ  зулму шиканҷаи мардуми бегуноҳ ва куштори кормандони давлатӣ, олимони маъруф, даст заданд. Дар натиҷаи ин бесарусомониҳо ҳокимияти давлатӣ фалаҷ гашт, корхонаҳо аз кор монданд, молу мулки давлат аз ҷониби наҳзатиён ғорат карда шуд,  ба иқтисодиёти кишвар зиёни азими молиявӣ расонида шуд, дар Тоҷикистон ҷанги шаҳрвандӣ сар зад.  Зиёда аз 150 ҳазор аҳолии осоишта дар ин ҷанги бемаъни кӯшта шуд, миллионҳо нафар гуреза шуда ба хориҷи кишвар, аз он ҷумла ба Афғонистони ҷангзада фирор карданд.

Бо мақсади пешгирии намудани нестшавии давлати тозабунёди Тоҷикистон аз харитаи ҷаҳон, сарҷамъ намудани  миллати тоҷик,  ҳифзи шарафу номус ва ҳимояи мазҳабу оини суннатии гузаштагони худ фарзандони бо нангу номуси кишвар ба ҳимояи Ватани азиз бархостанд ва мамлакатро аз ин бегонапарсту  хунхорони наҳзатӣ  раҳо  намуда,  дар ҷумҳурӣ сулҳу субботро барқарор карданд.  Роҳбарону аъзоёни ТТ «ҲНИ» диданд, ки ба мақсади нопоки худ оид ба ташкил кардани «давлати исломӣ» нарасиданд боз бо ёрдами «хоҷагонашон» ба хориҷи кишвар фирор карда аз маблағҳои муфти «хоҷагонашон», ки бар ивази хуни ҳазорон мардуми осоишта ба ин миллаткушон дода буданд   кайфу сафо карда роҳат карданд  ва танҳо баъди ба имзо расонидани созишномаи сулҳ ба Тоҷикистон баргаштанд.

 Баъди баргаштан Кабирию ҳаммаслаконаш бо супориши «хоҷагон»-и  хориҷияшон  ҷиҳати амалӣ  намудани нақшаҳои нопоки  худ   боз ба хиёнат даст заданд.  Ин ҳам бошад ҳодисаҳои хунини моҳи сентябри соли 2015 бо сарварии Ҳоҷи Ҳалим буд, ки ин наҳзатии хиёнаткор бо супориши Кабирии террорист  мехост табаддулоти давлатиро анҷом диҳад, аммо ин даъфа низ тирашон хок хурд ва ин хунхорони наҳзатӣ Ҳоҷи Ҳалиму пайравонаш  несту нобуд карда шуданд. Кабирии рубоҳ бошад бо аҳли хонаводааш ва баъзе аз ҳаммаслаконаш ба хориҷи кишвар фирор карданд.

 Ҳоло бошад Кабирии ҷинояткор дар хориҷи кишвар қарор дошта тавассути шабкаҳои интернетӣ ба иғвогарию дасисабозӣ машғул аст. Ин аблаҳ аз дасташ танҳо дуруғ гуфтану буҳтону туҳмат задан ба давлату миллати тоҷики дигар аз дасташ коре ҳам намеояд. Симои аслии ин хоини ватанфрӯш имрӯз дар назди мардум фош гардидааст ва ба ҳарфи ӯ ягон нафаре бовар ҳам надорад, ин боз як спектакли навбатии наҳзатии хиёнатпеша Кабирӣ буда, худро танҳо ширин кардан дар назди «хоҷагонаш» аст, дигар як лофзании беҳуда асту халос.

Дар интиҳо гуфтаниям, ки эҳтимол ин суханони охирини Кабирӣ бошад, чунки рӯзҳои наздик ин аблаҳи мансабпарастро ба Тоҷикистон интиқол медиҳанд. Дар ин масъала аллакай гуфтушиндҳо бо мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқи давлати Олмон рафта истодааст.

Амиршоев А.

Search