Имрўз вазъияти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон мардуми сайёраро нигарон кардааст

Чун бо ин кишвар ҳамҷавору ҳамсояю ҳамзабону ҳамқавм ҳастем, албатта моро бетараф гузошта наметавонад. Медонем, ки 10 рўз боз гуруҳе, ки дар ҷаҳон онҳоро ҳамчун гуруҳи террористӣ мешиносанд, дар хоки ин кишвар ҳукмронӣ намуда истодааст. Медонем, ки инсон ҳар неъматеро метавон ба даст овард, магар номи неке, ки ба бадӣ машҳур аст. Гуруҳи «Толибон» гарчанде, ки бо василаю роҳҳои сиёсат бозии бархе аз кишварҳои ҷаҳон ба қудрат расида бошанд ҳам, наметавонанд номеро, ки бо амалкардҳои хеш аз худ кардаанд, дигар созанд, бехабар аз он, ки ҳар бозӣ ва ҳавас асбобе дорад ва асбоби бозии сиёсат боз он ҷони одамҳост, аз ҷумла ҷони ҳар як узви ин гуруҳ, ки идома дорад.

Ҳазорон хушӣ ҳаст, ки василаи он дар дасти худи мост ва яке аз он озодист. Имрўз, ки Ҳукуматдорони имрўзаи Афғонистон худро озод мешуморанд, бояд донанд, ки озодӣ вақте аст, ки ихтиёр ба дасти ақл бошад, на ба дасти сиёсатбозони бегонаю манфиатҷўён.

 Имрўз аз ҷониби ҷангҷўёни ин гуруҳ, ки аз кишварҳои ҷаҳон хостгори ҳамчун роҳбари кишвар ба расмият шинохтаашон гаштааст, амалҳое анҷом дода мешаванд, ки боварию эътимоди мардум ва давлатҳои абарқудратро вобаста ба ваъдаҳояшон коста гардонидааст.  Тавоноӣванекбахтииҳарқавмумиллатукишвар баста ба иттиҳодупайвастагииафроди онаст.

 Дар яке аз гузоришҳо намояндаи «Толибон» иброз дошт, ки масъалаи Панҷшер, ки ягона минтақаест, ки тасарруфи ин гуруҳ нагаштааст, бо роҳисулҳомезҳаллихудропайдохоҳаднамуд, аммо боз шикастани аҳдашонро ба худ раво дида, куштори мардуми як шаҳру кишварро ифтихор мешуморанд.

 Тибқи маълумотҳо зиёда аз 46 фисади аҳолии Ҷумҳурии Исломии Афғонистонро тоҷикон ташкил медиҳанд. Тоҷикон дар ин 40 соли муқовиматҳои зиёду гуногун бо мардони зиёди майдони набард ифтихор доштанд. Яке аз онҳо Аҳмадшоҳи Масъуд буд, ки шуҳрати ҷаҳонӣ пайдо намуда, номаш дар таърихи ҷаҳон ҳамчун шахси ватандўсту ватанпарвар, муборизи роҳи ҳаққу озодӣ сабт гардид.

Имрўз тоҷикони Афғонистон ва он мардуми озодихоҳи ақвоми дигари Афғонистон умед бар он доранд, ки зери роҳбарии фарзанди қаҳрамони миллат Аҳмадшоҳи Масъуд- Аҳмади Масъуд метавонанд, диёри худ, Ватани худ, зану фарзанди хешро аз бегонагону ҷангҷўён озод намоянд. Аҳмади Масъуд ҳам бар он бовар аст, ки метавонад он номи некеро, ки аз падар ба ў расидааст, чун ҷоми булўрин нигоҳдорад вадифоъ аз марзу бум ва халқи худ кунад. Ғолибан гуруҳе ё қавме, ки дар бало ва сахтӣ гирифтор бошад, рў ба баландист, вале гуруҳе, ки ба нозу неъмат расида бошад, рў ба пастӣ дорад. Ва мо низ боварӣ дорем, ки адолат ғолиб мебарояду он нафароне, ки ба миллати худу мардуми худ хиёнат кардаанд, ба ҷуз тамасхур подоше намегирад. Кишваре дар роҳи саодат аст, ки мардумаш бо роҳбарону саркардаҳои худ якдилу як ҷиҳат бошанд.

 Мо, тоҷикони Тоҷикистон, ки ҷанги шаҳрвандиро дидаю меваҳои талхи онро чашидаем, хостгори ҳарчи зудтар ба ҳам омадани мардуми Афғонистонем. Он рўзҳои сангину вазнинеро, ки мардуми мо аз саргузаронидаю мардуми ҷангзадаи Афғонистон гурезагони моро ба канор гирифтанд, фаромўш намесозем. Хизматҳою ҷоннисориҳои фарзонафарзандони тоҷики Афғонистон устод Бурҳониддини Раббонӣва Аҳмадшоҳи Масъуд дар роҳи расидан ба сулҳу оштӣ фаромушношуданианд.

 Ин аст, ки дар мубориза барои расидан ба озодию адолат ва сулҳу субот, ба мардуми Панҷшер ва муборизони ин роҳ дуо гўем ва ин мардум бояд бидонанд, ки мо агар натавонем, ки шаби тираи онҳоро равшан намоем, метавонем чароғи хонаро афрўхт, агар ба дарди ҳама натавонем расидан, дилеро метавон ба даст овард…

Search