Тавъамсозии ислом бо террор – хизмати хирсонаи наҳзатиҳо

Дар давоми “мавҷудият” “доҳӣ”-ҳо, саркарда ва думравони ташкилоти террористии наҳзат таври муттасил мавқеъ ва манфиатҳои шахсӣ, гурӯҳӣ ва ҳизбиашро ҳимоя карда, дар ин раванд суииистифода аз дини ислом меҳвар буд. Ин тоифа  ба ҳеҷ ваҷҳ  барои ошкору рафъ  кардани мушкилиҳои ҷомеа аз усулҳои илмӣ истифода намебурданд  намебаранду, чунки одитарин фаҳмиши  дунявиро  надоранд.

Шоҳиди ҳол будем, ки ин тудаи хурофотзада дар пазманзари манфиатҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ худ бо сафсатапароканӣ  мардумро гумроҳ карданӣ буданд. Дар ин ҷода монеаи асосӣ барои  наҳзатиҳо ашхоси равшанфикр ба ҳисоб мерафтанд, зеро фарқияти зиёии комил аз наҳзати хурофотӣ дар мавқеи сиёсии онҳо зоҳир мегардид.

 Маълум аст, ки равшанфикр вобастагии ҳизбӣ надорад ва манфиати ягон ҳизби сиёсиро ҳимоя намекунад. Муҳимтар аз ин, равшанфикр барои ошкор кардани мушкилиҳо аз усулҳои илмӣ истифода мебарад. Ба ибораи дигар, аввал таҳқиқ мекунад ва баъд баҳогузорӣ.

 Аммо “аллома”-ҳои наҳзатӣ, ки аз донишу касбият бенасибанд, ба ҳеҷ ваҷҳ  чунин мавқеъро қобили қабул намедонистанд. Биноан, қатли нухбагони кишвар, хоса равшанфикрон барои наҳзатиҳо авлавият буд. Дар хусуси қурбониҳои ин раванд зиёд гуфтаанду навиштанд ва такрори онҳоро ҷоиз намедонем.

 “Доҳӣ”-ҳои қаблӣ ва саркардаи кунунии наҳзатиҳо гӯё намедонистанд, ки истифодаи дин, эҳсос ва эътиқоди динии мардум дар сиёсат ҷоиз ва раво нест. Дар ҳоле ки Ҳукумат барои  рақобати солим барои ҳизбҳо фазои мусоид фароҳам карда буд, наҳзатиҳо аз номи дину Худо мардумро ба истилоҳ манипулятсия карданд. Хоса, барои ба мақсадҳои муғризонаи худ  расидан калимаи «ислом»  дар таркиби номи хеле зиёд таҳриф ва суиистифода гардид.

  Барои ба мақсадҳои сиёсии худ расидан намояндагони  ин ташкилоти террористӣ на фақат аз номи Худо, расул, ислом ва ғайра истифода мебурданд, балки инчунин аз мафҳумҳое истифода мекарданд, ки дар замони муосир ва дар зеҳни авом маъруф ва муътабар ҳастанд, аз қабили демократия, озодӣ, баробарӣ ва монанди инҳо.

 Ин “усул” “обро лой карда, моҳӣ гирифтанд ва “хам-хам рафтани сайёд баҳри қатли мурғон” маҳсуб мешуд. “Нуктаи ниҳоӣ”-и ин раванд тавъамсозии ислом бо террор аст, ки моҳиятан хизмати хирсонаи наҳзатиҳо барои дини мубини ислом аст.

Бо дарки масъулият метавон гуфт, ки тасмимгирињо дар робита ба  ташкилоти террористии наҳзат комилан асоснок буда, тамоми ибтикори ба ин масъала рабтдошта дар доира ќонун сурат гирифтааст.

Ҳар як шахс тибқи талаботи Конститутсия ва арзишҳои умумиэътирофшуда вазифадор аст, қонунро риоя ва эҳтиром намояд, шахси гунаҳгор барои риоя накардани қонун ва содир намудани ҷиноят ҳатман ҷавоб гӯяд ва нисбат ба ҳеҷ кас набояд ягон истисно ҷой дошта бошад.

Яке аз проблемаҳои ҷаҳони муосир афзоиши хатари терроризм ва экстремизм мебошад, ки аксар маврид  зери ниќоби ислом роњандозї мегардад. Њол он ки дар асл  ислом бо терроризм ва ташкилотҳои экстремистӣ ҳеҷ умумияте надошта, баръакс таълимоташ зидди ин падидаҳои хатарнок нигаронида шудааст. Вале бо вуҷуди ин, қувваҳое ҳастанд, ки барои расидан ба ҳадафҳои сиёсии худ аз дини мубини ислом суиистифода мекунанд.

Дар ин маврид сухан на дар бораи муқовимат бо ислом ҳамчун яке аз динҳои ҷаҳонӣ, балки дар бораи мубориза бар зиддии моҷароҷӯён, ҷудоихоҳон, ғоратгарону роҳзанҳо меравад, ки ба дин ягон умумияте надошта, танҳо моҳияти ҷинояткориву моҷароҷӯии худро бо шиорҳои исломӣ пардапӯш мекунанд ва ба ин васила ба номи дини мубини ислом доғ меоранд. Шоҳиди он ҳастем, ки  давоми чанд соли охир бархе аз мамлакатҳои мусалмоннишин аз ҷониби баъзе давлатҳо ва доираҳои алоҳида ба майдони ҷанг ва намоиши қуввату тавоноӣ табдил ёфтаанд. Боиси нигаронӣ ва таассуфи ҳар фарди мусалмон бояд бошад, ки аксари ҳолат ба «осиёб» - и чунин давлатҳову гурӯҳҳо маҳз  кишварҳои мусалмонӣ «об рехта истодаанд».

   Коршиносон дар заминаи таҳлили амиқу доманадор ба хулоса омадаанд, ки қисмати аъзами  нооромиҳо, нифоқу низоъ, террор ва табадуллоте, ки давоми чанд соли охир дар кишварҳои мусалмонӣ сурат гирифтаанд, маҳз ба тафриқаандозиҳо миёни мусалмонон, истифодаи онҳо ҳамчун воситаи амалинамоии террор  ва мухолифати мазҳабӣ рабт доранд.  Аз он нигаронам, ки дар баъзе маврид зудбоварӣ ва побанди хурофот будани қисмате аз мардум омили асосии «ҳадафрас» шудани тасмимоти беруна  аст.

 Бегуфтугӯ, сатҳи маърифати сиёсӣ ва зиракии сиёсии шаҳрвандон дар ин ҷода нақши калидиро дорост. Агар мардум ин омилҳоро мадди назар дошта бошанд, он гоҳ амнияти давлату миллат низ халалнопазир аст.

 Хушбахтона, мардуми шарифи Тољикистон дигар ба сафсатањои гандумнамоёни љавфурўше амсоли саркарда ва “ҳаводорон”-и  ташкилоти террористии наҳзат фирефта нашуданду намешаванд.

Search