М. САДРИДДИН - НАМУНАИ БЕШАРАФИИ НАҲЗАТ

Ба фазои интернетӣ, ки воқеан озод аст, ҳар кас, масхсусан нафароне, ки худ сар то по дар гуноҳ ғӯтаваранду умрашонро ба пиёда кардани амалҳои ваҳшатангез сарф кардаанд, низ дастрасӣ доранд аз бефарҳангию бемаданияти худ ба арсаи олам ҷор мезанад. Аз ҷониби чунин ашхос на нашри иттилооти саҳеҳ, балки анвоъи иттилооти сиёҳ, аз ҷумла дасисаангезӣ, туҳматпароканӣ, таҳрифкорӣ ва нифоқаандозӣ ҷоиз дониста шудааст. Ин қабил палидону разилон мехоҳанд, ки ба ин восита ҳам мардумро саргарми дурӯғу туҳматҳояшон нигоҳ дорданд ва ҳам бо бадном кардани дигарон онҳоро шармсору беобурӯй гардонанд.

Чунин тарзу усули корӣ шеваи фаъолияти наҳзатиёни террорист ва идомаи амалҳои ноҷавонмардонаи эшон мебошад, ки имрӯзҳо дар хориҷ аз кишвар ба роҳ монда шудааст. Онҳо, ки «кӯри худу бинои кас»-анд, чун «забони ғарру дузд ҳамеша дароз аст» ва «гови бешир овози баланд дорад» амал карда, он ваҳшонияту даҳшатбориҳои хешро ба дигарон тарғиб менамоянд. Илова ба ин, бо сохтан ва бофтани афсонаю ривоётҳои дурӯғин тамоми ғояву ақидаҳои террористии худро зарур меҳисобанд.

Яке аз наҳзатиҳои фаъоли ифротпарокану дурӯғнавис Муҳаммадиқболи Садриддин аст, ки сомонаи хусусиаш “ислоҳ.нет”-ро ба майдони ибрози назару андеша ва паҳнсозии ҳама гуна хабару гузоришҳои зидду нақиз ва бедалелу ифротгароёна табдил додааст. Кулли навиштаҳои ин бешараф фарогири иғроқ, тавтеа, ҳангома буда, барои вайронкорӣ ва ихтилофангезӣ дар ҷомеи Тоҷикистон омода ва паҳн карда мешавад. Савол ин аст, ки чаро ҳисси миллатнохоҳиву инсонбадбинии ӯ то ин ҳадд боло аст? Чаро ин шахс то ин ҳад разил ва нотавону бегонахоҳ аст? Инҷо чандин омилҳо барои чунин шакл гирифтани шахсияти ӯ ҷой доранд.

Аввал ин, ки М. Садриддин дар оила ва гаҳвораи “гург” парвариш ёфтааст, зеро падараш Қаландари Садриддин аз саркардагон ва муассисони ҳаракати ифротӣ-террористии ҲНИ буд, ва писараш низ ҳамон хислати падарро мерос гирифтааст. Чун дар урфият гӯянд:

Гругзода оқибат гург шавад,

Гарчӣ бо одамӣ бузург шавад.

М. Садриддин чун дар оилаи тарбиятдида таваллуд нашуд ва дар мактабу донишгоҳ нахонд ва ҳеч гоҳ дар ин ҷомеа бо мардуму фузало нишасту бархост надошт, бинобар ҳамин шахсияташ чунин ифротиву беномосу бешараф шакл гирифт. “Бечора” М. Садриддин тарбияи хонаводаро надидааст, чун падар ба офкори хурофотӣ ва дар ҷустуҷӯӣ ҳоҷагони хориҷӣ барои ба даст овардани даромадҳои ҳангуфт, банд будаст, чӣ гуна аз он мо фарзанди солиҳ ва солим интизор шавем.

Баъдан, ӯ аз синни хурдсолӣ чандин маротиба зарбаҳои вазнини равонӣ дидааст. Ҳини навҷавонияш дар таги пойи муллоҳои ифротӣ бо меҳрубониҳои маҳрамонаи онҳо ба воя расидааст. Имрӯзҳо бошад, чокари роҳбари манқурти ТТЭ ҲНИ Кабириро бо меҳрубониҳои ҳамҷинсгароёнааш хурсанду мафтун менамояд. Оё марди солҳо таҷовузшуда метавонад рӯҳан солим бимонад?!  Ҷароҳатҳои равониаш барои як умр боқӣ монданд.

Азизшоев А, сокини н. Ишкошим

Search