“ПАЙМОН” - И ГУМНОМ ВА ШАХСҲОИ ТАСОДУФӢ

Беҳуда нагуфтаанд, ки “аввал гиребони худатро бӯй кун!”. Кӯҳи камбудӣ, айб, нуқсон ва хатогиҳои худро надидану кӯчактарин иштибоҳи дигаронро “фил” нишон додан нишонаи инсонҳои муғриз, дилсиёҳ ва рӯсиёҳ мебошад. Як зумраи пасту кӯчаке, ки шаъну шарафи ватандориро бо кайфу сафои аврупоӣ иваз кардаанд, шабонарӯз ба қавле “дам” нагирифта аз номи миллат ҳангомаҳо эҷод месозанд. Худро намояндаи босалоҳияти миллат унвон карда, аз номи миллат корҳое анҷом медиҳанд, ки бар зарари  худи миллат тамом мешаванд. Ба қавли шоири шаҳири тоҷик Лоиқ:

  Ба номи халқ кушта шуд, умеду ормони халқ,

  Зи номи халқ бофта ҳазору як баҳонаро.    

Ин мисраъҳо маҳз барои касоне эҷод гардидаанд, ки имрӯз ба номи миллат “Паймон” – у “Созмон” – у “Гурӯҳҳо” сохтаанд ва баҳри решакан кардани миллат тамоми саъю талошашонро анҷом дода истодаанд. Маҳз ҳамин соҳибони “паймон” – ҳо буданд, ки дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ миллатро ба гирдоби ҷанги бародаркӯш тела доданд.

   Дар шабакаи ютубии “Паймони миллии Тоҷикистон” муовини ин паймони гумном – Алим Шерзамонов оиди коронавирус ва вазъи эпидемологии кишвар “фикру мулоҳизаҳо” – и худро иброз доштааст. Сар карда аз мавҷи аввали ин вирус то ҳол. Аҷобати  суханронӣ дар он аст, ки ин “муовин” ба осон набудани озод сухан гуфтан таъкид меварзад. Албатта, ҷаноби “муовин”, осон нест. Охир беҳуда нагуфтаанд: “кори ҳар буз нест хирман кӯфтан!”.

 Дар аҷабам, ки ин тоифаи нохалафи мардум миллатро чӣ фарз карда бошанд? Ҳазорон сол лозим аст, то гурӯҳу қабилаҳо ба халқият ва сипас ба миллат табдил шаванд. Яъне, миллат нуқтаи баланди камолоти инсонҳо ба ҳисоб меравад. Шумо боре фикр кардаед, ки кӣ ҳастед ва чаро миллатро сипар қарор дода, пушти ин вожаи муқаддат чӣ разолатҳоеро пинҳон мекунед. Аз номи миллат ва мардуми Тоҷикистон танҳо Президент ва Маҷлиси Олӣ ҳаққи сухан гуфтан доранд, на чун шумо ду – се почакандаи хоину овора!

  Бармегардем сари асли мавзӯъ, яъне сӯистифодаи ин тоифаи бадкор аз коронавирус. “Муовин” – и бесалоҳият иброз медорад, ки дар Тоҷикистон коронавирус бедод мекунад, аммо мақомот аз пайи гузарондани машқҳои омодагӣ ба 30 – солагии Истиқлолиятанд. Аз марги чанд чеҳраи саршинос ёдоварӣ мекунад ва иброз медорад, ки эшон бар асари гирифторӣ ба вирус ҷон бохтаанд. Албатта, чун ҳар вақта сӯистифода аз маргу мири дигарон ва ангушти иттиҳом дароз кардан ба сӯйи Пешвои миллат. Ба ин муовини бесалоҳият месазад чунин посух дод:

          Аввалан, дар Тоҷикистон вазъият он чуноне, ки шумо воҳима мекунед, баду вахим нест. Ин ҳама аз таваҳҳумот ва хаёлоти худи шумост!

          Сониян, ҳангоми омодагӣ ба ҷашни мубораки 30 – солагии Истиқлолияти давлатӣ тамоми чораҳои беҳдоштӣ гирифта шудааст ва то ҳол касе аз ихтиёриён ба ин вирус мубтало нагаштааст.

          Охирин, ин  ки аз дур нишаста санг ба сӯйи ин хоки муқаддас ва марзи родмардон партоб накунед, ки оқибаташ бароятон маргбор меанҷомад, зеро:

         

Ҳар кӣ бо душмании халқ равон аст чу баҳр,

Зуд бошад, ки сари хеш чу гирдоб хӯрад.

Амадшоева Н., таҳлилгар

Search