Сулҳу ваҳдат мехоҳем…!

Мо ҷавонони Бадахшонӣ фоҷеаи бар сари мардуми дусту ҳамҷавори кишвари Афғонистонро нодида наменигарем. Зеро имрӯзҳо ба асари хуруҷи нерӯҳои эътилофӣ мардуми Афғонистон дар остонаи фоҷеаи гуманитарӣ ва ваҳшоният қарор доранд.

Вазъи мураккаби хатарноке, ки тайи рӯзҳои ахир дар ин кишвар ба вуқӯъ омадааст, танҳо мушкилоти мардуми Афғонистон нест, балки таъсир ва паёмадҳои он яке аз масъалаҳои мубрами минтақавӣ ва ҷаҳонии имрӯз аст.

Мо ҷавонони бадахшонӣ, ки дар фазои орому осудаи кишвар, миёни кўҳҳои сарбаафлок зиндагии рӯзмарраи худро пеш мебарем, ҳама гуна намуди беқонунӣ, куштор, ғоратгарӣ, таъқибу зулм, таҷовуз, истисмор ва зулмро алайҳи мардуми Афғонистони ба мо ҳамсоя, махсусан тоҷикон, ӯзбекон ва дигар ақалиятҳои миллӣ, ки аз ҷониби аъзоёни ҳаракати «Толибон» содир гардида истодааст, қатъиян маҳкум менамоем.

Дар кишвари ҳамсояи ба мо дӯсту бародар ақалиятҳои миллӣ пеш аз ҳама тоҷикони Афғонистон зиёда аз 46 фоизро ташкил медиҳанд, ки ин тавсеа шаҳодати он аст, ки дар Афғонистон тоҷикон бояд соҳиби ҳокимият бошанд.

Модоме, ки солҳои аввали 90-ум ро ба хотир орем, чӣ давраи ваҳшонимят ва мудҳишоте буд он солҳо? Фарзандони бе падар, занон бе шавҳар ва аз ҳама хатари мудҳиштарин ин буд, ки тољик бе Ватан монданаш қариб буд. Миллионҳо ҳамватанони мо тарки хоки Ватан карда, ба кишвари ҳамсоя ҶИА гуреза шуданд.

Сокинони шарифу сарбаланди кишвар маҳз ҷавонони Бадахшон ба ҳељ ваљҳ ҳукумати дигареро, ки бо роҳи зулму таъқиб ба сари қудрат меояд, ҷонибдорӣ нахоҳад кард.

Сарфи назар аз душвориҳо ва вазъияти мушкили сиёсиву амниятӣ як зумра ҷавонмардони шуҷо ва ғаюри тоҷикони Афғонистон дар иҳотаи фарзанди Қаҳрамони миллии Афғонистон Аҳмад Масъуд ҷамъ шуда, муқобили амалҳои таҷовузкоронаи “Толибон” истодагарӣ ва муқовимат нишон дода истодаанд, ки боиси таҳсин ва ибрат аст.

Ба андешаи мо ҷавонони бадахшӣ, дар  дунё мусалмонӣ вожаи ҳизбӣ, ҳаракати исломӣ ва гурӯҳ бояд набошад, маънии мусалмонӣ дар дар эътиқод,  дили поку бекина, одамгарӣ, инсондӯстӣ, илму фарҳанги баланди инсонӣ ва осоиштагӣ аст. Дин пок аст!. Ҳизб бошад сиёсат. Аз мусулмони асил ҳељ гоҳ набояд тарсид.

Муроҷиати  ҷавонони Бадахшон

Search