Зиҳӣ Пешвои Миллат! ПЕШНИҲОДҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БАРОИ ҲАЛЛИ ҚАЗИЯИ АФҒОНИСТОН

- Тоҷикистон ҳама гуна намуди беқонуниро алайҳи мардуми Афгонистон, махсусан тоҷикон, узбекон ва дигар ақаллиятҳои миллӣ қатъиян маҳкум менамояд.
- Барои ҳалли фаврии мушкилот бояд ҳарчи тезтар як Ҳукумати фарогири инклюзивӣ бо иштироки ҳамаи ақалиятҳои миллӣ пеш аз ҳама тоҷикони Афғонистон, ки зиёда аз 46 фоизи мардуми ин кишварро ташкил медиҳанд, таъсис дода шавад.
- Сохтори давлатӣ дар ин кишвари ҳамсоя бо роҳи раъйпурсӣ ва бо дарназардошти мавқеи тамоми шаҳрвандони кишвар муайян карда шавад.
- Тоҷикистон ҳеҷ гуна ҳукумати дигарро, ки дар ин кишвар бо роҳи зулму таъқиб, бе дарназардошти мавқеъи кулли мардуми Афгонистон, бахусус тамоми ақаллиятҳои миллии он таъсис дода мешавад, эътироф нахоҳад кард.
- Тоҷикон бояд дар Ҳукумати ояндаи Афғонистон ҷойгоҳи шоиста дошта бошанд.
- Тоҷикистон тарафдори барқарории ҳарчӣ зудтари сулҳу субот ва амнияти Афғонистони ҳамсоя ҳаст ва  дар пешбурди ин раванд Созмони Милали Муттаҳид бояд нақши калидӣ дошта бошад.

Баёнияи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми мулоқоташон бо вазири корҳои хориҷии Покистон Шоҳмаҳмуд Қурайшӣ маҳкамтарин ҷавоби қонеъкунандаи  аҳли миллати тоҷик  дар муқобили зӯргӯёни пастфитрати афкори асримиёнагии толибон ва муздурони дигар мебошад.
Тоҷикистон,ки ҳамеша дар роҳи осоишӣ ва ободии давлати ҳамҷавор ва ҳамзабони худ Афғонистон кушиш ба харҷ додааст, аз давраи соҳибистиқлолии худ ин амали худро бо роҳбарии Пешвои муззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон даҳчанд афзудааст.
Маҳз Тоҷикистон дар даҳаи охири асри гузашта бо ҳамроҳии Қаҳрамони Миллӣ Аҳмадшоҳи Масъуд ва профессор Бурҳониддин Раббонӣ ва давлатҳои ҳампаймонашон дар муқобили толибони террорист мубориза бурдаанд.
Дифо аз ҳуқуқу озодиҳои тамоми тоҷикзабони дунё шарафи миллии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад,ки Ҷаноби Олӣ ин вазифаи пурифтихорро бо сарбаланди ба иҷро мерасонанд ва мо ҷавонони имрӯзаи Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳамеша ҳамроҳи Роҳбариати Олии кишвари худ мебошем!

Search