ПАЁМАДҲОИ ХИЛОФАТ БА МИНТАҚА

Маълум аст симои толибон то ҳол дар назари ҷомеаи ҷаҳони чи гуна арзёбӣ мешуд. Пайдо шудани толибон ҳамчун ҳаракати нав ва ба фаъолият пардохтанашон аз соли 1994  оғоз меёбад .Аз ин сол ин ҷониб ин ҳаракат ба қатлу куштор ва амалиётҳои даҳшатафканӣ  шуғл дорад. Имрӯз бошад ғасби давлати бегона ва таъсиси Аморат дар ин минтақа барои минтақа паёмади хуше надорад.

Маълум аст,ки толибон барои чеҳраи нав пайдо намудан дар арсаи сиёсат имрӯз тавозӯи худро нигоҳ медоранд. Аммо боварист ,ки таги ин коса нимкосае ҳаст. Фишор овардан ба ҳама гуна озодии занон ва таҳсилоти кӯдакон, ҷорӣ намудани ҳама гуна режими мухолиф ба ақоиди  миллӣ аз назарияи хилофи ҳувияти миллӣ хабар медиҳад.

Дар пайи ин ҳама носозгориҳо агар ин қавм давлати худро таъсис диҳад он яқин лонаи тероризм ва экстремизм хоҳад шуд. Дар он сурат ин на танҳо ба давлатҳои ҳамсарҳад балки ба дигар мамолик низ хатари бузургро фароҳам меорад.

Search