Панҷшер калиди шикасти толибон хоҳад шуд

Новобаста аз кушишҳои ҳукумат Афғонистон дар самти ба эътидол овардани сулҳ, рӯз ба рӯз дар ин кишвар вазъияти амнятӣ мураккаб гардида, нерӯҳои тундрави иломӣ, Ҳаракати Толибон ва ташкилоти дигари террористӣ куштори шаҳрвандони мулкиро афзоиш медиҳад.

Ғайр аз ин, дар ҳоле, ки Ҳукумат фаъолиятро оид ба барқарорсозии сулҳ идома медиҳад, ҳатто дар давоми моҳи Рамазон ва баъд аз он низ, гурӯҳҳои террористии иссломӣ зӯровариро нисбат ба мардуми егуноҳ тақвият бахшидаанд. Ҳамзамон джар ҳафтаҳои охир террористони исломӣ амалҳои бераҳмонаро анҷом дода, дар натиҷа кудакону занон, пирону барҷомонагон ранҷу азоб мекашанд.

Фақат ягона вилояте, ки ба «Толибон» таслим нашудааст, вилояти Панҷшер мебошад ва роҳбариашро писари Қаҳрамони миллии Афғонистон ва сарлашкари маъруфи асли тоҷик Аҳмади Масъуд ба ӯҳдаи худ гирифтааст. Аҳмади Масъуд дар маросиме, ки дар сари қабри падараш баргузор гардида буд, оғози фаъолияти сиёсии худро расман эълон кардааст. Даҳҳо ҷонибдорон ва ҳамватаноне, ки пешвои афсонавии муҷоҳидинро ёд мекунанд, барои дастгирии Масъуд омаданд.

Бо вуҷуди ин, пас аз солҳои тулонии зиндагӣ ва таъсил дар ғарб, Масъуд ҳоло ҳам таҷрибаи сиёсӣ надорад, аз ин рӯ дар кишваре, ки дар давоми чиҳил соли охир танҳо ҷанг ва харобкриро дидааст, мубориза бо вазифаҳои низомӣ-сиёсӣ душвор хоҳад буд. Ҳамон тавре, ки барои падари машҳури ӯ, ки ҷони худро дар мубориза барои озодии Афғонистон гузоштааст, осон набуд. Аммо Масъуд мутмаин аст, ки новобаста аз он, ки агар шумораи зиёди одамон дар мубориза бо толибон бархезанд, вазъро тағйир додан комилан имконпазир хоҳад буд.

Мо ҳам ҳамсарҳадони Афғонистон дуо мекунем, ки ба чунин фарзонафарзандон, ки ҷони худро дареғ надошта Ватани азизи худро мардонавор аз душман муҳофизат мекунанд.

Search