Изҳороти иттиҳодияҳои ҷамъиятии шаҳри Хоруғ

Мо роҳбарони иттиҳодияҳои ҷамъиятии шаҳри Хоруғи ВМКБ ҶТ рафтор, гуфтор ва кирдори ташкилоти террористии «Толибон»-ро бар зидди мардуми бумии Афғонистон асосан тоҷикон маҳкум менамоем.

Кирдорҳои роҳбарон ва аъзоёни ташкилоти террористии «Толибон» ба гуфторашон мутобиқат надорад. Онҳо зери номи «Ислом» амалҳои ғайри исломиву ғайришариатиро анҷом дода истодаанд. Ҳамзамон тамоми ҳуқуқ, озодӣ, эътиқод ва арзишҳои миллии тоҷикон аз ҷониби роҳбарон ва аъзоёни ташкилоти террористии «Толибон» поймол шуда истодааст. Толибон бо роҳи зулму ситам бе дарназардошти мавқеъи тоҷикони Афғонистон ҳукуматро дар ин сарзамин таъсис дода истодаанд. Ҳол он, ки тоҷикони Афғонистон беш аз 46 фоизи аҳолии ин кишварро ташкил дода, мардуми бумии ин сарзамин ба ҳисоб мераванд. Чи тавре Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллии – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомали Раҳмон қайд кардаанд: - «тоҷикони Афғонистон бояд дар ҳукумати ояндаи Афғонистон ҷойгоҳи шоиста дошта бошанд». Хотиррасон менамоем, ки тоҷикони Афғонистон шахсиятҳои бо ору номус, далеру ҷасур, бо фарҳангу маърифат ва  илму дониш мебошанд. Онҳо ҳеҷ гоҳ таслими ташкилоти террористии «Толибон» намешаванд. Ба роҳбарони ташкилоти террористии «Толибон» зарур аст, ки ҳуқуқ, озодӣ, эътиқод ва арзишҳои миллии тоҷикони Афғонистонро ба инобат гирифта, дар ҳукумати ояндаи Афғонистон ҷойгоҳи шоиста диҳанд. Зеро тоҷикони Афғонистон ҳуқуқи маънавии роҳбариро доранд.

Мо роҳбарони иттиҳодияҳои ҷамъиятии шаҳри Хоруғи ВМКБ ҶТ роҳбари муқовимати миллӣ ва фарзанди қаҳрамони Афғонистон Аҳмад Масъудро дастгирӣ менамоем ва омодаи расонидани кӯмаки худро дида истодаем. Аз тоҷикони ҷаҳон, ки беш аз 50 миллионро ташкил медиҳад даъват менамоем, ки роҳбари муқовимати миллӣ ва фарзанди қаҳрамони Афғонистон Аҳмад Масъудро ҳамаҷониба дастгирӣ намоянд ва ҳеҷ гоҳ роҳ надиҳанд, ки ҳуқуқу озодиҳаи тоҷикони Афғонистон поймол шавад.

Search