Ба ҳарфи душмани миллат набояд гӯш дод

Ҳанӯз дар шабакаҳи иҷтимоӣ Муҳамадиқболи Садриддин  ҳангомаҳои хаёливу  фиребгаронаи худро идома медиҳад. Афроди аз доми ин рӯбоҳи лаганбардор ноогоҳ аз нодони ба дом афтода, ба ҳарфаш гӯш медиҳанд ва гумон мекунанд,ки ин шаттоҳ мақоми ростин дорад.

Хонандаи гиромӣ бояд огоҳ бошад,ки ин ҳамон Муҳамадиқболи Садриддин аст,ки парда аз рҳяш бардошта шуд васимояш ба мардум айён гардид. Муддате хомӯш буд. Аммо боз ба гуфтор омад. Гуфтораш ҳама сияҳпошист. Сияҳпошӣ ба сари давлат ва миллат . Худро рост нишон медиҳад.

Аммо оё мор метавонад рост равад?

Ватанфурӯш ва хоини ватану миллат ,оне,ки думболи бегонагон аст ва барояш ватану миллат қадре надорад ба ҳарфаш гӯш додан мумкин аст?   Худ қазоват кунед. Чи қадар ҷавонон имрӯз пайи ин афрод рафта ба рӯ ба бероҳагӣ ниҳоданд. Аз падару модар ҷудо шуда , рӯ ба ғарибӣ ва бегонапарастӣ ниҳоданд.

Таълимоти Муҳаммадиқболҳо таълимоти душманона буда,нахустин кори эшон ин мағзшӯи ашхосест,ки ба онҳо эътимод мекунанд.  Нахустин ҳадафи эшон ин  шустани худшиносии миллӣ ва ватандорист. Нест кардани бедории шуури миллӣ дар ҷавонон яке аз вазоифи аввалияи ин бешарафон аст. Онҳо худро дӯст ва ҳамдами  мардум нишон медиҳанд ва аз худ сиёсатмадору таҳлилгар метарошанд.

Дар ин масъала раиси паймони дуруғчиён Муҳаммадиқболи Садриддин ва пайравонаш хеле фаъол мебошанд. Чашмони онҳо танҳо камбудиро мебинанд. Ягон дастоварди давлату миллатро на мебинанд ва на мешунаванд. Ҳол он, ки агар онҳо дар ҳақиқат «таҳлилгару ғамхори давлату миллат» бошанд, дар баробари баёни камбудиҳо дар баромаду мақолаҳои худ дастовардҳои давлатро баён намоянд. Бояд қайд намуд, ки барои ин қабил шахсон на манфиати давлату миллат, балки манфиати шахсӣ, яъне ба даст овардани пул дар ҷои аввал меистад. Лекин дар коре, ки маблағ ҷудо шудааст, ҳатман ҳисоботи хароҷот талаб карда мешавад. Бинобар ин ба ном «ғамхорони мардум», ки айни ҳол дар хориҷи кишвар қарор доранд, маълум, маълум ки пул кор карданро тавассути сиёҳ кардан ва паст задани давлати хеш ёфтаанд аз ин роҳи худ баргаштани нестанд. Ин қабил шахсон ба монанди Муҳаммадиқболи Садриддин ва дигар ҳаммаслакони ӯ масъалаи баррасишаванда аҳамият надорад, балки фоидаи аз он ба даст меовардаашон аҳамият дорад.

Агар зиндагиномаи ин мардуми сиёҳгароро варақ занем дар саҳфаҳои он ба ҷуз хиёнат дигар чизеро намебинем . Барои ин зумра ватан,миллат,шараф ва номус бегона ҳаст. Пас, ба ин зумра чӣ гуна эътимод бояд кард? Худро канор гиред, то ба чоҳи ин ватанфурӯшон наафтед.

Бояд донист ,ки шарафу номуси онҳо дар дасти хоҷаҳост. Онҳо шакархораҳое мебошанд,ки бо заҳр омехтаанд. Аз онҳо худро канор гиред.Ба ҳарфи онҳо набояд гӯш дод.

Шаҳриёр

Search