ТАВЛИДИ ФАРЗАНДОНИ НОМАШРӮЪ АЗ ҶОНИБИ “МУХОЛИФИН”

Шабакаву расонаҳо дигар функсияи худро иҷро намекунанд. Ба ном худро расонаҳои таҳлилӣ ва хабаррасонӣ муаррифӣ менамоянд. Вале дар асл василаи асосии муборизаи гурӯҳҳои ифротӣ бо ҳукуматҳои қонунист. Бо пахшу нашри хабарҳои бардурӯғ ҳукуматҳою давлатҳоро аз байн бурда истодаанд. Дар ҳамаи фоҷиаҳои даҳшатбор ҳамеша даст доранд. Ҷаҳонро даври ангушташон мечархонанду вазъиятро ноором мекунанд. Давлатеро аз байн мебаранду ба ҷояш пояҳои сармоягузоронашонро асос мегузоранд. Ҳамаи дастовардҳои давлатҳоро, ки дар пешрафти демократия, озодии баён ва ҳуқуқи инсон ба даст овардаанд, аз байн бурда истодаанд.

Ҳамкории гурӯҳҳои мухолифини давлатҳо бо чунин расонаҳо раванди косташавии вазъи ҷомеаро метезонад. Худро хору залилшшуда ба ҳамагон нишон дода, таваҷҷӯҳи мардумро аввал ба худ ҷалб менамоянд, пасон пайи иҷрои нақшаҳояшон мешаванд. Ҳамеша дар пайи ҷустуҷӯйи нуқсон мегарданд ва агар набошад онро месозанд.  Расонаҳо низ дар навбати худ мунтазири ишораанд. Зеро, пеш аз ҳама онҳо  манфиатдоранд ва ҳеҷ гоҳ асли ҳодисаву воқеаҳоро инъикос намекунанд. Вазъиятро чунон тасвир мекунанд, ки аз суде ба даст оранд. Дар баробари ин расонаҳо байни худ дар рақобатанд. Бинобар ин, ҳамеша пайи ноором кардани вазъият мегарданд. Ва агар ин рисолаташонро анҷом диҳанд, ҳамон қадар сармоягузоронашон бештар мешавад.

Гурӯҳҳои мухолифини мо ҳам бо чунин расонаҳо ҳамкорӣ мекунанд, ҳам худ ҳар рӯз як расонаи ифротӣ таъсис медиҳанд. Ба монанди Паём.нет, Аздо.ТВ, Восток.нюз ва ғайраҳо. Тариқи онҳо тамоми саъю кӯшиши худро ба харҷ дода истодаанд, то ҷомеаи ороми Тоҷикистонро ноором гардонанд. Дар ягон ҷо аз ин расонаҳо боре аз ягон пешрафту тараққаиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон маводе чоп нашудааст. Ҳар он чизе, ки ба нашр мерасад, фақат мавзӯъҳои интиқодист. Фақат танқид, тӯҳмат, таҳқир, бӯҳтон. Бо чопи ин гуна маводҳо боварию эътиқоди мардумро нисбати ҳукумату роҳбари давлат ва мақомдорону мақомотҳои давлатӣ заиф гардониданианд. Зеро, бар он боваранд, ки ҳар он чизе, ки ба нашр мерасад, мардум бе ҳеҷ шакку шубҳа ба он бовар мекунанду ҳукумат эътимоди мардумро аз даст медиҳад. Ва ҳар дастуре ҳам, ки диҳанд бечуну чаро иҷро мекунанд. Вале бехабар аз он, ки мардум ба оне, ки ҳамеша пайи танқид аст, бовар намекунанд. Бино ба маълумоти ин расонаҳо дар ҷомеаи имрӯзаи Тоҷикистон касе нест, ки дар фикри давлат бошад.

Охир кӣ ба ин ҳама дурӯғҳо бовар мекунад. Мардум он қадр ҳам аҳмақ нест, ки ба бофтаҳои шумо бовар кунад. Бо пахшу нашри хабарҳои бардурӯғ на танҳо обрӯи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон коста намегардад, балки худи ин хоинон расвою шармандаи олам мешаванд... Бе ин ҳам беобрӯю беҳайсиятанд, вале ин бор ба охири роҳи ботилашон расидаанд ва анҷоми афсонаи қадимиашон наздик аст.

Пирумшо С.

Search