Қиссаи хиёнати наҳзат хотимаёфтанӣ нест

Ташкилоти террористӣ-экстремистии Ҳизби наҳзати исломӣ ҳеч вақт аз нақшаи ба гумроҳӣ бурдани сокинони кишвар ва роҳандозии нооромӣ бо ҳадафи тағйир додани сохти конститутсионӣ аз роҳи хушунат ва зӯроварии мусаллаҳона даст накашидааст.

Инро ҳукми ахири Суди ҳарбии гарнизони шаҳри Душанбе бори дигар собит намуд.

Тибқи ҳукми суд, масъулони ин Ташкилоти террористӣ-экстремистӣ бо як хизматчии ҳарбии Тоҷикистон ошкоро дар бораи инқилоб ва тағйир додани сохти конститутсионӣ аз роҳи хушунат ва зӯроварии мусаллаҳона суҳбат карда, ӯро барои ҳамкорӣ ташвиқ намудаанд ва ваъда додаанд, ки “интизор бошад, ба қарибӣ инқилоб оғоз мешавад ва онҳо сохти конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо роҳи зӯроварӣ тағйир дода, мушкилоташро ҳал менамоянд”.

Аз сӯйи дигар, инро, ки роҳбарону каллабӯрҳои ин ташкилоти террористӣ ҳанӯз ҳам ҳаваси бар сари миллати худ теғ кашиданро доранд, аз мантиқи суҳбатҳои ахири роҳбари ин ташкилот дарк кардан душвор нест. Ва ин ҳам, ки дар пасманзари амалиёти фаъолонаи гуруҳи радикалии “Толибон” дар Афғонистон ва ба наздикиҳои сарҳади Тоҷикистон фиристодани “Ансоруллоҳ” - қаноти низомии ТТЭ ҲНИ, роҳбари фирории ин ташкилоти террористӣ хеле фаъол шуда, ҳар лаҳза аз худ дарак додан мехоҳад, тасодуф буда наметавонад.

Инро бояд барои ҳамешагӣ дар ёд дошта бошем, ки аъзову роҳбарони ТТЭ ҲНИ ва шахсан роҳбари он ба миллати тоҷик адовату кинаи дерина доранд. Ин кинаву адоват ва миллатбадбинӣ баргирифта аз шармандагиҳоест, ки давоми 30 соли Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон думболаи наҳзатиҳо буд. На дар ҷанг ба зидди миллати худ муваффақ шуданд (ҳарчанд садҳо ҳазор касро сар буридаву оташ заданд, ҷасорат, озодихоҳӣ ва ғурури миллатро шикаста натавонистанд), чун ба ҳукумат ҳам роҳ ёфтанд, амалан, ба ҷуз кисапуркунӣ кореро анҷом дода натавонистанд, дар парламент ҳам буданду аз манофеъи шахсии худу бегонаҳо ҳимоят мекарданд, барои миллат мегуфтанду дар таҳхонаҳову торикиҳои шаб нақшаҳои табаддулот мекашиданд.

Замоне ки ин ҳама нокомиҳо паҳлӯ ба паҳлӯ бо онҳо қадам мезад, аз минбарҳои баланд ҳазён мегуфтанд, ки ҳукумати Тоҷикистон ва миллати тоҷик онҳоро намепазирад. Дуруст мегуфтанд, на он вақт, на ҳоло ва на ҳеч вақти дигар давлату миллати озоду озодипараст ба қотилаш дар паҳлӯи худ ҷой намедиҳад.

Ин мавзӯест, ки метавон соатҳо ҳарф зад, ҷилдҳои зиёд китоб навишт, садҳо филм офарид, аммо қиссаи хиёнатҳои наҳзат хотимаёфтанӣ нест.

Аммо чун гап сари роҳандозии инқилоб ё кушиши тағйири сохти конститутсионӣ дар Тоҷикистон аз ҷониби Ташкилоти террористӣ-экстремистии ҲНИ рафт, чанд нуктаро бояд дар ёд дошта бошем. Нахуст ин ки бояд диламон пур бошад, дар Тоҷикистон “тағйир додани сохти конститутсионӣ аз роҳи хушунат ва зӯроварии мусаллаҳона” ва он ҳам аз ҷониби ТТЭ ҲНИ сурат намегирад, балки ғайриимкон аст. Кушиши номуваффақе, ки соли 2015 сурат гирифт, инро собит кард. Ёдамон ҳаст, ки дар кутоҳтарин фурсат (ҳамагӣ чанд соат) пешорӯи ҷомеаи ҷаҳон сарафкандаву шарманда шудаву аз кишвар фирор карданд. Воқеан, ин кулминатсияи кинаву бадбинии наҳзатиҳо ба давлату миллати тоҷик гардид.

Баъдан, чорабинии умумимиллии “Марз-2021”, ки субҳи барвақти 22 июли имсол баргузор гардид, бори дигар ваҳдату якпорчагии давлату миллати тоҷикро пешорӯи хатарҳое чун ТТЭ ҲНИ ба намоиш гузошт. Дуруст, мақсад аз ин чорабинӣ санҷиши омодабошии ҷангии ин афсарону сарбозон буд. Аммо вуҷуди неруҳои хашинеро чун ТТЭ ҲНИ ва қаноти ҷангияш – “Ансоруллоҳ” ба ларза даровард. Миллат ва неруҳои озодихоҳаш нишон дод, ки бо як даъват омода аст, ҳама гуна хатароти аз терроризму экстремизм ва, бахусус, аз ин ташкилоту ҷангиҳояш барояндаро дар як они воҳид бо хоку хокистар табдил диҳад.

Ин ки ҳоло наҳзатиҳои фирорӣ нақшаҳои зиёде барои нобудии мо мекашанд ва ҳамзамон ба сарҷамъии мо бо ҳавасу ҳасад менигаранд, тавтеа бармеангезанд, ҷосусонашонро фаъол мекунанд, неруҳояшро ба наздикиҳои сарҳади мо мефиристанд, моро намеҳаросонад, баръакс, бар ҷасоратамон меафзояд.

Ин барои ҳамешагӣ бояд дар ёди наҳзатиён бошад.

Search