Ҷавонон бояд огоҳ бошанд

Ҷомеаи башарӣ имрӯз рӯ ба беҳбудӣ дорад, рушди ҳамаҷонибаи соҳоти мухталиф, ки баҳри беҳбудии рӯзгори инсон нигаронида шудааст рӯ ба инкишоф аст.

Шуури ҷамъиятӣ низ дар ин замина инкишоф ёфта, дарки равандҳои мухталифи ҷомеа дар он заминагузор мегардад. Тахаюлот, донишу шуури инсон боло гирифта, майли кашфи коинотро дорад.

Ҷавонон дар ин самт вазоифи меҳварӣ доранд, зеро онҳо ояндаи ин ҷомеаанд, ки имрӯз нигоҳе ба сӯи технологияи бегонаву худхоҳ доранд. Дар ин ҳасососияти ҷомеа, ки дастрасии васоити техникӣ бештар паҳн мегардад, ҷавонон боз дар ин паҳно раҳгузари нахуст маҳсуб меёбанд.

Воридоти иделогияи бегона дар шуури ҷавонон имрӯз бештар ҳис мегардад.  Бо вуҷуди ин ҳама дарки шуури сиёсии ҷомеа ва дастрасии воситаҳои иттилоотӣ, ҷавонони мо ҳанӯз майли қабул ва ҳамрайии онро доранд, ки хилофи шуури инсонианд. Яке аз ҳамин падидаҳо терроризм ва ҷиҳод аст, ки кунун тамоми давлатҳои Арабу Африка ва дигаронро фаро гирифтааст. Гурӯҳҳои ифроти дар ниқоби ислом бар сари мардуми бегуноҳ бадбахтиҳо мерезанд.

Ҷавонон бояд аз он огоҳ бошанд, ки рафтору кирдори ин афрод аз ислом фарсахҳо дур аст. Тероризм, қатлу куштор дар ҳеҷ як дин нест ва терорристро низ ҳеҷ дин пушту паноҳ будан наметавонад.

Масъулияту солимии ҷомеаи башарӣ имрӯз бояд дар мадии назари аҳли ҷомеа қарор дошта бошад ва аҳли ҷомеа набояд аз ин канораҷӯ бошад.  Ҳамагон бояд огоҳ бошанд,ки ҷаҳон имрӯз дар гирдоби қазияи азиму мудҳише гирифтор аст, ва ҳамагонро алайҳи он мубориза мебояд. Канораҷӯӣ аз он худро аз қисмати талхи афроди дигар бетераф нишон додан аст.

Президенти кишвар борҳо таъкид менамояд,ки «террорист на ватан дораду на миллат ва на давлату марзу бум. Ӯ танҳо хунрезиву кӯшторро ба бор меорад, ки хилофи қавоиди инсонист». Маҳз аз ҳамин лиҳоз ҳамагонро алайҳи ин зуҳуроти номатлуби ҷомеаи башарӣ дастҷамъона мубориза мебояд.

Ҷавонон дар ин роҳ бояд худро масъул донанд ва хешро аз ин ҳангомаҳои зиди инсонӣ дур доранд.

Тоҷикистон имрӯз дар марҳилаи рушди ҳамаҷонибаи хеш қарор дорад. Президенти кишвар,ҷаноби олӣ Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ башорат дод, ки Тоҷикистон ба марҳилаи нави рушди боэътимоди хеш ворид мегардад, ки он болоравии иқтисодиётро  таъмин хоҳад кард.

Имрӯз сохтмони корхонаҳои бузурги истеҳсолӣ нерӯгоҳҳои барқӣ ва дигар самтҳои хоҷагии халқи ҷумҳури дар марҳилаи инкишоф аст. Пӯшида нест, ки фардо  ҷумҳурии моро ояндаи нек дар пеш аст.

Ҳамаи ин пешрафтҳои боэътимод дар натиҷаи падидаҳои бузурги ба даст омада- сулҳу Ваҳдати миллӣ ва Истиқлолияти давлатӣ мебошанд, ки ҳама падидаҳои умедбахши мо аз он манша мегиранд. Ба қадри ин неъмати бебаҳо, ки сароғози ҳама накӯиҳост бояд расид ва ин ҷомеа, ки оромию осудагӣ серву фаровонӣ, озодию ободи дар он таъмин аст, бояд нигоҳ дошт.

 Ба қадри ин неъмати бебеҳои нисоният бояд расид ва онро ҳифз бояд кард. Мо даҳшати он рӯзҳои сахт, ҷудогию фироқ дар ба дарию хориву зориро чашидаем. Мо дар пояи тобути ҷавонмаргони хеш ба ҳам омада, занҷири муҳаббати хешро дар оташи фироқ сайқал дода ,дар косаи чашмони худ обу тоб додаем.

Заҳматҳое кашидаи Президенти кишвар дар ин роҳи муқаддас бигузор ҳамеша дар ёди фарзандони  ватан бошад. Имрӯз дар ҳоле, ки ҷаҳон дар гирдоби фоҷиабор гирифтор аст,моро мебояд,ки дар занҷири Ваҳдати хеш боз ҳам қавитар гардем, то ба неруи иттиҳоди мо газанде нарасад

Шаҳриёр

Search