Изҳорот: Нооромӣ дар кишвари ҳамсоя моро дар хиҷолат мондааст

Мо кормандони шуъбаи маорифи ноҳияи Роштқалъа оиди вазъи кунунии Ҷумҳурии исломии Афғонистон ва бедодгариҳои толибон дар ин сарзамин изҳорот медиҳем, ки толибон ҳачун тоифаи хунхору бераҳм худро муарифи намуда бо ин амалу кирдорҳояшон мақсади давлат сохтанро доранд. Чӣ гуна ин тоифа мардум бо амалҳои ноустувори худ метавонад сари як миллати бузург давлате бунёд намояд. Гарчанде ин толибони бозичаи дасти хориҷиён бо роҳи хунхори қисми зиёди сарзамини ҶИА иҳота намудааанд ва мақсад доранд, ки вилояти охирини он вилояти Паншерро низ иҳота кунанд. Дар вилояти Паншери ҶИА ки тақрибан 95%-и онро тоҷикон ташкил медиҳанд ва сокинони ин вилоят мақсади бо ин гуруҳи тундрав ҳамоҳ шуданро намехоҳанд.

Аз расона ба мушоҳида мерасад, ки толибон гарчанде худро қувваи яктарафа баҳри озодӣ ва пешравии сокинони мардуми Афғонистон ба ҷаҳониён муаррифи мекунанд ва дар суханрониашон қайд менамоянд, ки дар миёни онҳо миллату қавм ҳама баробаранд аммо таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки ин суханони онҳо руяки буда, дар тамоми вазифаҳои масъулиятнок аз миллати паштун интихоб шуда истодаааст. Инчунин назари мо дар ин аст, ки дар Ҷумҳурии Афғонистон тақриба 46%-и сокинонро миллати тоҷик ташкил медиҳад вале дар вазифаҳои калиди аз ин миллат намояндаги интихоб нашуда истодааст. Ва мардуми вилояти Паншер, ки аксари онҳо тоҷик мебошанд намехоҳанд, ки бо толибон таслим шаванд.

Мо ҳамчун сокинони ВМКБ, ки дар ҳамсоягии  бо вилоятҳои ин сарзамини ҷангзада  истиқомат менамоем аз суханони Пешвои миллат Президенти ҶТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гуфтанием, ки ҷумҳурии Тоҷикистон ва мардуми ин сарзавмин ҳама гуна намуди беқонунӣ, зуҳуроти куштор, ғоратгарӣ ва таъқибу зулмро алаҳи мардуми Афғонстон, махсусан тоҷикон, узбекон ва дигар ақалиятҳои миллӣ қатъин маҳкум менамсоем. Мо аз номи кормандони шуъбаи  маорифи ноҳияи Роштқалъа ва сокинони ин ноҳияи чун ҳамсояи наздик ҳамеша эҳёи сулҳу суботи пойдорро дар Ҷумҳурии Афғонистон ҷонибдори менамоем ва хоҳони онем, ки ҳарчи зудтар дар ин сарзамин сулҳу суббот пойдор гардида ва мардум дар фазои ороми истиқомат намоянд.

Шуъбаи маорифи ноҳияи Роштқалъа

Search