Давлати “Толибон” поянда нест!

Ҳаракати “Толибон” имрӯз дар Афғонистон худро ба танзим дароварданианд. Бино ба хабари расонаҳо онҳо барои худ фазои маҷозие таъсис доданианд, ки ин фазо тавонад ин ҷаллодонро ҳомии ислом ва миллати афғон муаррифӣ созад. Худсозии онҳо дар шакл ,ки мазмуни фиребанда дорад ,чашмбандиест дар роҳи ба даст овардани эътиқоди мардум.

Роҳи давлатсозии эшон бошад ҳанӯз маълум нест. Хилофате ,ки онҳо сохтанианд, монанди оби хоколудаест дар ниҳоди баҳр. Худ қазоват кунед . Чархаи таърихро ба қафо баргардонидан имкон дорад? Дар ҳоле ,ки дигар давлатҳо хаёли коинотро доранд, ин қавм  хостгори ба қафо баргардонидани ҳаёт аст.

Маҳдуд кардани ҳуқуқи занону модарон дар ҳама ҷабҳаҳо. Бастани фаъолияти илму фарҳанг , маҳдудияти иттилоот ,кушодани мадрасаҳои нав дар шакли дигар ,фарогири илми шариат ва мазҳаб бархе аз ин навгониҳои ин ҷангҷӯён аст.

Аз ҳама бадтараш маҳдуд кардани фаъолияти тоҷикон ва дигар қавмиятҳо мебошад,ки аз рӯзи аввал маҳдудияти забонҳои дигарро ошкоро баён доштанд.

Хусусияти аз ҳама бадтар он аст,ки иттилоот ва васоити ахбори оммаро ҳамчун воситаи таблиғоти худӣ истифода карда, фаъолияти дигар қавмҳо аз ҷумла тоҷиконро маҳдуд намуданд.

Қадами аввал гузоштаи Толибон дар роҳи ташаккули давлат хатост. Маҳз чунин нокомиҳои давлатсозии онҳост,ки норозигии мардум рӯз ба рӯз бештар мегардад.

Боварист ,ки муддате нагузашта Толибон ба муқовимати сахти халқҳо ва қавмиятҳо дучор мегардад.

Аз ҷониби дигар ҷомеаи ҷаҳонӣинтизорӣ дорад,ки онҳо чи гуна давлат месозанд ва  таъсири ин давлат ба минтақа чи гуна хоҳад буд.  Маҳз бо ҳамин сабаб ҳама нигаронанд.ки ин қавм то куҷо гом мебардорад.  Дар куҷое,ки пой гузорад пояш хоҳад шикаст.

Нуқтаи назари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар бобати шинохти давлати Толибон пардаеро аз рӯи оламиён кушод. 

Президенти кишвари мо назари худро ҷасурона баён дошт ва бо ин нуктаи баёндоштааш оламиёнро бори дигр ҳушдор намуд, ки дар шинохти онҳо таҳамул созанд.

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва расонаҳо гуфтаҳои Сарвари тоҷикон пайваста думболагирӣ мешавад,ки ин фазои наверо дар роҳи адолат боз намуд.

Пӯшида нест,ки толибон кунун  дар чи мақоме қарор доранд.

Фазои муқовимат дар Афғонистон пайваста афзоиш дорад. Толибон бошанд ба сохтори давлате шуғл доранд,ки ин давлат чи гунагии ин давлат ҳанӯз маълум нест.Таъсиси хилофат ин як ҳушдории олам аз падидаи нохушест,ки аз нахустин паёмади худ имрӯз хабар медиҳад.

Шаҳриёр

Search