Мардуми Тоҷикистон амалҳои ғайриинсонии ТЭТ ҲНИ-ро фаромуш нахоҳанд кард

 Ҷаҳони имрӯза дар ҳама самтҳо бо суръати баланди кайҳони пеш рафта истодааст. Тараққиёти илму техника, тиб, маориф, интернет ва астрономия ба авҷи аълои худ расида кашфиётҳои навро пешниҳоди ҷаҳониён намуда истодаанд.

 Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ҳамчун як узви ҷомеаи ҷаҳони аз пешравҳои худ дарак дода, тарақиёти соҳаҳои илми, иҷтимои ва иқтисодию сиёсиаш бомаром идома доранд.    

Асосгузори сулњу вањдати миллї, Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон, муњтарам Эмомалї Рањмон  баҳри рушду тараққии кишвар ҳамеша талош намуда, раҳои аз бунбасти коммуникатсионӣ, расидан ба исқлолияти энергетикӣ ва таъмини амнияти озуқавориро ҳамчун ҳадафҳои асосии замони истиқлолият муқарар намуда буданд. 

Дар расидан ба яке аз ҳадафҳои асосӣ, истиқлолияи энергетикӣ дар ҳудуди мамлакат зиёда аз 70 неругоҳҳои хурду бузург сохта ба истифода дода шуда, ин раванд бомаром идома дорад.

Яке аз иншоотҳои бузурги аср Неругоҳи барқи обии «Роғун» ба шумор меравад. Новобаста аз монеъаҳои сунъии иқтисодию сиёси бо ташаббуси Президенти кишвар сохтмони НОБ-и «Роғун» идома дошта, 2 агрегати он ба истифода дода шуд.

Имрӯз ҳамагон шоҳиди онанд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон оромию осудаги ва сулҳу суббот ҳукумфармо буда, сокинони мамлакат зиндагии осоиштаро пеша намудаанд.

Баъди пошхурии давлати абарқудрати Иттиҳоди Шуравӣ дар  Ҷумҳурии Тоҷикистон низоҳои дохили сар заданд, ки баъзе аз манфиатҷуён ба гурӯҳҳо тақсим шуда, зери шиорҳои дуруғини исломи нақшаи ба даст овардани қудратро тарҳрезӣ намуда, сабабгори асосии ҷанги шаҳрванди дар мамлакат гардиданд.

 Новобаста аз зарари ҷони, иқтисоди ва молявӣ ки Ҷумҳурии Тоҷикистонро фарсахҳо аз таррақиёт қафо монд, мардуми шарафманду тамаддунофари тоҷик бо мақсади ҷилавгирӣ аз ба нести бурдани миллат  бо ибтикори Пешвои муаззами миллат Созишномаи истиқрори сулҳро ба имзо расонида гуруҳҳои мухолифро ба ҳам овард.

Ҳукумати мамлакат бо мақсади таъмини амну субот, ҳамаи бедодгариҳои намояндагони Ҳизби наҳзати исломро бахшида, ба онҳо дар системаи давлатдории Тоҷикистон вазифаҳои пурмасъул пешниҳод намуд.

Фаъолияти сиёсӣ дар мақоми олии қонунгузорӣ, бахшидани гуноҳҳо, таъин намудан дар вазифаҳои пурмасъул ва авфи умуми силоҳбадастони наҳзатӣ аз тарафи Ҳукумати мамлакат барои наҳзатиён басанда набуд, ки баъди баргаштан ба ҳаёти осоишта аз пайи иҷроиши мақсадҳои ғаразноки худ гардиданд.

Ин раванд исбот намуд, ки наҳзатиён ба зиндагии орому осоишта таваҷҷӯҳ надошта, дар пиндорашон танҳо қатлу куштор, ихтилоф, ҷаҳолат, ваҳму ҳарос ва даҳшатро мепарастанд, чунки онҳо аз маданият, илму фарҳанг дур монда, танҳо барояшон ғояҳои экстремисти ва террористӣ қобили қабул аст.

  Дар ҷанги дохилии Тоҷикистон, ки бо ибтикори Ҳизби наҳзати Ислом  оғоз гардида зиёда аз 5 сол давом кард, 160 ҳазор кушта 200 ҳазор маъюб 80 ҳазор ятим 10 миллиард доллар хисороти молявӣ ба ҷой гузошт, ки мардуми шарафманду тамаддунофару ориёитабори тоҷик асрҳои аср инро фаромуш нахоҳад кард.

Ҷумъа Мастибеков, нафақахур,

 сокини шаҳри Хоруғ

Search