Гулбиддин Ҳикаматиёр кист?

Таърихи 30 соли охири давлати Афғонистон шахсиятҳо ва сиёсатмадорони навро рўи кор овард, ки дар роҳи созандагиҳои азим нақши муайян доштанд. Аммо боз ин давра шахсиятҳои манфиро низ ба арсаи таърих овард, ки дар таърих бо вайронкориҳо ном бароварданд ва яке аз онҳо роҳбари ба ном Хизби Исломии Афғонистон Гулбиддин Ҳикматёр мебошад, ки барои ваҳшигариҳо ва гулулборон кардани шаҳри Кобул дар давраи ҳукумати Раббонӣ лақаби «қассоби Кобул»-ро гирифта буд . Соли 1994 дар натиҷаи муковимати худ бо ҳукумати Раббонӣ, Гулбиддини Ҳикматиёр фармон дод, ки шаҳри Кобулро ракетборон намоянд ва дар натиҷаи ин ваҳшигарӣ зиёда аз 4000 сокинони бегуноҳ кушта шуданд.

Баъди ба мувофиқа расидан бо Ҳукумати Ашраф Ғанӣ дар соли 2017, Гулбиддин Ҳикматиёр бо роҳи дурӯғ террористони байналмилалиро аз зиндонҳои Афғонистон ҳам чун аъзои ҳизби Исломии Афғонистон баровард. Мувофиқи суханони Атомуҳаммад Нур – волии шаҳри Балх (спутник tj 02/02/2018) ва вазири амнияти он давраи Афғонистон Муҳаммад Солеҳ, соли 2017, ҳангоми сафар ба Туркия ва Арабистони Саудӣ Гулбиддин Ҳикматиёр бо роҳбарони ташкилотҳои террористӣ ба монанди «Ҷабҳат-ан-нусра» вохурӣ дошт ва шояд озод кардани зиндониён маҳз оқибати ҳамин вохуриҳо буд. Чунин стратегияи сиёсати ин шахс бараъло мавқеи зидди миллии ўро нишон медиҳад.

Дар давраи Ҳукумати Ашраф Ғани, Гулбиддини Ҳикматиёр ҳаматарафа дар мусоҳибаҳои худ аз амалиётҳои террористӣ тарафдорӣ мекард. Дар рўзҳое, ки толибон ба беморхонаи шаҳри Кобул ва Донишгоҳи Кобул амали террористӣ содир намуданд, Гулбиддин Ҳикматиёр инро амалиёти ҷангӣ номид. Ҳатто вақте, ки дар фурудгоҳи шаҳри Кобул воқеаи марги одамон рух дод, Гулбиддини Ҳикматиёр онро «ҳодисаи ночизе» номид, ки дар қатори дигар ҳодисаҳои «бузург» (забти Кобул аз тарафи толибон) сазовори ёд карданро надорад. Ин суханони шахсе, ки синнаш аз 70 гузашт. Фардо дар пеши Худованд, чи ҷавоб медиҳад? Куштани одамони бегуноҳ магар амалиёти ҷангӣ аст? Магар таркондани донишгоҳ ва куштани донишҷуён амалиёти ҷангӣ аст? Дар ҳақиқат ин шахс парвои мардуми Афғонистон ва тамаддуни афғонҳоро надорад. Барои вай тамаддун чизеро намефаҳмонад. Ин сиёсати Ҳикматиёр як маънӣ дорад – рушанфикрон бигзор гурезанд, донишгоҳҳо баста шаванд ва  Афғонистон ба як урдугоҳи байналмилалии терроризм табдил ёбад. Танҳо дар чунин фазо шахсе ба мисли Ҳикматиёр барои худ машғулият пайдо мекунад. Имрўз хавф барои аз байн бурдан тамаддуни афғонҳо бештар аст, зеро қувваҳои ҷангҷў ба мисли Ҳикматиёр минбарҳоро соҳиб шуданд. Аммо боварии комил дорем, ки афғонҳо ба бунёди ҷомеаи асримиёнагӣ роҳ нахоҳанд дод  ва  ҷомеаи тамаддунпарвари худро ҳифз хоҳанд кард.

Кафедраи таърихи халқи тоҷик,

Донишгоҳи давлатии шаҳри Хоруғ ба номи М. Назаршоев

Search