"Толибон" - мавзӯе нав барои саргармии хоинони миллат

 Инак, як ҳафта беш аст, ки Кобул дар баробари нерӯҳои мусаллаҳи "Толибон" суқут кардааст. Бо ворид шудани мулло Абдулғанӣ Бародар ба пойтахти Афғонистон суханҳо аз ташкили ҳукумати ҳамашумул меравад. Гарчанде"Толибон" ваъдаҳои зиёди амниятӣ, ҳуқуқӣ ва сиёсӣ додаанд, вале мардум начандон бовар дорад. Зеро ин ҳаракати ифротӣ собиқаи зиёди ҷиноӣ ва даҳшатофариро дар солҳо 1996-2001 аз худ ба мерос мондааст. Мардум он рӯзҳоро ҳанӯз ҳам фаромӯш накардаанд.

 Ғасби безадухурди Кобул аз ҷониби " Толибон" акнун ба мавзӯи "таҳлилу баррасӣ"-и хоинони миллати тоҷик табдил ёфтааст. Аз ҳар зовия хоинони миллат мекӯшанд, ки масъала ба дидгоҳ ва идеологияи хашини онҳо наздик таҳлил гардад.

Берабту беҷиҳат кӯшиш мекунанд, ки ин қазияро тавре ба Тоҷикистон алоқаманд намоянд. Вазъияти Тоҷикистон ва Афғонистонро муғризонаю дағалона ҳамсон қаламдод месозанд, ки ин аз тинати нопоку дилҳои пур аз кинаи ин хонон дарак медиҳад. Ҳолату вазъият ва воқеаҳои дар Афғонистон ҷараён доштаро бо Тоҷикистони орому осуда муқоиса кардан, ба чанор каду пайванд кардан аст. Яъне, чунин баррасии масъала ҳеҷ созгору мувофиқ нест ва ин "таҳлилгарон" - и хоин ба дарахти чанор каду пайванд кардан мехоҳанд.

Шабонарӯз тавассути сомонаҳои ифротии худ чун payom.net, bomdod.com isloh.net ва ғайра ба масъалаи Афғонистон часпидаанд ва аҳмақонаю аблаҳона онро бо Тоҷикистони тинҷу ором муқоиса карда истодаанд. Хусусан, дар ин масъала payom.net аз худ " фаъолияти назаррас" нишон дода истодааст.

Муқоисаю ҳамсонсозии Тоҷикистон бо Афғонистон аллакай худ нишонаи возеҳи аҳмақӣ, аблаҳӣ ва разилию бадхоҳ будани ин тоифаи пасти манҳус аст. Хиёнату ҷиноят дар хуну рагҳои ин гурӯҳи экстремисту террорист ҷараён дорад. Чӣ хеле, ки мегӯянд: " феъле, ки ба шир омад, бо ҷон якҷо мебарояд".

Яъне, ин хоинон то дами марг хоин боқӣ хоҳанд монд ва ин миллат набояд бори дигар ба онҳо бовар кунад!

Амиршоев М.

Search