Аз мазҳабгароён алҳазар

Имрӯз дар ҷомеа падидаҳои номатлуб ва ангезандаи ҳама гуна моҷароҳои сиёсӣ торафт вусъат меёбад. Аз назари ҷомеашиносон марбут ба пешрафти ҷомеа андешаи сиёсии ҷомеа низ тағйир меёбад. Заминаҳои воқеии инро мо дар рӯзгори хеш дидаву чашидаем. Пас аз рукуди  Иттиҳоди шӯравӣ пеш аз ҳама андешаҳои мазҳабӣ ҳамчун воситаи барангезандаи ангезаи сиёсӣ зуҳур намуда,мавқеи худро таҳким бахшид.

Фазои нави сиёсӣ дар чеҳраи андешаи мазҳабӣ падид омада, назарияи наву ситезагароро эъҷод намуд. Дар ин замина мазҳабгароӣ дар аҳдофи миллӣ устувор ва неруманд гардид. Ин зуҳуроти хатарзо барои миллат ва давлат назарияи навро дар андешаи миллӣ ворид намуда,фазои мазҳабиро ба нафъи худ истифода намуд.

Маҳз ҳамин боис гардид, ки дар Тоҷикистон мазҳабгароӣ кулли ҷомеаро ба комаш кашида, андешаи миллиро хароб намуд. Миллатро  қисмҳо тақсим карда, ба ҳам барангехт.

Ҳама харобкориҳо ,ки ба сари миллат фурӯ рехт, ин аз болоравӣ ва мавқэъ гирифтани андешаи мазҳабӣ буд. Ин падидаи хатарзоро онҳое эъҷод намуданд,ки дар рукуд кардани андешаи миллӣ манфиатдор буданд.

Мавҳ намудани шуури миллӣ дар шахс ин боиси бедор кардани назарияи дигар мегардад. Барои ба ин ҳадаф расидан дар ҳама давру замон такя ба дин кардани манфиатбардорон бештар ба назар мерасад, гарчанде мазҳабгароӣ душмани ҳама гуна дин аст.

Дар ин замина пайдо шудани гурӯҳбозиҳо ва ҳизбу ҳаракатҳои мухталиф, ки ҳамеша дар паи манофеи худ даст ба ҳар гуна  шӯру шар мезананд,сабабгори нооромиҳо мегарданд, ки ин нооромиҳо ашхоси манфиатҷӯйро сари қудрат оварда, муҳитро мубталои даргириҳои сиёсӣ мегардонанд. 

Мо ҳама имрӯз огоҳем,ки ҷомеаи ҷаҳонӣ дар ҳадди таҳавуллоти сиёсие қарор дорад, ки шинохти чунин таҳавуллот ва пешгӯӣ кардани он ғайри имкон аст,ки ин қабл аз ҳама дар пешрафти босуръати илму техника, тараққиёт ва болоравии шуури ҷомеаи ҷаҳонӣ арзёбӣ мегардад.

Бархурди манофеи давлатҳои абарқудрати ҷаҳонӣ низ дар як минтақа боиси ангезаҳои сиёсӣ мегарданд, ки  ин метавонад, минтақаро ба коми бӯҳрони шадиди иқтисодӣ пайгирӣ созад.

Асри 21 ба ақидаи коршиносон асри дигаргуниҳои бузурги сиёсӣ дар сатҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ хоҳад гашт, ки пеш аз ҳама дар иқтисодиёт ва сиёсат пайгирӣ хоҳад шуд.

Рӯйдодҳои ҷаҳони муосир, бештар дар ангезаҳои сиёсӣ падид меояд, ки ин ангезаҳо боиси харобии иқтисодиёт гашта,фазои ҷомеаро мубталои хунрезӣ месозад. Кулли ҷаҳони муосир кунун мубталои ин қазияи норӯшани сиёсист, ки он торафт фазои ҷомеаро носолим медорад. Тафриқаандозӣ ва низои равияҳои мухталифи ҷомеа имрӯз мушкилоти бештареро рӯи кор меорад.

Пӯшида нест, ки Тоҷикистон дар меҳвари сиёсати ҷаҳонӣ қарор дорад, ва омӯзиши сулҳи тоҷикон сабақи давлатдории дигарон арзёбӣ мегардад.

Сифатан ба марҳилаи нави иқтисодиву сиёсӣ баромадани Тоҷикистон дар даврони ҷаҳонишавии бусуръат, пайвастан ба иқтисодиёти умумиҷиҳонист, ки имрӯз кишварамон бо зиёда аз 150 давлати ҷаҳон равобити дӯсти дорад. Онҳо ба ояндаи умедбахши Тоҷикистон ба назари нек менигаранд. Ин солҳои сипаригардида барои давлати ҷавони мо он қадар роҳи тӯлонӣ нест, вале ин роҳест пур аз падидаҳои муҳим ва арзишманд дар самти беҳдошти рӯзгори аҳолии Тоҷикистон. Дар ин солҳо зиндагии аҳолӣ куллан тағйир ёфта, иқтисоди бозоргонӣ ривоҷ ёфт ва дар рӯзгори мардум мақоми арзандаеро соҳиб гардид.

Имрӯз да гирифтор аст,моро мебояд,ки дар занҷири Ваҳдати хеш боз ҳам қавитар гардем, то ба неруи иттиҳоди мо газанде нарасад.

Имрӯз дар ҳоле,ки Тоҷикистон дар роҳи рушди боэътимод дар ҳама ҷабҳаҳо қарор дорад ва мо ҳамарӯза шоҳиди навгониҳои бештаре мегардем. Мардум ба ояндаи нек ва рӯзгори беҳтаре умед доранд, боз ҳамон аждари мазҳабгароӣ сар мебардорад. 

Бояд ҳушёр буд, то дигарбора ба доми он бегонагони миллат наафтем.   Дар занҷири Ваҳдати хеш боз ҳам қавитар гардем, то ба неруи иттиҳоди мо газанде нарасад.

Шаҳриёр

Search