Маориф омили пешрафти ҷомеа

Соҳаи маориф дар сархати сиёсати дохилии мамлакат чун соҳаи афзалиятнок мавқеъ гирифтааст ва дар рушду пешрафти иқтисодиву иҷтимоии кишвар нақши басо муҳим дорад. Ба ин хотир, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус,  Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди соҳа таваҷҷӯҳи рӯзафзун зоҳир намуда, дар ин росто тайи солҳои истиқлолият баҳри пешрафту равнақи соҳа хеле тадбирҳои судманд рўи кор омада истодаанд.Таъсисёбии Донишгоҳи давлатии Хоруғ дар ҳаёти илмӣ ва фарҳангии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ахамияти бузурги таърихи дошта, дар таърихи вилоят як саҳифаи нав кушод.

 Дар давоми 29 соли фаъолияти донишгоҳ шумораи донишҷўёни ба 3872 нафар расида, 344 нафар омӯзгор аз ҷумла 14 нафар доктори илм ва 57 нафар номзади илм ба таълиму тадриси онҳо машғул мебошанд. Донишгоҳ рӯи 58 ихтисос мутахассисонро омода менамояд, ки  ин бевосита аз таваҷҷуҳу ғамхории беназири  Роҳбарияти Олӣ кишвар гувоҳӣ медиҳад. Дар тули 29 сол зиёда 20800 нафар ба донишгоҳ дохил гардиданд, ки аз ин шумора 1337 нафарашон тибқти Квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд. Соли 1997 донишгоҳро аввалин маротиба 278 нафар хатм намуданд. Дар солҳои минбаъда теъдоди хатмкунандагони ин махзани илму маърифатро 17892  нафарро ташкил медиҳад. Хурсандиовар он аст, ки дар ин муддати начандон калони таърихӣ беш аз 50 нафар  хатмкунандагони донишгоҳ рисолаҳои номзадӣ ва докториро ҳимоя намуданд.

Дар умум, давоми панҷ соли охир донишгоҳ бо шарикони рушду муассисаҳои гуногун 50 созишномаю ёддошти тафоҳуми ҳамкориро ба имзо расонд. Дар ин муддат муассисаи таълимӣ бо 14 лоиҳаи байналмилалӣ ҳамкории судмандро тавсеа дода, зиёда аз 100 семинару конференсияҳои байналмилалӣ гузаронд. Бар замми ин, зиёда аз 120 нафар устодони донишгоҳ дар семинару лоиҳаҳои байналмилалӣ дар давлатҳои Олмон, ИМА, Ҳиндустон, Испания, Иордания, Австрия, Қиргизистон, Узбекистон, Қазоқистон, Португалия, Болгария, Руминия, Эстония, Туркия ва дигар давлатҳо иштирок намудаанд. Мавриди зикр аст, ки аз рўи  ин лоиҳаҳо ва барномаҳо дар донишгоҳ лабораторияҳо ва марказҳои илмӣ, аз қабили лабораторияи минерология ва петрография, лабораторияи канданиҳои фоиданок, ГИС лаборатория, синфхонаҳои инноватсионӣ, лабораторияи эксперименталии экологӣ, Маркази «Интеллект» барои донишҷўдухтарон, Маркази илмӣ-тадқиқотӣ барои донишҷуёни факултети иқтисод ва гармхона дар деҳаи Ҷелондӣ барои факултети биология  ташкил карда шуданд.

Сол аз сол маблғгузорӣ ба соҳаи маориф аз ҳисоби буҷети давлат  аз 13 533 000 ба 160 млн. зиёд карда шуда, музди меҳнати кормандони соҳаи маориф ба маротиба зиёд гардид. Дар вилоят бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз  ҳисоби тамоми сарчашмаҳо бо маблағзуроии афзоиш ёфта, 193 муассисаи таълимӣ дар доираи маблағи 349 млн сомонӣ сохта ба истифода дода шуд. Дар ин давра 4 адад бинои маъмурии шӯъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои вилоят  ва бинои Раёсати маорифи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо маблағи 26 млн сомонӣ сохта мавриди истифода қарор дода шуданд. Инчунин 4 адад кӯдакистон бо маблағи 16 млн 343 000 сомони сохта ба истифода дода шуд. Агар соли 1993 барои соҳтмони  муассисаҳои таълимӣ 3 млн 347 400 сомонӣ ҷудо шуда бошад, соли  2020  ин маблағ     252 млн 623 900 сомонӣ расонида шуд, ки ин таносуб 70 маротиба зиёдтар мебошад

Теъдоди муассисаҳои таҳсилоти умумӣ 313 ададро ташкил дода, аз онҳо 64 муассисаи таҳсилоти ибтидоӣ, 45 муассисаи таҳсилоти умумии асосӣ ва 204 муассисаи миёнаи умумӣ мебошад. Ҳамчунин, дар вилоят теъдоди муассисаҳои типии нав 2 адад буда, аз ҷумла 1 адад мактаби Президент= барои хонандагони болаёщат дар шаыри Хоруц ва 1 ададро литсейи Оцохон ташкил медиҳад.

Дар давоми  се соли охир  хонандагони  муассисаҳои таълимии вилоят дар  олимпиадаи фаннӣ аз фанҳои сикли табиӣ – риёзӣ  ва гуманитарӣ хонандагони вилоят 8 медали тилло, 31 медали нуқра ва 86 медали биринҷӣ ба даст оварданд, ки дар маҷмӯъ 125  медалро ташкил медиҳад ва дар таърихи худ соҳаи маорифи вилоят бори аввал ба чунин натиҷаи баланд даст ёфтааст. Инчунин, 82 нафар хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии вилоят дар олимпиадаи байналмилалии иштирок намуда, соҳиби  19 медал, аз ҷумла 3 медали тилло, 6 медали нуқра ва  10 медали биринҷӣ гардиданд.

Бо мақсади инкишоф додани фаъолиятҳо оид ба такмили ихтисос ва бозомўзии кормандони соҳа, баланд намудани сатҳи сифати таълиму тарбия дар мактабҳо, Филиали Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили тахассус ва бозомўзии кормандони соҳаи маориф дар ВМКБ бо созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла: Барномаи маорифи Фонди Тоҷикистонии Оғохон (ФТО), Хазинаи кўдакони СММ, Намояндагии Донишкадаи Осиёи Миёна дар Тоҷикистон, Оҷонсии Амрико оид ба Рушд (USAID), Институти «Ҷомеаи кушод» – Бунёди мадад дар Тоҷикистон ва ғайра, ҳамкориҳои садмандро ба роҳ монда, теъдоди зиёди омўзгорон ва кормандони соҳа  аз такмили ихтисос гузаронида шуданд.

Дар 30 соли охир дар донишкада беш аз 1500 адад курсу семинарҳо гузаштаанд, ки дар онҳо зиёда аз 37500 нафар омўзгорону дигар кормандони соҳаи маориф такмили касб намудаанд.

Мамадризо Алимшоев, муовини

ректор оид ба таълими ДДХ

Search