Арзишҳои Истиқлолият ва Ваҳдати миллӣ дар қиёс бо бесуботиҳои Афғонистон

 

Истиқлолияти давлатӣ ва Ваҳдати миллӣ барои давлату миллати тоҷик бебаҳотарин дастовард ва бузургтарин неъмат маҳсуб мегарданд. Таърих гувоҳ аст, ки пас аз суқути давлати  Сомониён имкону заминаи таърихии барпо ва мустақар намудани давлати миллӣ дигар пеш наёмад. Вале ҷойи ифтихор аст, ки бо вуҷуди набудани давлат тоҷикон тайи асрҳои баъдина забону адабиёту фарҳанги пурғановати худро ҳифозат карда тавонистанд, яъне тоҷикон истиқлолияти маънавию фарҳангии худро аз даст надоданд, ки ин як рухдоди беназири таърихӣ аст.

Ба ин хотир, даст ёфтан ба Истиқлолияти давлативу миллӣ ба миллати тоҷик маънии бароварда шудани орзуву омоли чандинасраи ин халқро дорад. Ҳарчанд фарҳангу маънавиётро аздаст надода бошад ҳам, барои ин арзишҳои бузург давлати миллӣбояд мебуд, то онҳо мавқеияти шоистаи худро пайдо кунанду барои рушду нумӯяшон заминаи даркорӣ фароҳам ояд. Аз ин ҷост, ки даст ёфтан ба Истиқлолияти давлативу миллӣ худ як зарурати таърихӣ ва як амри ногузир буд. Ба ин маънӣ, Истиқлолият барои миллати тоҷик, бешак, гаронбаҳотарин ва арзишмандтарин дастовард ба шумор меравад. Ҷаноби Олӣ, Президенти кишвар мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Истиқлолияти тоҷиконро чунин баҳогузорӣ кардаанд: «Маҳз истиқлолият имконият фароҳам овард, ки мардуми Тоҷикистон тақдири худро ба даст гирифта, роҳи пешрафти минбаъда ва сарнавишти ояндаи сарзамини аҷдодии хешро мустақилона интихоб намоянд. Ба ин маънӣ, истиқлолият неъмати бебаҳо, мояи ифтихор, манбаи худшиносӣ, сарчашмаи нерӯбахш ва омили бунёдии таҳкиму тақвияти пояҳои давлатдории миллии мо мебошад.

Мо ифтихор дорем, ки истиқлолият пойдевории давлатдории миллиамонро гузошта, барои таҳкими он бо заҳмати мардуми сарбаланди кишварамон корҳои бузургро ба анҷом  расонидем ва имрӯз ба сӯи фардои осудаву обод устуворона қадам мегузорем».

 Вале таърих собит намуд, ки Истиқлолиятидавлативумиллиимобабаъзеабарқудратҳоиҷаҳонӣвадастнишондагонидигарионҳохушнаомад, зероонҳонаметавонистандманфиатҳоихудропиёдакунанд. Барои расидан ба ҳадафҳоинопокихудонҳодарТоҷикистоннизоимиллиробарангехтанд, китосоли 1997 идомаёфт. Дар ин миён тоҷиконибисёреҷонихудроаздастдодандуҳамватанонизиёде аз кишвар фирор намуданд. Ба бахти миллати тоҷикдаринайёмиҳассос, кимиллатудавлатхатариазбайнрафтандошт, фарзандифарзонаимиллатЭмомалӣРаҳмонзимомидавлатробадастгирифтвамиллатудавлатроазвартаимаргнаҷотбахшид. Баъди музокироти тӯлонӣсоли 1997 Созишномаи ризоияти миллӣва истиқрорисулҳбаимзорасидваВаҳдатимиллӣҳосилшуд. Инякпадидаитаърихиест, киамсолашдарсаҳифаитаърихиягон давлати дунё нест. Президенти мамлакат, Ҷаноби Олӣ ин маъниро хеле нозукона шарҳдодаанд: “«Ваҳдати миллӣ ҳамчун падидаи нодири даврони соҳибистиқлолии кишвар барои сарҷамъ намудани миллати дар ҳоли парокандашавӣ қарордоштаи тоҷик ва аз вартаи нестӣ раҳоӣ бахшидани давлати навини тоҷикон нақши басо бузургро иҷро кард.

Рӯзи ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ, яъне 27-уми июни соли 1997 барои мо, воқеан, оғози ҳамдигарфаҳмиву сарҷамъӣ ва фароҳам овардани шароит барои зиндагии орому осоиштаи халқамон мебошад.

Созишномаи умумӣ санади наҷоти миллат, кишвар ва давлати мо буда, натиҷаи музокироти қариб чорсолаи байни тоҷикон – мулоқоту машваратҳои роҳбарони давлат ва Иттиҳоди нерӯҳои мухолифин, заҳмати ҳайатҳои музокиракунанда, кӯшиши кишварҳои нозир ва мусоидати созмонҳои байналмилалӣ мебошад».

Тавре мебинем, Ваҳдати миллӣ маънии ҳамдигарфаҳмиву сарҷамъӣ, иттиҳоду бародарӣ дошта, заминаи мусоиде барои зиндагии осоишта ва рушди иқтисоду иҷтимоъ фароҳам сохт.

Ҳамакнун мо – ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ набояд фаромӯш созем, ки Истиқлолият ва Ваҳдати миллӣ неъматҳои бебадале мебошанд ва онҳоро арҷ гузоштану қадр намудан вазифаи маънавии мост. Дар ин радиф ҳифзи дастовардҳои Истилолият ва арзишҳои Ваҳдати миллӣ қарзи шаҳрвандии ҳар фарди баномуси кишвар маҳсуб мегардад.

Дар мавриде, ки қисмате аз дунё дар оташи ҷанг месӯзад, ин ҳар ду неъмат қадру манзалати бештаре касб кардаанд. Дур наравем, дар мамлакати ҳамсоя – Афғонистон 40 сол боз ҷангухунрезӣ қатъ намеёбад, дар ин миён даҳҳо ҳазор нафар куштаю миллионҳо нафар бехонумон гашта, ҳазорҳо – ҳазор шаҳрванд ин кишварро тарк намуданд. Ҳоло, ки толибон қудратро ба даст гирифтанд, боз ҳазорҳо – ҳазор нафар фирор карданианд. Ҳатто кор ба дараҷае расид, ки мардум ба боли ҳавопаймо часпида саро зер ба замин афтоданд ва ҷон доданд. Яъне, ваҳмутарсазтолибонбаҳаддест, ки мардум бо қиматиҷоназватан мегурезанд. Дар кишвари мо бошад, мардум пайи зиндагиву ободии рӯзгори худ аст, чунки дар мо тинҷиву оромист. Ҳамаи ин – шарофату баракати Истиқлолият ва Ваҳдати миллӣ мебошад, ки онҳо рӯз ба рӯз аҳамияти бештареро соҳиб гардида истодаанд. Вақте ки тинҷиву оромӣ ҳукм меронад, мешавад неъмату давлати аз ин бештаре орзу кард? Дар Фейсбук ҳафтае пеш як афғон гуфтааст, мо ҳам мехоҳем давлатамон тинҷу осуда бошад, вале мо мисли мардуми шумо Пешвое чун Эмомалӣ Раҳмон надорем. Вақте ки ин афғон ва дигар мардуми дар миёни оташи ҷанг қарордошта тинҷиву оромиро орзу мекунанд ва ҳасратмехӯранд, пас, мо ҳам бояд сар дар гиребони андеша фурӯ барему боз ҳам ва боз ҳам ба сари хулоса биёем, ки барои мо мевае ширинтар аз меваи истиқлол, бароямон неъмате хуштар аз ваҳдату сарҷамъӣ нест. Ин бесуботиву беназмие, ки дар кишвари ҳамсоя солҳои зиёд идома дорад, ҳеҷ гоҳ хости миллати афғон набуду нест. Кишварҳои абарқудрат баҳри манфиатҳои худ намегузоранд, ки ин миллати азиятдида ба давлати истиқлолу ваҳдат даст ёбад.

Мо миллати хушрӯзем, ки аз ин бало дар канорем. Аз ин рӯ, мо ҳама вақт Истиқлолияту Ваҳдати миллии аз ҳама чиз ва ҳама гуна сарват болотарро қадр мекунем, зеро аз ин ду неъмати гаронбаҳотаре сарвате набуду нест...

Улфатшоев Ҷангибек – муовини сардори

 раёсати маорифи ВМКБ, узви ИЖТ ва ИНТ

Search