Терроризм ва экстремизм яке аз масъалаҳои асосист

Терроризм ва экстремизм яке аз проблемаи асосии имрӯза буда, махсусан ҷавононро бо ҳар гуна ваъдаҳои бардурӯғи динию дунявӣ ҷалб намуда, онҳоро ба ҷараёнҳои террористӣ сафарбар менамоянд.  Террористҳо гурӯҳҳои хурде буда, ба ҷомеаи имрӯза бо ҳар гуна роҳ зиён мерасонанд.   Дар ҳар як сомонаи сиёсӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва ғаӣра мавзӯи асосӣ ба паӣвастани шахрвандон ба гурӯхҳои тундрав равона шудааст, ки ин яке аз мушкилоти асосии ҷомеаи имрӯзаи мо мебошад.  Дар замони муосир  сафи низомиёну ҷангиёни гуруҳҳои террориста аз ҳисоби ҷавонони ноогоҳу бесавод меафзояд ва ба назар мерасад, ки дар тамоми кишварҳо ҳамин гуна наврасони ба доми фиреб афтода кам нестанд ва  онҳо ҷони худро бехабар аз мақсаду мароми роҳбаронашон қурбон мекунанд. Ба назар мерасад, ки ноогоҳи аз асолати фарҳанги исломи ва камсаводи ҳамчун муҳимтарин омили гумроҳшавии ин ҷавонон аст.

Терроризм ба ягон дин, мазҳаб ё миллат хос нест. Бароӣ он ки дини мубини ислом минбаъд ҳамчун манбаи зӯроварию фишор қаламдод карда нашавад, мо бояд ба ҷаҳолат маърифатро муқобил гузорем ва ба ҷои муқовимати тамаддунҳо гуфтугӯи тамаддунҳоро ба роҳ монем. То замоне, ки инсоният ба ҳамкорӣ ва гуфтугӯи судманд муваффақ нагардад, хатари терроризм ва ифротгароӣ боқӣ мемонад. 

Дар замири ҷавонон ҳисси баланди миллӣ, эҳсоси худшиносиву ватандӯстӣ, ахлоқи ҳамида, сабру таҳаммул, омӯзиши илму дониш ва касбу хунари муосир, ҷиддаяту меҳнатдӯстӣ ва эҳтироми волоияти қонун ташаккул бояд ёфт. Онҳо дар оянда ҳамчун намояндагони сазовор ва шоистаи миллати хеш Ватани азизамонро дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ карда, рисолати таърихӣ ва эҳсоси масъулияти хешро дар баробари ниёгони гузашта, ҷомеаи имрӯза ва наслҳои оянда амиқ дарк намоянд, ба хотири тақкими давлату-давлатдорӣ, ҳифзи дастовардҳои даврони истиқпол, вахдати миллӣ, сулху субот ва рушди минбаъдаи иҷтимоиву иқтисодии Ватани азизамон тамоми нерӯи ақлониву ҷисмонии худро равона созанд.

Мо бояд ба наврасону ҷавонон фахмонем, ки бояд муттаҳид, якдил ва дастаҷамъ бошем, ба иғвои хоинон дода нашавем, тамоми кӯшишро ба харҷ  диҳем, то ин ки ватани худро аз дасисаҳои душманон эмин нигаҳ дорем. Ба насли наврас ва ҷавонон фаҳмонем, ки ҷиҳоди мо ҳифзу химояи ватан, обод кардани он, хизмати падару модар, тарбияи фарзандон, тарғиби некиву накӯкорист.

Омузгори фанни забони давлатии

МТМУ №2  Кудайберди кизи Миргул

Search