Изҳороти Эмомалӣ Раҳмон - ин қавли мардонагист...

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот бо вазири корҳои хориҷии Покистон Маҳдум Шоҳ Маҳмуд Қурейшӣ гуфтанд, Тоҷикистон ҷонибдор аст, ки барои ҳалли фаврии мушкилоти сиёсиву амниятии Афғонистон бояд ҳарчи тезтар як ҳукумати фарогири инклюзивӣ бо иштироки ҳамаи ақалиятҳои миллӣ, пеш аз ҳама, тоҷикони Афғонистон, ки зиёда аз 46 фоизи мардуми ин кишварро ташкил медиҳанд, таъсис дода шавад. Дар айни замон Тоҷикистон ҳеҷ гуна ҳукумати дигарро, ки дар Афғонистон бо роҳи зулму таъқиб, бе дарназардошти мавқеъи кулли мардуми он кишвар, бахусус бидуни тамоми ақаллиятҳои миллии он таъсис дода мешавад, эътироф намекунад.

Ин изҳорот баргирифта аз мавқеъгирии оҳанин ва якрӯии Президенти Тоҷикистон аст, ки ҳамеша мегуфтанд, кишвари мо ҳеч вақт мардуми Афғонистонро танҳо намегузорад.

Ин изҳорот бори дигар собит намуд, ки Роҳбари давлати мо як сиёсатмадори оқилу дурандеш ва дар мавқеъи худ собит ҳастанд.

Дар шароите, ки ҷомеаи ҷаҳон Афғонистонро ба ҳолу ҳавои худ ҳаволаи тақдир кард, садо додани чунин як изҳорот миллионҳо тоҷикро дар кулли ҷаҳон бовар кунонид, ки бе пуштибон нестанд.

Аз сӯйи дигар, ин ки Сарвари давлати Тоҷикистон бо чунин як мавқеъи барҷаста баромад карданд, гапи танҳо дирӯзу имрӯз нест. Аз замоне ки Эмомалӣ Раҳмон ба қудрат расиданд, ҳамеша таъкид мекарданд, ки Тоҷикистон ҳеч вақт мардуми Афғонистонро танҳо намегузорад. Зеро ин кишвар на танҳо наздиктарин ҳамсояи мсот, балки он ҷо миллионҳо афроде зиндагӣ мекунанд, ки ҳазорсолаҳо роҳ бо мо решапайвандӣ доранд, ҳаммиллату ҳамдину ҳамзабони мо ҳастанд.

Ба ин маънӣ, ин изҳорот ва мавқеъгирии дирӯзаи Пешвои миллат бори дигар баёнгари он аст, ки Президенти Тоҷикистон масъулияти Пешвои тоҷикони ҷаҳон ва пуштибони тоҷикони ҷаҳон буданро ба дурустӣ дарк мекунад.

Он чӣ ки Эмомалӣ Раҳмон гуфтанд, баргирифта аз ҳамин масъулияти таърихиву башардӯстист.

Тоҷикистон, ки даҳшату ваҳшати теракту терроризмро дар вуҷуди худ, дар рагу пайванди худ эҳсос кардааст, ба хубӣ дарк мекунад, ки даҳшату ваҳшати “Толибон” камтар аз наҳзат нест. Балки ин ду ҳаракати террористӣ обхӯрдаи як мӯрӣ ҳастанд. Бинобар ин, ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳаққи маънавӣ надорад, ки он чӣ ки дар гузаштаи начандон дур ва ҳатто дар ҳамин рӯзҳои мо аъзову роҳбарони ин ташкилотҳо ба муқобили озодиву сулҳдӯстии инсонҳо карданд, ба фаромӯшӣ суорад.

Ҳамин тавр, он чӣ ки Эмомалӣ Раҳмон гуфтанд, ин паём ба тамоми ҷаҳон аст.

Ин қавли мардонагист, қавли марди росткор аст.

Мавқеъгирии якрӯёнаву ростини Тоҷикистон дар баробари Афғонистон боз аз ин ҷо ҳам бармеояд, ки дар ҳама мулоқоту музокироти сатҳи ҷаҳонӣ маҳз аз дидгоҳи сулҳу субот ва манофеъи мардуми он кишвар баромад мекунад.

Изҳороти пуровозаи Эмомалӣ Раҳмон дар суханронӣ ҳамнгоми чорабинии “Марз-2021”-ро ба ёд дорем, ки чӣ қадар пуштибонӣ ёфт. Ҳатто роҳбарони вақти Афғонистон, ки бешак, кори ҷиддиеро барои сулҳофарӣ дар ватани худ амалан анҷом надодаанд, ё анҷом дода натавонистанд, ба ин мавқеъгирии Эмомалӣ Раҳмон аҳсан хонданду онро намунаи олии башардӯстӣ маънидод карданд.

Аз сӯйи дигар, маҳз Тоҷикистон аз ҷумлаи нахустин кишварҳои ҷаҳон шуда, эълон кард, ки 100 ҳазор ва ҳатто бештар аз ин фирориён аз Афғонистонро қабул мекунад.

Ё низомиёни Афғонистон замоне ки ба хатару даҳшати “Толибон” рӯ ба рӯ гардиданд, аввалин шуда, маҳз дари Тоҷикистонро кӯбиданд, то пуштибонӣ ва паноҳгоҳи амн дарёбанд.

Имрӯзҳо, ки Афғонистон ҳар лаҳза дар панҷаи хатару таҳдидҳои террористӣ қарор дорад ва ин таҳдидҳо қабл аз ҳама, ба Тоҷикистону кишварҳои дигари ҷаҳон хатари мустақим доранд, неруҳои муқовимати таҳти роҳбарии Аҳмад Масъуд - ягонаписари Аҳмадшоҳ Масъуди афсонавӣ, чун куҳи устуворе дар Панҷшер побарҷо истодаанд, то ин ки ин хатарро пешгирӣ кунанд. Амалан танҳоянд. Гӯё тамоми ҷаҳон ба муқобили онҳо миён бастааст.

Аммо Тоҷикистон ҳаргиз ин корро накард.

Фикр мекунам, пуштибонӣ аз тоҷикони Афғонистон муҳимтарин қадаме буд, ки дар ин шабу рӯз гузошта шуд.

Даъватҳои гуногун оид ба дастгирии моливу маънавии тоҷикони Афғонистон ва бахусус, тоҷикони муқими Панҷшер, аз сӯйи афроди алоҳида зиёд садо медиҳанд ва ҳатто суратҳисобҳое кушода шудаанд. Аммо ин даъвату ташаббусҳо кофӣ нестанд. Пуштибонӣ аз тоҷики Афғонистон, дастгирии мардуми Панҷшер бо ҳадафи таъмини субот дар кишвари ҳамсоя ва сарҷамъии бародарони он сӯйи Ому чизе нест, ки танҳо гӯему нависем. Ҷонибдори ҷангу нооромӣ нестам, аммо ба ин назарам, ки пуштибонӣ аз тоҷикони Афғонистон, ҳадди ақал, дастгирии маънавӣ, ё ҳар навъи дигар дастгирие, ки тавонад ҷойгоҳи тоҷиконро дар он кишвар таҳти роҳбарии Аҳмад Масъуд ва тоҷикони бонуфузи дигар мустаҳкам ва пойбарҷо нигоҳ дорад, муҳим аст. Ин пуштибонӣ аз таъриху тамаддуни мост, даъват ба ваҳдату ҳамдилии мардумони ду тарафи сарҳад аст.

Search