ТОЛИБОН - ҲАРАКАТИ ХАТАРЗО

Ворид гардидани толибон ҳамчун ҳаракати сиёсӣ дар ҷомеаи башарӣ тайи чандин сол аст,ки ҳамчун ҳаракати хатарзо муаррифӣ мегардад. Ин падидаи номатлуб,ки барангезандаи ангезаҳои нави сиёсӣ дар минтақа ва кулли ҷаҳон аст , имрӯз то андозае дар сиёсати хеш комёб гардид. Аммо ин маънои онро надорад, ки ӯ дар ин ҷода дастболо шуд. Бо  ғасби давлати Афғонистон ин қавм чеҳраи аслии худро ба намоиш гузошт.

Аз як тараф манофеи милливу қавмӣ аз ҷониби дигар равиш ва роҳи интихоби давлатдории эшон бархилдофи онҳо хоҳад буд. Бештари ин афрод пуштунтаборанд, аз ин лиҳоз аз манфиати ягонаи миллӣ орианд. Такя доштанашон ба манфиатҳои диннӣ ва мазҳабӣ  кафолати адолат ва устувории давлати онҳо нахоҳад шуд.

Тарафи мусбии ин дар он аст,ки ин баркаш кулли мардуми афғонро ба сӯи иттиҳоди ягонаи миллӣ хоҳад бурд.Хоҳ нохоҳ тамоми мардуми афғон муттаҳид хоҳанд шуд ва ин муборизаи миллӣ дарси худшиносӣ барои миллати афғон хоҳад шуд.

Маҳз орӣ будан аз ваҳдат ва иттиҳоди ягонаи миллӣ   миллати афғонро ба парокандагӣ ва мағлубият овард. Худшиносии миллӣ ҳанӯз дар ин қавм ташакул наёфта, фазои андешаи миллӣ маҳдуд аст.

Имрӯз мебинем,ки то андозае баъди ғасби толибон  андешаи миллӣ дар афкори мардум изҳор мегардад,ки ин падида навид аз ояндаи иттиҳод аст.

Search