АҲМАДИ МАЪСУД - ҒУРУР ВА НОМУСИ МИЛЛАТ

Шикасти режими дурӯғини Аҳмад Ғанӣ, ки сулҳу ваҳдатро дар таъмин накард,фазои носолимеро дар Афғонистон бунёд кард.Ин режим ва сиёсати нопойдор Афғонистонро ба  дасти ҷабҳаҳо ва қумандонҳо дод. Ягонагиро дар байни аскарону афсарон таъмин накард.Худшиносии миллӣ , ҳувияти миллӣ ва бедории шуури миллиро таҳким набахшид.Аз ин лиҳоз ғояҳои давлатдорӣ мафҳуми аслии худро пайдо кардан натавонистанд.

Имрӯз бо ҳама шикасти азими давати Афғонистон тоҷикон чун миллати бо ғурур ва нангу номус режими толибонро пазирои накарданд. Панҷшер, ки саропо тоҷикнишин ва маскани мардони боғурур аст,лонаи муборизон таҳти фармондеҳии Аҳмади Маъсуд  ба муборизаи озодихоҳи камари ҳиммат барбастааст.

Аҳмади Маъсуд як тоҷики куҳистонист,ки саропо бо ғурури тоҷикӣ мусаллаҳ аст. Рӯҳи ин марди бузург шикастнопазир аст, зеро дар симои ӯ худшиносии миллӣ ва ғурури шикастнопазири миллати тоҷик ҳувайдост.

Ӯ падидоварандаи ягонгагии миллат дар мубориза ба муқобили толибон аст. Дар ин роҳ тамоми минтақа бояд такягоҳи ин тоҷики куҳистони Панҷшер бошад.

ШОЗОДА

Search