Ба хотири осудагӣ ва сулҳу субот набояд хомӯш буд

Асри 21 дар тамомӣ олам падидаҳои номатлуберо рӯи кор овард,ки ин падидаҳо фазои ҷомеаро ғуборолуда намуда, ба сулҳу амнияти минтақаҳо халал ворид намуд. Бо вуҷуди рушди маънавиёт ва болоравии тафакури афроди ҷомеа тавозуи солимияти он рӯ ба таназул ниҳода назари ашхоси ҷомеа низ тағйир ёфт. Аз як тараф ин ба авзои ҷомеа мансуб бошад, аз тарафи дигар таъсири муҳити маънавӣ ва ҷаҳонишавии босурат, ки манфиати  бархе ё давлатеро пеш меорад, тавозуи оромии ҷомеаро дигар месозад. Маҳз дар асри 21 заминаҳои воқеии ин раванд гузошта шуд. Пайдо шудани гурӯҳбозиҳо ва ҳизбу ҳаракатҳои мухталиф, ки ҳамеша дар паи манофеи худ даст ба ҳар гуна шӯру шар мезананд, сабабгори нооромиҳо мегарданд, ки ин нооромиҳо ашхоси манфиатҷӯйро сари қудрат оварда, муҳитро мубталои даргириҳои сиёсӣ мегардонанд. Ин қазияи норӯшан, ки мардумро ба майдонҳо кашида, муборизаи беамони сиёсиро вусъат мебахшад барои халқи тоҷик маълум аст.

Сиёсати ноҳамвор  баҳри ба даст овардани ҳокимият боиси сарсониву саргардонӣ ва парокандагии милат гардида, солимияти ҷомеаро барҳам зад. Ин амали носолим, ки бо нақшаи бегонагон амали гардид  хавфи аз байн бурдани давлати тоҷиконро ба миён овард. Аммо бо неруи созандаи фарзандони миллат ин хатари мудҳиш аз сари миллат афканда шуд. Миллати тоҷик бо роҳбарии фарзанди ҷонсупори худ  Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон имрӯз ба сӯи ояндаи нек раҳсипор аст.

 Аммо падидаи носолим, ки имрӯз ҷомеаро куллан носолим медорад, нигарониҳои зиёдеро ба бор меорад. Имрӯз пӯшида нест, ки 98- фоизи аҳолии Тоҷикистон мусулмон аст ва дар масоҷиди  Ҷумҳурӣ, ки теъдодашон зиёд аст озодона намоз мегузоранд. Фазои динӣ дар кулли ҷумҳурӣ озод буда, изҳори андеша ва тафакури шахсӣ низ мутобиқ ба меъёрҳои муқарар намудаи қонун дахлнопазир аст.

 Ислом худ дини покиву ростӣ, дини маърифату ҳикмат ва дорои ахлоқи баланд  буда, қатлу куштор, зулму истибдодро дар ҳама давру замон маҳкум менамояд. Ислом  пуштибони амали солеҳ, кирдори неки инсонист, ки аз даврони пайдоиш то ба имрӯз назарияи худро тғйир надода, ҳидоятгари инсон ба сӯи ростӣ,  худогоҳӣ ва сулҳу ваҳдат мебошад. Назарияи ислом моро ба  маърифати  инсо
нӣ,  парҳезкорӣ аз амали ношоиста ва покиву поктинатӣ мебарад. Ислом талқингари муттаҳидии муслимин аст, на аз парокандагиву дар ба дарӣ. Пас саволе ба миён меояд.  Оё Ислом ба ҳизб ниёз дорад? Магар исломро бе ҳизб намешиносанд? Чи зарурате  пеш омад, ки дар Тоҷикистон ҳизби нав бо номи Ислом таъсис ёбад?

Маълум аст, ки  мақсади ҳама гуна ҳизбҳо як аст,-ба даст овардани ҳокимият. Ана бо ҳамин ният шояд «Ҳизби назҳати  исломи Тоҷикистон» таъсис  ёфта  бошад.Дар Қурони азимушон  дар ҳеҷ оёте дар бораи ҳизб доштани ислом сухане нарафтааст. Ҳазрати Муҳаммад салалоҳи васаллам низ ин амалро дар ислом ҷоиз  надонистааст.

Ислом пок аз ҳама олоишҳо буда, ба ҳеҷ як такядору фармонфармо эҳтиёҷ надорад, вале  имрӯз дар ҷомеа  назарияҳои мухталифе  роҳандозӣ мегарданд,ки манзалати  исломро дар ҷомеаи мутамаддин паст зада барои мавқе пайдо кардани  ҳама гуна ангезаҳои сиёсӣ шароити мусоид фароҳам меорад. Ин рӯйдоди  ташвишовар, фарогири тамоми ҷомеа гардида,сол то сол манотиқи мухталифро дар тасарруфи худ медарорад. Бадбахтӣ дар он аст, ки ин ҳама даргириҳо имрӯз ҷавононро ба коми худ кашида, ба вартаи ҳалокат меандозад. Шояд вақти он расида бошад, ки  бори дигар роҳи тайкардаи ин ҳизби хиёнатпеша ва фиребоинро   ошкоро баённ дорем . Дар он сурат ин амал ба фоидаи ҷомеа буда, ҷавононро аз душмании ин афрод огоҳ менамояд. Инро бояд ҳар соату ҳар дақиқа такрор кард. Ба хотири осудагӣ ва сулҳу субот.

Шаҳриёр

Search