Роҳи Истиқлол

Таърихи халқи тоҷик саропо пур аз воқеоти ғамангези таърихиест, ки борҳо зери қатлу ғорати душманон қарор гирифта, барои истиқлолият ва озодии марзу бумаш, фарзандони ҷонсупораш муборизаҳо бурдаанд. Муборизони ин роҳ Спитамен, Шерак, Муқаннаъ, Абумуслим, Восеъ, Темурмалик ва дигарон дар ин роҳ хизматҳои бузургеро анҷом дода, номи худро дар таърихи миллат абадан нақш бастаанд. Онҳо пешвоёне буданд, ки дар рӯзҳои барои халқу Ватан вазнин ин сахтиҳоро бо умеди дигарон бар дӯш гирифта, халқро барои расидан ба озодӣ ва истиқлолият ҳидоят намуданд.

 Муноқишаҳои шаҳрвандӣ, ки Тоҷикистонро ба гирдоби сиёсати ноҳамвор андохт, вазнинтарин рӯзгорон буд, ки фоҷиаи миллату давлатро ба бор овард. Бархе дар ин роҳ ҷиҳати носолимии афкори сиёсии хеш дар ин қазия ҳамрайъӣ доштанд. Душманони миллати тоҷик пайваста ангезаҳои нави сиёсиро ба майдон меоварданд. Роҳ ба сӯи сулҳу салоҳ рӯз ба рӯз тангтар мешуд. Ягона умеду орзуи мардум барбод мерафт. Системаи ягонаи идоракунии давлат аз байн рафта, бозори истеҳсолии кӯчагӣ равнақ ёфт. Иқтисодиёт куллан рӯ ба нестӣ оварда, қашоқиву ниёзмандӣ авҷ гирифт. Сиёсатмадорони хориҷӣ пайваста эҳтимолияти пош хӯрдани миллату давлатро пешгӯӣ мекарданд.

Ана дар чунин лаҳзаҳои гарону сахт шиҳоби нур марзи муқаддаси тоҷик ва дили фарзандони умедворашро гармӣ бахшид. Фарзанди фарзонаи миллат, ҷонсупурдаи роҳи адолат, ватандори асил Эмомали Раҳмон дар чунин лаҳзаҳои сангини тақдирсоз бори миллати азияткашидаи хеш ва меҳани дардманду афгорашро бар дӯш гирифт. Нахуст роҳҳоро кушод, минтақаҳои ҷудогонаи кишварро пайвастагӣ бахшид. Раводиди минтақаҳо оғоз гардид. Иттиҳоди ягонаи миллиро эҷод бахшид. Иқтисоди бозоргонӣ дар рӯзгори аҳолӣ марҳилаи нави созгорӣ ва ҳамбастагиро эҳё намуд. Худшиносии миллӣ, ҳисси ватандорӣ, бедории шуури ҷомеа марҳилаи навинро оғоз намуд, ба суи ваҳдати кул ва истиқлоли умум. Маҳз ваҳдат сулҳу суботро дар ҷомеа таъмин намуда, заминаҳои боэътиборро баҳри рушди ҳамаҷонибаи хоҷагии халқи мамлакат муҳайё кард.

Тавлиди фазои ягонаи миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ваҳдати умумиро раҳандозӣ намуд ва ин падида истиқлолияти давлатиро ба бор овард. Соҳибистиқлолии кишвар барои рушди тамоми соҳаҳо шароит  ва имкониятҳои мусоид фароҳам овард.Сарвари давлат дар ин майдони дастоварди бузурги миллат офтобест, ки ҳамеша нури умедбахшашро баҳри ҳидояти он суи қуллаи мурод равон медорад.

Он рӯзи нек ҳеҷ гоҳ аз лавҳи хотири  хурду бузурги миллати тоҷик дур нахоҳад шуд. Ӯ рӯзи ормонҳо,рӯзи анҷоми нокомиҳо, рӯзи пирӯзии рӯшанӣ бар зулмот аст, ки дар таърих ҳамеша боқӣ мемонад.Бастани паймони сулҳи тоҷикон навиди фараҳбахшу гуворое буд, ки милатро аз парокандагиву дар ба дарӣ раҳоӣ бахшид. Ин рӯз бо ҷонбозиҳои бемисли фарзанди ҷонсупори миллат раҳпнаврди роҳи адолат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ,Президенти кишвар,мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омад ва дар пайомади он ҳазорҳо тоҷикони оворву сарсон ба ватан баргаштанду ба зиндагии осоишта камар бастанд.

Марҳилаи аввали Ваҳдат имзои Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ буд, ки бо ризояти тарафайн ба даст омад. Пас аз анҷоми ин масъулияти бузург Президенти кишвар дар роҳи бунёди ҷомеаи навин  гомҳои нахуст ниҳод.Дар кӯтоҳтарин муддат мушкилоти иқтисодии мардум рафъ гардид.

Дурнамои рушди иқтисодӣ ва сиёсии давлат дар шароити бӯҳрони сиёсӣ пайгирӣ гардида,дастовароди бузурге насиби миллати тоҷик гардид. Мустаҳкам намудани риштаҳои Ваҳдат бо роҳи худшиносии миллӣ, ифтихори миллӣ ва эҳсоси ватандорӣ дар замири ҳар як фарди тоҷик беҳтарин василае буд,ки ваҳдати миллиро таҳким бахшид.

Эҳёи фарҳанги миллӣ низ яке аз заминаҳои воқеии худшиносии миллӣ маҳсуб меёбад. Аз ин лиҳоз, Асосгузори сулҳу ваҳдат, Пешвои миллат, Президенти кишвар мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзи нахуст ин масъалаи миллиро дар мадди нахуст гузошта, бо ин васила шинохти миллатро дар арсаи ҷаҳон таъмин намуд. Сиёсатмадорони олам аз рӯзҳои аввал аз падид омадани сиёсатмадори тоҷик,ки барои тамоми оламиён метавонад хизмати босазое анҷом бахшад,хабар доданд. ки аз минбарҳои олам масъалаҳои ҷаҳониро мавриди таваҷҷӯҳи ҳамагон қарор дода, диққати ҷомеаро ба дарёфти ҳалли масоиле равона намуд,ки ин пешниҳодоти муҳим барои тамоми башар  ниҳоят муҳим арзёбӣ гардид.

Бо роҳи мусолиҳатомез ҳалли масъалаҳои Афғонистон,Барномаҳои  соҳадори муҳити зист, Барномаи доманадори Оби тоза ва дигар мушкилоти сайёра аз қабили ин барномаҳо ба шумор меравад, ки амалиёти онҳо доманадор идома дорад. Раванди пешниҳоди ин масоили  рӯз чун масъалаҳои сиёсии ҷаҳонӣ аз тарафи ҷомеаи ҷаҳон  некӯ истиқбол гардид.

Хизматҳои арзишанди Сарвари давлати тоҷикон натанҳо барои миллати тоҷик балки барои тамоми ҷаҳон арзишманд мебошанд.Аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ шинохтани Сарвари давлати тоҷикон ҳамчун ташаббускори масоили сатҳи ҷаҳонӣ бори дигар мақому манзалати Президенти кишварро дар ҷомеаи башарӣ афзун намуд,ки ин дар шинохти милату давлат нақши муҳим бозид.

Пӯшида нест,ки Президенти кишвар муаррифгари миллату давлати худ маҳсуб меёбад.Муҳимияти сиёсати Президенти кишвар дар  дуруст пеш бурдани сиёсати дохилиӣ ва берунии он ба нафъи миллату давлат арзёбӣ мегардад. Боиси сарфарозии  миллати тоҷик аст,ки Сарвари давлаташ ҷамчун сиёсатмадори сатҳи ҷаҳонӣ дар баррасии масъалаҳои сатҳи ҷаҳонӣ ширкат варзида, мактаби сиёсии худро дар Тоҷикистон таъсис дод, ки ҷаҳониён имрӯз онро мавриди омӯзиш қарор доранд.

Бо ин васила аз рӯзҳои нахусти ба арсаи сиёсат ворид гардидани Президенти мо дар дили мардум маҳбубиятро эҷод бахшид.Ӯ дар рӯзҳои мудҳиш барои миллат ҳамрозу ҳамдарди ӯ буд. Рӯзгорони сияҳро паҳлӯ ба паҳлӯ бо миллат сипари намуда, барояш неруву тавон бахшид. Пораи нонашро бо миллат бахш намуда,бо роҳи худшиносии миллӣ ӯро муттаҳид ва давлатро иқтидор бахшид. Ин ҳама заминаҳое буданд,ки Сарвари миллатро ҳамчун Пешвои миллат муаррифӣ намуда истиқлолияти давлатии ҷумҳурии Тоҷикистонро комилтар намуд. Имрӯз пӯшида нест, ки миллати тоҷик дар арсаи ҷаҳон чун миллати соҳибтамаддун ва созандаву бунёдкор арзёбӣ гардид.

Назарияҳои миллии давлатсозии ҷаҳониён собит месозад, ки истиқлолият ягона роҳи рушди манфиатҳои миллӣ буда, фазои ягонаи миллиро таҳким мебахшад.

Пайшанбе Шоҳзода

Search