БОЗГАШТИ ШЕРИ ПАНҶШЕР

Терроризм ва экстремизм яке аз проблемаи асосии имрӯза буда, махсусан ҷавононро бо ҳар гуна ваъдаҳои бардурӯғи динию дунявӣ ҷалб намуда, онҳоро ба ҷараёнҳои террористӣ сафарбар менамоянд. Террористҳо гурӯҳҳои хурде буда, ба ҷомеаи имрӯза бо ҳар роҳ зиён мерасонанд. Дар ҳар як сомонаи сиёсӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва ғайра мавзӯи асосӣ ба пайвастани шаҳрвандон багурӯҳҳои тундрав равона шудааст, ки ин яке аз мушкилоти асосии ҷомеаи имрӯзаи мо мебошад. Ба оташи андешаи ботили ин гуна шахсон аз гурӯҳи террористии «Давлати исломӣ» cap карда то ҳаракати “Толибон” ва ҳизбҳои дигари ба номи «исломӣ» равғани бештар мерезанд.

Тавре иттилооъ дорем гуруҳҳои тундрави Толибон, ки солҳо мақсади ғасби Ҳукумати конститутсионии Ҷумҳурии Исломии Афғонистонро доштанд, рузҳои охир ба мақсадҳои ғаразнок ва нопоки худ қариб, ки расида  мардуми дар тули таърих азияткашидаи афғонро боз аз сари нави овораву саргардон гардониданд. Имрўзҳо бошад даҳшатфикании Толибон ҳамоно дар Афғонистон идома дорад. Наворҳое пайдо мешаванд, ки дар он бо усули хона ба хона мардум таъқиб  ва қатл мешаванд, ҷангҷуёни ин  гурўҳои террористӣ духтарон зўран ба занӣ мегиранд ва ғайра. Ин ва дигар ихтилофкориҳои ин ҷангҷиёни ҳамоно дар ин кишвар идома ёфта, феълан тамоми қаламрави ин давлат ба ҷуз  водии Панҷшер дар тасарруфи онҳо қарор доранд. Ин минтақаи тоҷикнишин маъруф бо қуллаҳои баланд ва дараҳои  нишебаш дар беш аз чил  соли охир  ҳеҷ гоҳ дар баробари  ҳуҷумҳои мусаллаҳонаи гуруҳҳои Толибон таслим нашудааст. Имрўзҳо ҳам сокинони ин водӣ ҷойгир дар баландкўҳҳои Ҳиндукуш дар самти  150 километраи ҷануби Кобул, ба муборизаи нав омода мешаванд. Ин ҷанбаҳои муқовиматро писари шери Панҷшер Аҳмадшоҳи Маъсуд шерамарди тоҷик Аҳмад Маъсуд сарварӣ мекунад. Ин абармардон таъкид намуданд, ки Панҷшерро ҳимоя мекунад ва ҳам бахше аз онҳодар сафи нерўҳҳои  ҳукуматӣ дар ноҳияҳои дигар хидмат мекунанд.  Агар ба таърих назар афканем ҳимояи марзу буми худ аз аҷнабиён ин расми деринаи тоҷикон ба шумор меравад. Дар ҳар давраи таърихӣ тоҷикон ба муқобили аҷнабиён то лаҳзаи охири ҳаёт истодагарӣ намуда, Ватан-модари худро ҳимоя намудаанд. Мисоли ин гуфтаҳоро метавон дар вақти ҳуҷуми Муғулҳо ба сарзаминҳои тоҷикнишин ҳисоб намуд, ки мардуми тоҷик бо роҳбарии Темурмалики диловар то лаҳзаи охирон ба муқобили онҳо истодагарӣ намуд, гарчанде ки Муҳаммади Хоразмшоҳ дар пайи наҷоти ҷони худ шаҳр ба шаҳр фирор мекард.

Имрўзҳо ин рисолати аҷдодии худро тоҷикон дар ҳар як  гушаи дунё  идома дода истодаанд. Рисолати таърихиеро ки имрўз Аҳмади Маъсуд дар мубориза алайҳи гурўҳи тундрави Толибон дар Афғонистон баҳри ҳимояи марзи аҷдодии худ Панҷшер анҷом дода истодааст, қобилӣ дастгирӣ ва таҳсин мебошад. Ҳар як сокини Тоҷикистон  имрўз омода аст, ки ин бародарони ҳамтани худ, ки берун аз марзи мо қарор доранд, дастгирӣ намуда, дар ҳар як лаҳзаи мушкил дар паҳлўи онҳо қарор хоҳанд дошт. Мо омўзгорон таъкид менамоем, ки мо омода ҳастем дар сари ҳар як мушкилии бародарони берунмарзии худ бахусус бародарони дар Панҷшер ҳозир шуда, дасти мадати худро дарозхоем кард.

Саидасанов Ю.,омӯзгори кафедраи таърих ва ҳуқуқи Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев

Search