РАКЕТЁРИ МУСАЛМОНКӮШ ВА МИЛЛАТГАРО....

Дар тарҷумаи ҳоли Гулбиддин Ҳикматёр (Ракетёр) навишта шуда, ки ӯ 150 китобу маҷмуаҳо навиштааст, ки аксарашон дар мавзӯи Исломанд! Ин қотили мусалмонон дар январи соли 1994 барои гирифтани Кобул замоне, ки ҳукумати Афғонистон дар дасти ТОҶИКОН буд, Кобулро ракетборон кард, ки дар натиҷа 4000 мардуми МӮЪМИНУ МУСАЛМОНИ Афғонистонро кушт! Лақаби РАКЕТЁРро ҳам онҷо гирифт! Ҳоло, ки Ракетёр 150 китоб дар бораи Ислом навиштаст, ин мусалмонкӯши хунхор ба ин Ояти Қуръон чӣ «фатво»-ву ҷавоб дошта бошад?! Аллоҳ дар Қуръон дар Сураи Нисо, Ояти 93-юм, гуфтаст: «ВА ҲАР, КИ МӮЪМИНЕРО БА ҚАСД БИКӮШАД, ПАС, ҶАЗОИ Ӯ ДУЗАХ АСТ, ДАР ОН ҶОВИД БОШАД; ВА ХУДО БАР Ӯ ХАШМ ГИРИФТААСТ ВА ӮРО ЛАЪНАТ КАРДААСТ ВА АЗОБИ БУЗУРГ БАРОИ Ӯ ОМОДА СОХТАТ». Якум Оятро ба он хотир овардам, ки рӯзҳое, ки Ракетёр Кобулро мушакборон мекард, магар ИН КОРАШ БАРҚАСДОНА НАБУДУ НАМЕДОНИСТ, КИ МАРДУМИ МӮЪМИНУ МУСАЛМОНИ АФҒОНИСТОНРО ДОРАД МЕКУШАД?! Дуюм Оят ба он хотир буд, ки ҷонибдоронаш аз ӯ ҳатман дифоъ хоҳанд кард, чун ӯ ҳоло имоми масҷидесту толибон пушти сараш намоз мехонанд!

Ин миллатгарои гузаро дар тули тамоми умри сабилмондааш ДУШМАНӢ БА ТОҶИКОН ДОШТУ ДОРАД ВА БОРҲО БАР ЗИДИ ТОҶИКОН ҶАНГИДАСТ! Ҳоло, ки ин туда мегӯянд: «дар Ислом миллат нест», чаро пешниҳоде, ки «дар ҳукумати Афғонистон бояд ТОҶИКОН низ бошанд», ин қадар Ракетёрро ба ғазаб овардааст?! Аввалаш, ки ТОҶИК дар Афғонистон ақалият нест! Шояд 50% мардуми Афғонистонро ТОҶИКОН ташкил кунанд, чун даҳсолаҳо дар ин кишвар ба қайдгирии аҳоли гузаронида нашудаст!

Воқеан Ислом миллатро намешиносад, вале суолам аз ПАШТУТОЛИБОН ва ҷонибдоронаш ин аст, ки чаро дар ҳайати 12 нафараи ҳукумати ташкилкардаи толибон 1 ТОҶИКҲАМ НЕСТ?! Магар ТОҶИКОНИ Афғонистон мусалмон нестанд?! Ончи дар Афғонистон тулии 30 соли ахир мегузарад, ҷанги пашту бар зидди ТОҶИК аст! Паштуе, ки бо пуштибонии абарқудратҳо дар 20 соли ахир, ки дар Афғонистон ҳукумат кард, БЕҲТАРИНУ ФАРЗОНАТАРИН ТОҶИКОНРО аз Аҳмадшоҳ сар карда то Раббониву Фаҳим ва даҳҳо рӯзноманигорону сиёсатмадорону рӯҳониёнро кушт!

Муаллиф: Саидназаров Алиназар

Search