ДИНДОРИ ИФРОТГАРО

Ҳазар аз ифротиён дар ҷаҳони муосир, дар баробари пешравии тамаддунҳо равандҳо манфию зиёнборе низ арзи вучуд мекунанд, ки ҳаёти бо амну осудаҳолонаи мардумро зери хатар мегузоранд. Боиси ташвишу нигаронист, ки саркардаггони бедодгари мусаллаҳ барои ба сафҳои худ ҷалб намудани шахсони бетаҷриба тамоми воситаҳои дастрас мекунанд. Онҳо бо ваҳдатҳои дурӯғии худ бар ивази ҷангҳои бемаьнӣ соҳиби молу сарвати бебаҳогардида, инсониятро ба вартаи ҳалокат мекашонанд.

Яке аз чунин шахсон Муҳаммадиқболи Садриддин мебошад, кибобаромадҳои худ дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва сайтҳо иинтернетӣ нисбати давлату ҳукумат ҳар гуна хабарҳоро паҳн намуда, нобоварии халқро нисбат ба Ҳукумати имрўзаи Тоҷикистон зиёд мекунад. Доимо давъои онро мекунад, ки ҳукумати конститутсионӣ дар пайи таҳқири у ҳастанд. Лекин мутассифона бештар дар кирдори худи ў ин  кирдорҳои номатлуби тафриқандозию сафсатахонӣ дида мешаванд.

Чаро ки бештари вақт ба дини мубини Ислом симои сиёсӣ дода бо ин восита мехоҳад худро андар миёни мардум муаррифӣ намояд, вале дар баромадҳои ў бештар тафриқаандозӣ ва ҷудоихоҳӣ дида мешавад. Ҳол он, ки Паёмбари Ислом фармудаанд: «Аз уммати ман нест касе, ки байни мусулмонон тафриқаангезӣ мекунад». Онҳое, ки ин иттиҳомро ба муқобили ислом нигаронидаанд, ғофил аз онанд, ки дини муқаддаси иллоҳӣ аз ибтидои зуҳури худ ва арзишҳои баланди ҳифзи ҷон, мол ва эътибори инсон ҳимоят мекунанд. Кирдори Муҳаммадиқбол ва ҳаммаслакони ӯ ҷуз талаби моли дунё нест. Онҳо доимо кӯшиш менамоянд, ки ин ё он воситаро истифода намуда кисаи худро пур намоянд.

 Чизи таассуфовараш ин аст, ки ин нохалаф манфиатҳоимиллииҳамзабонон ва ҳамдиёрони худро нодида гирифта, ба аъмоли ношоям доимо даст мезанад. Агар ба шахсияти ӯ боз назар афканем, маълум мегардад, ки ӯ як шахси нотавонбин ва хиёнаткори замони худ буда, барои амалӣ гардонидани ҳадафҳои нопоки хоҷагони хориҷиаш кӯшиш карда истодааст.

Боиси нигаронист, ки ин нохалафи даврон  нисбат ба арзишҳои миллию давлатӣ мавқеи бетарафӣ ва бегонапарастиро ихтиёр  намудаанд. Ин амал, ба раванди муттаҳидӣ ва якпорчагии кишвари азизамон монеа ба вуҷуд оварда, ба миллат ва давлати соҳибистиқлоли мо хатарҳо эҷод мекунад.

Бинобар ин мо бояд ба суханони чунин шахсон бовар надошта бошем, чунки ин гуна шахсон моро ба роҳи бад ҳидоят менамоянд.

Саидраҳмон Н.

Search