МАЪРӮЗАИ Раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолият Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи якуми соли 2021 ва вазифаҳо то охири соли 2021

 

Муҳтарам аъзои мушовара, кормандони соҳаи телевизион ва радио,

меҳмонони гиромӣ!

Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, амру фармон ва дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26-уми январи соли 2021 «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ», мулоқоти Президенти мамлакат бо намояндагони ВАО-и давлатӣ аз 20-уми феврали соли 2019, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва низомномаи Кумита ба роҳ монда, дар нимсолаи якуми соли 2021 як қатор корҳоро ба анҷом расонд.

Ба Кумита дар ин давра 1090 ҳуҷҷат ворид ва 743 ҳуҷҷат содир шуда, 153 ҳуҷҷат дар баррасӣ ва 186 ҳуҷҷат мавриди корбарӣ қарор дорад.                                                                    

Дар шашмоҳаи якум 9 ҷаласаи навбатию ғайринавбатии мушовара бо баррасии 32 масъала ва 22 ҷаласаи назоратии назди роҳбарияти Кумита баргузор гардид, ки дар онҳо зиёда аз 400 масъала мавриди баррасӣ ва омӯзиш қарор гирифт.

Шӯрои бадеии Кумита дар шашмоҳаи аввали соли ҷорӣ бахшида ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рӯзи Модар ва ҷашни байналмилалии Наврӯз 28 барномаи калонҳаҷми телевизиониву радиоӣ, филмҳои мустанад ва 47 оҳангу суруди нави ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рӯзи Модар, ҷашни байналмилалии Наврӯз, Рӯзи ваҳдати миллӣ ва ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшидашударо баррасӣ намуда, дар Шӯрои таҳрир матни 41 барномаи калонҳаҷми ҷашнӣ, филмҳои мустанад ва намоишҳо, инчунин, 55 видеоролик ва 70 шеър, ки бахшида ба ҷашҳои милливу давлатӣ ворид шуда буданд, таҳриру такмил гардид.         

Раёсати ҳамоҳангсозии барномаҳои телевизионӣ дар шашмоҳаи аввали соли ҷорӣ фаъолияти эҷодии шабакаҳои телевизионро мунтазам  зери назорат қарор дод ва тибқи нақша раёсат дар ҷаласаи ҳайати мушовараи Кумита оид ба инъикоси мавзӯъҳои худшиносии миллӣ, ифтихори ватандорӣ, шаъну шарафи шаҳрвандӣ, ваҳдату ягонагӣ, сулҳу субот, таҳкими пояҳои давлатдорӣ, истиқлоли давлатӣ, сохтори конститутсионӣ ва ҳифзи арзишҳои миллӣ тавассути шабакаҳои телевизионӣ гузориш пешниҳод намуд.

Раёсати ҳамоҳангсозии барномаҳои радиоӣ ва дастаҳои ҳунарӣ низ барномаҳои Радиои Тоҷикистон ва шабакаҳои он “Овози тоҷик”, “Садои Душанбе” ва “Фарҳанг”-ро пайваста назорат намуда, муваффақияту камбудии онҳоро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дод.

Раёсати истеҳсолӣ ва назорати техникӣ дар нимсолаи якуми соли 2021 назорати техникии тамоми шабакаҳои давлатии телевизион ва радиоро шабонарӯзӣ ба роҳ монда, дар ин муддат зиёда аз 8 маротиба нуқсони  техникии пахши мавҷҳои радиоиро ба қайд гирифт.

Раёсати тиҷорати Кумита дар шашмоҳи соли 2021 бо 81   ташкилоту муассиса ва агентиҳои рекламавӣ қарордоди ҳамкориро ба имзо расонда, ба суратҳисоби махсуси Кумита аз ҳисоби ташвиқу таблиғи молу маҳсулот  ҳаштсаду навад ҳазор (890000,0) сомонӣ ба маблағ ворид намуд, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба андозаи 1,3% зиёд мебошад. 

Дар давраи ҳисоботӣ ба бахши муносибатҳои байналмилалии Кумита 104 ҳуҷҷат ворид гардид, ки 17 адади он аз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 21-то аз Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд.

 

Ҳозирини гиромӣ!

Дар шашмоҳаи аввали соли 2021 Бозрасии давлатии назорат дар соҳаи телевизион ва радиошунавонӣ фаъолияти телевизионҳои «Регар», «Қурғонтеппа», «Азия», «ТВ5», «Ҳафт ситора», радиоҳои «Тироз», «Тирози ҷавонӣ» ва Муассисаи давлатии «Суғдсинамо» ба номи Комил Ёрматовро аз санҷиш гузаронда, иҷозатномаи онҳо аз нав ба расмият дароварда шуд. Инчунин, муроҷиати роҳбарони телевизиони ноқилии «Бадахшон», «Синамо 2017», «Мавҷи Роғун», телевизиони АйПӣ «Сомон. ТВ» баррасӣ гардид. 

Ҳамин тариқ, ҳоло дар мамлакат 93 шабакаи телевизиону радио ва студияҳои истеҳсоли маҳсулоти аудиовизуалӣ, аз ҷумла 14 телевизиону 10 радиои давлатӣ, 34 телевизиону 21 радиои хусусӣ ва 14 студияи истеҳсоли маҳсулоти аудиовизуалӣ фаъолият дорад.

Дар натиҷаи назорати ҳамарӯзаи барномаҳои телевизион ва радио аз ҷониби кормандони Бозрасӣ як қатор камбудиҳо ошкор карда шуд. Аз ҷумла, дар сатри равони телевизиони “Ҷаҳоннамо” санаи 29.03.2021 аз соати 24:00 то соати 17:00 эълон оид ба қатъ намудани пахши барномаҳо ҷиҳати анҷом додани корҳои профилактикӣ пахш гардид, аммо пахши барномаҳо қатъ нагардид ва ин эълон то рӯзи 31.03.2021 идома ёфт, ки ин нишони бемасъулиятии кормандони шабака мебошад.

Инчунин, дар сатри равони шабака якчанд калима хато дарҷ гардида, пай дар пай ва такроран пахш гаштанд. Аз ҷумла, “мавриди истифода арор (қарор) доданд”, “оози (оғози) расмӣ бахшиданд”, “таълимӣ-тарибавӣ (таҷрибавӣ), “надикбинӣ (наздикбинӣ)” ва ғайра. Бояд зикр намуд, ки дар сатри равони телевизиони “Ҷаҳоннамо” ҳангоми эълони хабару намоишҳо низ хатоҳои имлоӣ зиёд ба мушоҳида мерасад.

Санаи 09.04.2021 барномаи “1001 андеша”-и телевизиони “Синамо” ба жанри шашмақом бахшида шуда буд. Ҳол он ки барои баррасии чунин мавзӯъҳо телевизиони мусиқии Тоҷикистон “Шаҳнавоз” фаъолият дорад.

Чунин камбудӣ баъзан дар дигар телевизионҳо низ ба мушоҳида мерасад. Масалан, санаи 23.04.2021 дар телевизиони “Ҷаҳоннамо” барномаи “Нигористон” намоиш дода шуд. Дар барномаи мазкур ду суруд пешкаши тамошобинон гардид, ки ба формати шабака мувофиқат намекунад.  

Масъулини шабакаҳои телевизионӣ ҳангоми тарҷумаи филмҳо баъзан камаҳамиятӣ зоҳир намуда, калимаву ибораҳоро хато ва ба ҷойи калимаю ибораҳои тоҷикӣ алфози бегона ва кӯчагиро истифода мебаранд. Масалан, санаи 26.04.2021 соати 11:30 тавассути телевизиони “Синамо” филми ҳунарии «Саргузашти дарбор» намоиш дода шуд, ки дар он калимаи «шьет»-ро  «мебофад», «шахта лифта»-ро «чоҳи ангишт» ва алфози қабеҳ «сука»-ро «канчиқ» тарҷума ва нашр карданд.  Қобили зикр аст, ки баъзе алфоз ва ҷумлаҳо дар филм мантиқан нодуруст тарҷума мешаванд. Ҳамчунин, санаи 05.05.2021 соати 14:40 тавассути “Телевизиони Бадахшон” филми ҳунарии “Меҳмони нохонда” намоиш дода шуд, ки дар он калимаву ибораву ҷумлаҳои лаҳҷавӣ ва қабеҳ зиёд истифода шуда, меъёрҳои забони адабӣ поймол гардид. Филми мазкур аз тарафи студияи “Лейбл сомон” бо иштироки ҳунармандони ғайрикасбӣ, аз ҷумла Қадами Қурбон ва Алишер Равшанов ба навор гирифта шудааст. Истеҳсолкунандаи филм Акмал Ҷумъаев буда, студияи зикршуда иҷозатномаи фаъолият дар соҳаи истеҳсоли маҳсулоти аудиовизуалиро ба расмият надаровардааст. Ба ҳамин монанд, санаи 21.04.2021 соати 13:38 тавассути радиои “Ховар” порча аз повести “Ишқи нотамом”-и Дориюш Раҳимзода садо дод, ки дар он ровӣ ибораи қабеҳи “Маҳваши ҷалаб”-ро зикр кард.  Истифодаи чунин алфози қабеҳ аз минбари баланди радио ба тарбияи насли наврас таъсири манфӣ мерасонад.

Масъалаи дигаре, ки дар шабакаҳои телевизионӣ ба мушоҳида мерасад, дар як вақту соат намоиш додани филмҳо мебошад. Барои мисол, санаи 15.04.2021 соати 15:57 дақиқ тариқи “Телевизиони Тоҷикистон”, шабакаҳои телевизионии “Сафина”, “Синамо”, “Баҳористон”, “Душанбе”, “Суғд”, “Хатлон” ва “Кӯлоб” филмҳои мустанад ва ҳунарӣ намоиш дода шуд.

Камбудии ҷиддӣ ва чашмрас дар фаъолияти телевизиону радиоҳои давлативу ғайридавлатӣ бештар нуқсонҳои техникӣ, ба монанди қатъ гардидани пахши барномаҳо бе огоҳӣ, инчунин, мувофиқат накардани навор ба мавзӯи барномаҳо, истифодаи такрории наворҳо дар гузоришҳо, такрори барзиёду бемавриди барномаҳо, таҳлили яктарафаи мавзӯъҳо ва ҳамагонӣ набудани мавзӯи онҳо, риоя накардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатӣ” дар номгузории барномаҳо, пахши мустақим, суруду мусиқии ба фарҳанги мо бегона ва намоиши саҳнаҳои зуроварӣ ва шаҳвонӣ тавассути филмҳо мебошад.

Бо мақсади бартараф намудани камбудӣ ва нуқсонҳои ҷойдошта роҳбарони сохторҳои дахлдори соҳаро зарур аст, ки мунтазам чораҳои зарурӣ андешанд.

 

Муҳтарам аъзои мушовара!

Дар соли 2021 «Телевизиони Тоҷикистон» бо сохтори нав ба фаъолият пардохта, дар шаш моҳ 1440 барнома таҳия ва пахш намуд, ки баробар ба беш аз 1530 соати оригиналӣ мебошад.

Дар ин давра ҷараёни ободкориҳо ва омодагиҳо ҷиҳати таҷлили сазовор аз 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рӯзи модар ва Наврӯзи байналмилалӣ  зиёда аз  1000 хабару гузориш, шарҳ, барнома ва филмҳо  таҳия гардиданд.

Дар ин давра тарғибу ташвиқи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии мамлакат аз 26 январи соли 2021, чорабиниҳо вобаста ба эълон шудани Даҳсолаи байлалмилалии амал «Об барои рушди устувор», «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ», «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» муҳтавои аксари барномаҳоро ташкил медод.

Сафарҳои дохилӣ ва хориҷии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон инчунин, вохӯриву мулоқотҳояшон бо намояндагони кишварҳои хориҷӣ, роҳбарони ташкилоту созмонҳои байналмилалию минтақавӣ тариқи барномаҳои иттилоотӣ саривақт манзури бинандагон гардонда шуд. Бахусус, вобаста ба нуктаҳои раҳнамунсози Паём беш аз 500 хабару гузориш, шарҳу мусоҳиба ва барнома, инчунин, доир ба 30-солагии Истиқлоли давлатӣ, ҷашнҳои Сада, Наврӯзи байналмилалӣ ва Тиргон зиёда аз зиёда аз 1000 хабару гузориш, шарҳ, барномаҳои таҳлилию маърифатӣ ва филмҳо таҳия ва пахш гардид.

Дар ин давра ҷадвали пахши барномаҳои «Субҳи Тоҷикистон» ба зиёда аз 60 бахшу саҳифаи нав расид. Саҳифаҳои «Тоҷикон дар оинаи таърих»,  «Номи зебо – ними ҳусн», «Андешаи Истиқлол», «Васфи Ватан», «Ҳунар омӯз...», «Ифтихори ватандорӣ», «Зан ва ҷомеа» фарогири  мавзӯъҳои гуногун мебошад, ки  як қисми онҳо вобаста ба таклифу дархости тамошобинон мураттаб шудаанд.

Дар шабака баргузории даври аввали озмунҳои ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» ва «Илм -фурӯғи маърифат» дар шаҳру ноҳияҳо, инчунин, фестивалҳои ҷумҳуриявии «Чакомаи гесу», «Андалеб -2021», «Ҳунар беҳтар аз зар бувад», «Сад ранги чакан», «Суруди сарбоз» ва маҳфили «Ширу шакар» бо иштироки адибон дар сатҳи баланд сабт ва инъикос шуд.

Дар ин давра вобаста ба чорабиниҳои муҳими сиёсӣ - раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Ҳамкории Шанхай, Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ, Хазинаи байналмилалии Наҷоти Арал ва ҳамоиши «Қалби Осиё - Раванди Истамбул» саҳми шабака кам набуд. Вобаста ба Раёсати Тоҷикистон дар Созмони ҳамкории Шанхай ва Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ се барномаи «Меҳвар», шаш барномаи «Дар мавзӯи рӯз» дар шакли мизи мудаввар, ду барномаи «Раванд», се барномаи «Тафсир» дар шакли телемост, 4 ролик ва 6 гузариш манзури бинандагон шуд. Дар барномаи «Сиёсати муваффақ» робитаҳои дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷумҳуриҳои Ӯзбекистону Қазоқистон ва ҷумҳуриҳои  исломии Афғонистону Покистон ҳамаҷониба баррасӣ гардид.

Дар шашмоҳаи соли равон панҷ барномаи нави сиёсӣ, ба монанди «Раванд», «Таҳаввул», «Соати парламентӣ», «Тоҷикистон, амният ва ҷомеа», «Меҳвар» ва “Дунявият ва давлатдории миллӣ” рӯйи кор омада, дар ин давра, дар маҷмӯъ,зиёда аз 120 барномаи сиёсӣ-таҳлилӣ омода ва пахш карда шудааст.

Истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ, роҳҳои баланд бардоштани ҳосил ва афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, обёрӣ ва вазъи соҳаи чорводорӣ ҳамарӯза дар барномаҳои «Агроиқтисод», «Тавсия» ва «Кишоварз» инъикос меёбад.

Дар доираи татбиқи нақша-чорабиниҳои ободонию созандагӣ ба хотири истиқболи сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ 20 нашри барномаи «Истиқбол аз Истиқлол» таҳия гардид.

Татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ - саноатикунонии босуръати мамлакат ва расидан ба истиқлолияти комили энергетикӣ дар меҳвари барномаҳои «Воқеият», «Нурофар», «Ҳадафи чорум», «Содирот», «Стандарт» ва «Технологияи муосир» қарор доштанд. Дар давраи ҳисоботӣ барномаҳои «Хони адаб», «Фурӯғ», «Дугонаҳо», «Вожапардоз», «Ирфон», «Андарзи ниёгон», «Эъҷози сухан» ва «Замзамаи меҳр» дар самти тарғиби мероси фарҳангиву таърихӣ ва инъикоси адабиёту ҳунар саҳм гузошт.

Дар барномаи «Ирфон» аҳли адаби ҷумҳурӣ ташаббуси маорифпарваронаи Пешвои миллатро ҷиҳати ба ҳар як хонадони ҷумҳурӣ тақдим намудани китоби «Тоҷикон» нек арзёбӣ намуданд.

Бо мақсади муаррифии бештари имкониятҳои сайёҳии шаҳру ноҳияҳо, омода намудани лавҳаҳо ва роликҳои тарғиботӣ аз мавзеҳои хушманзараи деҳа, тарғиби ҳунарҳои мардумӣ, таомҳои мардумӣ, ёдгориҳои таърихӣ, боғу чаманзори навбунёд, иншооту иморатҳои дар айёми соҳибистиқлолӣ бунёдшуда ва дар маҷмӯъ ошноӣ ба ҳаёти сокинони деҳоти дуру наздики кишвари биҳиштосоямон дар баробари намоиши «Сайёҳ» барномаҳои тозаэҷоди «Мумтоз», «Маҷро», «Сарзамини пурфайз», «Навои деҳа» ва «Хуррамзамин» рӯи кор оварда шуд. Табиати Тоҷикистонро беш аз 100 лавҳа таҷассум намуд.

Идораи «Телефилм» ва дубляж дар давраи ҳисоботӣ беш аз 100 филмҳои илмӣ-оммавӣ, мустанад ва силсилаи барномаҳоро тарҷума ва дубляж намуд.

Дар давраи ҳисоботӣ телевизиони мусиқии «Шаҳнавоз» фарҳанги миллӣ, бахусус сатҳу сифати санъати мусиқиву овозхониро тариқи барномаҳои «Пайванди меҳр», «Мондагор», «Истеъдод», «Набзи наво», «Шоми Шаҳнавоз» ва «Дурахшон» пешниҳоди ҳаводорони худ гардонда, аҳли ҳунари истеъдодҳои ҷавонро дар жанрҳои «Шашмақом» ва «Фалак» дарёфт ва онҳоро дар барномаҳои телевизионӣ ҷалб менамояд.

Ҳаёту эҷодиёти шахсиятҳои хизматнишондодаи соҳаи санъати кишвар, аз ҷумла Зиёдулло Шаҳидӣ, Одина Ҳошимов, Зафар Нозим, Дӯстмурод Алиев, Бобоxон Азизов, Исмоил Назрӣ, Ҳабибулло Беков, Лола Азизова ва дигарон тавассути барномаҳо пешниҳоди тамошобинон гардонда шуд. Ҳамзамон, суруду оҳангҳо, навозишу таронаҳо, клипу лавҳаҳо ва дигар жанрҳои мусиқии миллию ҷаҳонӣ пешкаши ҳаводорон шуд.

 

Дар давраи ҳисоботӣ дар Муассисаи давлатии “Телевизиони Сафина” ҷиҳати иҷрои вазифаҳое, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр гардиданд, ҷараёни татбиқи ҳадафи чоруми стратегӣ – саноатикунонии босуръат мунтазам гузориш ва барномаҳои зиёд таҳия ва манзури бинандагон гардонда шуданд.

Бо мақсади ҳифзи арзишҳои миллию давлатӣ, таҳкими ваҳдати миллӣ, тақвияти андешаҳо, баланд бардоштани сатҳи огаҳии ҷомеа, таҳкими сулҳу субот, пойдориву устувории амнияту ваҳдати миллӣ ва таъмини фазои солими сиёсиву мафкуравӣ дар ҷомеа як қатор гузоришу барнома ва мизҳои мудаввар, аз ҷумла “Вожазори маонӣ”, “Мавқеъ”, “Фарҳанги муосир”, “Нози хаёл”, “Минбари андеша”, “Толори оинаҳо”, “Инсон ва ҳуқуқ”, “Пажӯҳиш”  бо иштироки аҳли зиё ва дигар фаъолони ҷомеа ташкил карда шуд.

Аз ҷараёни омодагии довталабон ва муассисаҳои таълимию фарҳангӣ ба озмунҳои ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ва “Тоҷикистон Ватани азизи ман”, “Илм фурӯғи маърифат” ва ҷараёни даври ноҳиявии ин озмунҳо 60 гузориш омода ва пахш карда шуд. Тариқи Студияи сайёри муассиса даври ноҳиявии озмуни “Тоҷикистон – Ватани азизи ман” аз 25 шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон пурра сабт ва намоиш дода шуд.

Дар барномаву гузоришҳо рафти корҳои созандагиву бунёдкорӣ дар гӯшаву канори Ватани азизамон ба ифтихори ҷашни 30 солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамаҷониба инъикос карда шуданд. Барномаҳои “Замзамаи ободӣ”,  “Тавозун”, “Ҳадаф” ва амсоли ин маҳз ба ҳамин мавзӯъ бахшида шудаанд. Доир ба мавзӯъ 170 гузориш таҳия ва пахш гардид.

Бо мақсади инъикоси васеи «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» нақшаи корӣ тартиб дода шуда, барои тарғибу ташвиқи ҳунарҳои пухтани таомҳои миллӣ, сангтарошӣ, мисгарӣ, оҳангарӣ, заргарӣ, чӯянгарӣ, чӯбкорӣ, баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ дар фурӯдгоҳҳо, тарабхонаҳо, мавзеъҳои сайёҳӣ, марказҳои фарҳангӣ, осорхонаҳо, осоишгоҳҳо, беморхонаҳо, тарзи муошират бо мизоҷон ва ғайраҳо тадбирҳои зарурӣ андешида мешавад. Дар давраи ҳисоботӣ бештар аз 50 барнома, аз ҷумла, барномаҳои “Як анъана”, “Асолат”, “Саҳифаи таърих”, “Толори оинаҳо”, “Хони Тоҷикистон” ва “Хатсайр” доид ба ин мавзӯъ омода ва пахш гардиданд.

Бахшида ба ҷашни Сада барномаҳои “Суҳбати рӯз”, “Муждаи эҷод”, “Сада – мужда аз Наврӯз”, Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаҳои “Фазо”, “Мавқеъ”, “Дафтари роз”, “Роҳи ҷавонмардӣ”, “Ҷабҳаи ҷасорат”, “Нози хаёл”, “Замзамаи ободӣ”, “Фарҳанги муосир”, “Муҳофизони Ватан”, “Мегӯянд, ки”, “Минбари андеша”, “Ҳомиёни Ватан”  ва барномаи фарҳангӣ иборат аз сурудҳои ватандӯстона таҳти унвони “Ватансаро”,  Рӯзи модар барномаҳои “Фарҳанги муосир”, “Минбари андеша”, “Нексиришт”, “Фариштаи замин”, Дунё пур аз ҷавонист”, “Олиҳа”, “Фуруғи меҳр” ва ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ (аз 19 то 26 март) бештар аз 20 барномаи идона, аз ҷумла барномаҳои “Як анъана”, “Паёми хуршед”, “Садои ниёгон”, “Фарҳанги муосир”, “Наврӯзи Конибодом”, “Минбари андеша”, “Накҳати Наврӯз”, “Паёми хуршед – Наврӯзи Хуҷанд”, “Суфраи Сафина”, “Пайки Наврӯз”, “Қатрае аз илм”, “Анҷумани Наврӯз”, “Наврӯзи Шамсиддин Шоҳин”, “Суфраи Наврӯз”, “Пайки баҳор”, “Навои Наврӯз”, “Наврӯзи Варзоб” ва Наврӯзи Файзобод” пешниҳоди бинандагон гардид.

110 солагии Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода дар барномаҳои “Вожазори маонӣ”, “Фарҳанги муосир”, “Минбари андеша”, “Аз дидаҳо”, “Дар ин замона”, Достони “Ҷони ширин”, “Сайри осорхона” ва шаш ролики телевизионӣ бо истифода аз андешаҳои аҳли илму фарҳанги ҷумҳурӣ инъикос гардид. Бахшида ба Рӯзи Шашмақом барномаҳои “Вожазори маонӣ”, “Хотираҳо”, “Фазо”, “Дар ин замона” ва панҷ барномаи нави консертӣ наворбардорӣ ва манзури бинандагон карда шуд. Дар доираи таҷлили Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон бештар аз 10 барнома, аз ҷумла барномаҳои “Авранги ҷавонӣ”, “Замзамаи ободӣ”, “Набзи ҷавонӣ”, “Эй ҷавонӣ...”, “Минбари андеша”, “Дунё пур аз ҷавонист”, “Навовар” ва “Дар ин замона” таҳия ва пахш гардиданд.

Аз 19 то 25 барогузории Фестивал – озмуни ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ – “Парасту – 2021” тариқи барномаҳои иттилоотии “Навид” ва “Субҳ ба хайр, Тоҷикистон” васеъ инъикос гардид. 

Дар шаш моҳ сӣ филми бадеӣ дар ҳаҷми зиёда аз  45 соату 40 дақиқа, дар мавзӯъҳои гуногун тарҷума ва дубляж карда шуд.

Аммо ҳастанд мушкилоте, ки барои амалӣ гардидани нақшаҳо монеъ мешаванд. Барои ин, қабл аз ҳама омода кардани наворбардорону коргардонҳои касбӣ, мукаммал гардонидани заминаи моддию техникии муассиса ва барои саривақту оҷилан инъикос кардани рӯйдодҳои муҳими шаҳру ноҳияҳо харидории Студияи сайёри муосир лозим аст.

Ҳамзамон, мувофиқи имконият хуб мешавад, ки омода кардани мутахассисон дар хориҷи мамлакат низ ба нақша гирифта шавад. 

 

Муассисаи давлатии “Телевизиони кӯдакону наврасон – «Баҳористон» мувофиқи ҷадвали пахши барномаҳо дар нимсолаи аввал 52 номгӯи намоишҳоро бо теъдоди 583 шумора пешниҳоди тамошобинон гардонд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 4 барнома бештар аст. Дар давраи ҳисоботӣ шабака 13 лоиҳаи нав, аз қабили «Суръат», «Вақти хониш», «Ҷасорат», «Аз таърихи варзиш», «Пайроҳа»,  «Аниси кунҷи танҳоӣ...», «Донишвар», «Нерӯманд», «Сеҳри мақом», «Эҳёи ҳунар», «Ширинак», «Нӯшин» ва «Дар меҳмонии витаминҳо»-ро рӯйи кор овард. Маводи аслии шабака (соати оригиналӣ) дар қиёс бо соли гузашта 8 соат бештар гардид ва дар умум ба 568  соат баробар шуд.

Дар доираи эълон гардидани «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» ҷиҳати дарёфти соҳибистеъдодони наврас ва ҷавон озмуни телевизионӣ  эълон гардид. Нафарони ғолиб ба ҳайси барандагони намоиши навтаъсиси «Суръат» интихоб шуданд. Аз аввали соли ҷорӣ  озмунҳои телевизионии «Донишвар» ва «Донояк» низ баргузор карда шуданд, ки мақсад аз таҳияи онҳо пайдо намудани  кӯдакону наврасони қобилиятнок, мусоидат ба болоравии сатҳи дониш, дӯстии наврасони минтақаҳои гуногуни  ҷумҳурӣ, мустаҳкам намудани ҳамкории онҳо ва бедор намудани ҳисси муҳаббат нисбат ба дониш мебошад. Дар ин давра  барои мухлисони барномаи «Бо ҳам меёбем!» озмун эълон гардид, ки дар он 200 нафар иштирок намуда, 50 нафарашон барои иштирок дар барнома номнавис гардиданд.

Айни замон 16 нафар наврасону ҷавонони фаъол бо ТВ «Баҳористон» ҳамкории доимӣ доранд ва ба таври мунтазам барномаҳои алоҳидаи худро таҳия менамоянд. Теъдоди чунин барномаҳо ба 33 адад мерасад, ки ин беш аз 90 фисади намоишҳоро ташкил медиҳад.

Муассисаи давлатии «Телевизиони кӯдакону наврасон – «Баҳористон» дар доираи  озмуни ҷумҳуриявии «Фуруғи субҳи доноӣ китоб аст»  намоиши махсус бо номи «Аниси кунҷи танҳоӣ...» таъсис дод. То ин дам беш аз 30 шумораи ин намоиш аз минтақаҳои гуногуни кишвар сабт ва пешниҳоди тамошобинон шуд.

Дар баробари муваффақиятҳо роҳбарияти муассисаро лозим аст, ки баҳри беҳбуд бахшидани кори шабака, бахусус иваз кардани нақлиёти хизматии шабака чораҷӯӣ намояд.

 

Муассисаи давлатии «Ҷаҳоннамо» дар шаш моҳи соли равон бо истифода аз имкониятҳои техникӣ ва савияи касбию тахассусӣ набзи ҷомеа, муҳимтарин рӯйдодҳои дохил ва ҷаҳонро ҳамарӯза ба воситаи беш аз 390 000 хабар тавассути нашри иттилооти «Хабар», пешкаши тамошобинони оинаи нилгун гардонд. Аз тариқи бахши «Дунё» беш аз 230 ҳазору 500 хабари хориҷӣ омодаву пешниҳод гардид.

Сафарҳои расмию кории Сардори давлат ба шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар сатҳи баланди касбӣ ва оҷилан тавассути барномаҳои «Рушд», «Дастовард», «Иқтисод», «Сипар», «Дидбон» «Маориф ва илм», «Зан ва ҷомеа», «Фарҳанг», «Хабар» пешкаши бинандагон карда шуд.  

Вобаста ба нишасти нуҳуми вазирони корҳои хориҷии ҳамоиши "Қалби Осиё – раванди Истанбул" филми мустанади "Қалби Осиё" рӯйи навор омад.

Ба муносибати сафари расмии Президенти Ӯзбекистон ба Тоҷикистон барномаи таҳлилии "Тоҷикистон ва ҷаҳон" бо номи "Тоҷикистон ва Ӯзбекистон" таҳия гашт.

Муассиса дар барномаҳои маърифатӣ-ҳуқуқии «Прокуратура», «Додгоҳ», «Парламент», «Ҳуқуқи Шумо», «Ҷомеа ва ҷаҳон», «Мистар», «Қонун ва ҷомеа» муҳимтарин рӯйдоду воқеаҳои марбути қонуният ва ҷараёни тадбики қонунҳо дар кишвар бо ҳузури кормандони масъули мақомоти ҳифзи ҳуқуқ мавриди баррасӣ қарор гирифт. Ҳамчунин, таи ин муддат тадбирҳои иловагӣ ҷиҳати таъмини риояи қонунҳои Ҷумҳури Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ҷашну маросим дар Ҷумҳури Тоҷикистон», «Дар бораи масъулияти падару модар дар тарбияи фарзанд» ва тарғибу ташвиқи волоияти қонун 11 барномаҳои рангоранги тозаи таҳлилии «Прокуратура», 8 барномаи «Додгоҳ», 3 барномаи «Қонун ва ҷомеа», 3 барномаи «Суҳбати рӯз» аз шаҳру ноҳияҳои кишвар ва шарҳу андешаҳо таҳия карда шуд. Дар самти мазкур, таи ин муддат барномаи маърифати «Ҳуқуқи Шумо» 10 маротиба мустақим ва 15 маротиба такрорӣ пахш карда шуда, ба беш аз 7 600 саволи тамошобинон посух дода шуд, ки нисбати соли гузашта 75 адад зиёд мебошад.

Кормандони эҷодию фаннии Идораи таҳлилии Муассиса дар ҷустуҷӯ ва эҷоди тоза буда, дар барномаиҳои сиёсӣ-таҳлилии «Геополитика», «Дидгоҳ», «Таҳқиқ», «Нуқтаи назар», «Масъулият», «Ҷомеа ва ҷаҳон», «Ҷаҳони иртибот», «Суҳбати муҳим», «Суҳбати рӯз», "Иқтисод+" рӯйдоду воқеаҳои кишвар ва ҷаҳонро ба риштаи таҳлил дароварда, афкору андешаи коршиносони масоили сиёсиро оид ба ин ва ё он рӯйдоди муҳими олам ҷой доданд. Барномаҳои «Рушди устувор», «Робита», «Амал», «Масири рушд», «Назари хос», «Бунёдкор», «Аз ҳар гӯшаи ҷаҳон», «Тандурустӣ»,  «Оё медонед?», «Шифои комил», «Фарҳанг», «Хати сабз», «Тозанашр», «Туризм», «Кишоварз», «Маориф ва илм», «Иқтисод» ва «Набзи сайёра»  "Сифат" фарогири навигариҳои соҳаҳои иҷтимоӣ, инкишофи бахшҳои гуногуни соҳаи илм, тағйирёбии иқлими сайёра ва дигар масъалаҳои рушди ҷомеа мебошанд.

Дар ин давра лоиҳаҳои нав бо номи «Амал», “Қонун ва ҷомеа”, "Робита", «Қадам ба қадам», «Ҷаҳони фароғат», «Ҷониби рушд», «Пешрафт», «Соҳибшараф», "Замон", «Бозбинӣ», «Сифат», «Телеомор», «Меҳвар», «Набзи сайёра», «Нигористон», «Дидгоҳ», «Имконият», «Асл ва хаёл», «Иқтисод+», «Замон» ва «Позитив» бо диду мавзӯъҳои тоза рӯи кор омаданд.

Дар баробари ин, роҳбарияти муассисаро лозим аст, ки барои таъмини фаъолияти муътадилу муназзам ҷиҳати харидорӣ намудани таҷҳизоти сабту пахши барномаҳо, камераҳои наворбардории муосир, компютерҳои дизайну танзим, архиватор, автомашинаи сабукраву микроавтобус тадбирҳо андешад.

 

Муассисаи  давлатии  телевизиони  “Синамо” дар  нимсолаи   аввали  соли 2021  бо  мақсади    бештар ҷалб  намудани  тамошобинон филмҳои  мустанад, бадеӣ,  ҳуҷҷатӣ, мултипликатсионӣ, барномаҳои телевизионӣ,  гузоришҳои  таҳлилӣ,  ролику  лавҳаҳо, мизҳои  мудаввар ва  барномаҳои  калонҳаҷмро таҳия  намуда,  манзури  бинандагон  намуданд.

Ба  ифтихори  ҷашни Наврӯз, Сада, 30-солагии  Истиқлоли  давлатӣ,    Рӯзи  Артиши  миллӣ,  Рӯзи  Модарон зиёда аз 10 филм  таҳия   гардиданд.

Озмунҳои “Тоҷикистон – Ватани  азизи ман”,  “Фурӯғи  субҳи  доноӣ  китоб  аст”  ва  “Илм- фурӯғи  маърифат”   пайваста   инъикос  мешаванд.

Дар  давоми  шаш моҳ  20 номгӯй силсилафилм тарҷума ва  дар  эфир  пахш  ггардида, 22  филми  ҳунарӣ  бо  зернависи  тоҷикӣ  (субтитр), 11 филми  мустанад   бо забони  тоҷикӣ тарҷума ва дубляж карда шуда ва 11 филми аниматсионии пурмуҳтаво, ки  тарғибгари расму русуми миллӣ, одобу ахлоқи ҳамидаи инсонӣ мебошанд, омода ва пешниҳод гардиданд.

Маҳз   мавзӯъҳои  синамо, театр, фарҳанг ва  ҳунар ҳамеша мавриди таҳлил ва баррасии муҳаррирони  барномаи  “Иттилоъ”  қарор доранд.

  Дар давоми шаш моҳ  аз тарафи шуъба 260 нашри оргиналии барномаи хабарию таҳлилии “Иттилоъ”  пешниҳод гардид, ки ҳар яке дорои 5-6 гузориш мебошад. Дар маҷмуъ,  1290 гузориш омода ва пахш карда шуд. 

Барномаи “Нахусттамуддунҳо” дар жанри мустанад таҳия гардида, бо иштироки донишмандон ва коршиносони соҳаҳои таърих, адабиёт ва сиёсат таҳия мегардад, ки меҳвари асосии барномаи мазкурро шинохти асолати миллӣ ва худшиносии миллӣ ташкил медиҳад.

Дар ин давра 26 номгӯй барномаҳои муаллифӣ мунтазам таҳия ва манзури тамошобинон гардонда шуданд.

Бо  мақсади  пурра  таъмин  намудани   кормандон  бо  шароити корӣ дар  Муассиса  сохтмони  ҳуҷраҳои иловагӣ  дар  арафаи  анҷомёбӣ  қарор  дорад.

Маъмуриятро лозим аст, ки барои боз ҳам беҳтар кардани фаъолияти Муассиса тамоми имкониятҳо истифода ва ҷиҳати  бартараф  намудани мушкилоти ҷойдошта мунтазам чораҳои зарурӣ   андешанд.

 

Муассисаи давлатии телевизиони “Варзиш” дар самти таъмини фазои иттилоотии мамлакат бо хабару гузориш ва барномаҳои ҷолиби варзишӣ нақши назаррас дорад.

Шашмоҳаи якуми соли равон барномаҳои “Вожаварз”, “Футболи тоҷик”,“Варзиш ва тиб”, “Трансфер дар амал”, “Инъикос”, “Мухлисони ашаддӣ”, “Як гузориш”, “Саҳифаи олимпӣ”, “Дар шабакаҳои  иҷтимоӣ”, “Як рӯзи варзишгар”, “Ситораи варзиш”,”Ифтихор”ва “Сайёраи варзиш”,”Худеем вместе” аз қабили барномаҳое мебошанд, ки пешкаши бинандагон гардонида шуданд.

Ҳамчунин, дар ин муддат кормандони идора баргузории Бозиҳои варзишии Тоҷикистонро пайгирӣ намуда, мунтазам аз рафти мусобиқоти мухталиф дар ин доира барномаҳоро таҳти унвони “Рӯзномаи бозиҳои варзишӣ”, ки 16 навъи варзишро дар бар мегирифт, таҳия ва пешкаши бинандагон карданд.

Бунгоҳҳои телевизиони “Варзиш” дар минтақаҳои Кӯлоб, Суғду шаҳри Бохтар ва ВМКБ дар як моҳ аз 15 то 25 хабари варзиширо пешниҳоди мухлисон менамоянд. Дар соли 2021 барои инъикоси васеъи вазъи варзиши минтақаҳои мамлакат дар вилояти Хатлон гурӯҳи эҷодӣ таъсис дода шуд.

Бори аввал  ҷараёни чемпионати мамлакат оид ба гӯштини ҷудо миёни ҷавонон дар ҳаҷми 10 соату 40 дақиқа ба таври муфассал мустақиман инъикос гардид,ки ин мувафақияти эҷодӣ дар шашмоҳаи аввал ба ҳисоб меравад.

Ҳамзамон гузоришҳо аз ҷараёни баргузории мусобиқоти кишвар оид ба гӯштини миллӣ зимни таҷлили ҷашни Наврӯз барои дарёфти “Ҷоми пойтахт”, ба таври муфассал мустақиман тули ду рӯз ҷараён гирифт, ки дар телевизиони “Варзиш” инъикос шуданд.

Дар баробари фарогирии мусобиқотҳои дохила дар эфири телевизиони “Варзиш” пахши мустақим ва ғайримустақими бозиҳои чемпионатҳои қораи Аврупо ба роҳ монда шудааст. Силсиламусобиқоти Федератсияи байналмилалии дзюдо моҳе то ду маротиба аз кишварҳои мухталифи сайёра мустақиман пешкаши ҳаводорони гӯштини дзюдо шуданд. Ҳафтаи аз 2 то 4 маротиба рақобатҳои баскетбол, мусобиқаҳои тенниси хурд ва калон манзури мухлис гардонида мешаванд.

 Муассиса дар ин давра 16 филми мустанад тарҷума ва дубляж намуд. Дар моҳи феврали соли равон аз тарафи Федератсияи футболи Тоҷикистон як  адад автомошинаи навъи Mersedes sprinter ба муассиса туҳфа гардид, ки барои кори ҳайати техникӣ ва эҷодӣ шароити муносибро фароҳам сохтанд.

Ҳамкориҳои мутақобилан судманд бо намоянданони 35 ниҳоди идоракунандаи варзишҳои мухталиф ба роҳ монда шудааст. Дар раванди фаъолияти  шашмоҳаи аввал Муассиса пахши мустақими мусобиқаҳои дохилу хориҷи мамлакатро ба роҳ монд,  ки  он 842 соатро дар бар мегирад. Ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 62 соат зиёд мебошад.

Дар ин баробар нарасидани утоқу компютери корӣ барои кормандон, танзимгоҳ барои кори хуби муҳаррирон, студия барои дубляжи филмҳои синамоӣ, бадеӣ ва мустанад, инчунин ду монитори  калон барои танзим то кунун ҳаллӣ худро наёфтааст. Барои беҳбудии кор месазад, ки ҷалби кормандони боистеъдод ва мутахассисони соҳа тариқи шартнома ба роҳ монда шавад.

 

Ҳамкорони гиромӣ!

14 апрели соли 2021 Муассисаи давлатии телевизиони «Илм ва табиат» дар вазъияти тантанавӣ расман ба фаъолият оғоз намуд ва ҳоло фарогирии аҳолии ҷумҳурӣ бо барномаҳои ин шабакаи телевизионӣ 51,2 %-ро ташкил медиҳад.

Муассиса дар як шабонарӯз 16 соат барнома пахш менамояд ва дар оянда бо фароҳам омадани шароити мусоид соати пахши барномаҳо зиёд карда мешавад.

Ҳайати эҷодиву техникии муассиса дар ин муддат фаъолияти худро дар самти инъикоси табиати зебову назаррабои минтақаҳои гуногуни дохил ва хориҷи мамлакат, дастовардҳои илмии олимони Тоҷикистону берун аз он, олами ҳайвоноти Тоҷикистон ва дигар кишварҳо, тарғиби омӯзиши илмҳои риёзиву табиатшиносӣ, тағйирёбии иқлим ва таъсири он ба муҳити зист ва дигар мавзӯъҳои мувофиқ ба формати пахш ба роҳ монд.

Мавзӯи «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» дар меҳвари барномаҳои муассиса қарор дошта, дар ин бора мунтазам барномаҳои «Арши илм» ва «Арса» таҳияву пахш мешаванд.

Муассиса дар давраи ҳисоботӣ барномаҳои «Теғи Сино», «Сайёраи умед», «Арши илм», «Парвезан», «Арса», «Сайри кайҳон», «Дар дили санг», «Ҳайвоноти нодир», «Инсон», «Дар оғӯши табиат», «Мададгор», «Чӣ тавр сохта шудааст?», «Умри дубора», «Чор унсур», «Ангора» ва «Тавсия»-ро таҳия ва пахш намуд.

Ҳамчунин, аз ҷониби кормандони муассиса 24 филми мустанади телевизионӣ дар мавзӯъҳои гуногун тарҷума ва дубляж шудааст.

Дар баробари ин, филми илмӣ-оммавии «Дастовардҳои илми тоҷик дар даврони соҳибистиқлолии кишвар», филмҳои мустанади «Қутби илм» (дар бораи ҳаёт ва фаъолияти илмии Абӯали Ибни Сино) ва «Мояи ҳаёт» дар бораи ташаббуси навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028» пешниҳоди бинандагон гардонида шуданд.

 

Дӯстони азиз!

Дар нимсолаи якумми соли ҷорӣ идораҳои телевизион ва радиои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон ва Кӯлоб  вобаста  ба  Паёми  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, бемории сироятии COVID-19, расондани кумакҳои хайриявии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, шарикони рушд, соҳибкорону шахсони саховатпеша, рушди соҳаи маориф дар зарфи 30-соли даврони соҳибистиқлолии мамлакат, дастовардҳои соҳаҳои тандурустӣ, фарҳанг, роҳҳу нақлиёт, саноат, рушди соҳаи сайёҳӣ ва имкониятҳои он, фаъолияти соҳаи ҷавонон ва варзиш, ҷараёни сафарҳои кории Президенти мамлакат ба шаҳру ноҳияҳои вилоятҳои Хатлону Суғд, солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, омодагиҳо ба ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ, озмунҳои ҷумҳуриявии “Тоҷикистон - Ватани азизи ман” “Фурӯғи субҳи донои китоб аст” ва “Илм - фурӯғи маърифат”, воқеъбинона инъикос намудани вазъи зиндагии мардум, дарёфти муаммоҳо ва роҳи ҳалли онҳо, танқиду таҳлили камбудиҳои ҷомеа, барномаҳо таҳия ва пешниҳоди тамошобинон ва шунавандагон карданд.

Инчунин, дар доираи таҷлил Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рӯзи модар, таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ ва Рӯзи Ваҳдати миллӣ барномаҳои идона ва гузоришҳо аз ҷараёни таҷлили ин санаҳои фархунда омода ва пахш карда шуданд.

Ҳамзамон, доир ба моҳият ва тақдими шоҳасари Бобоҷон Ғафуров китоби «Тоҷикон» ба ҳар як оилаи тоҷик, силсила барномаҳо ва гузоришҳои муффассал таҳия намуда, манзури тамошобинон гардониданд.  

Риояи меъёрҳои имлои забони тоҷикӣ дар барномаҳои телевизионии дар барномаҳо пайваста тарғибу ташвиқ карда мешаванд.

Ҷиҳати инъикоси омодагиҳо ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ бошад, ҳамарӯза гузоришҳо аз рафти корҳои ободонӣ ва ҳашару шанбегиҳо  пахш карда мешаванд.

Ҳамчунин ба ин муносибат дар вилояти Суғд тасмим гирифтанд, ки аз тамоми 18 шаҳру навоҳии вилоят филмҳои мустанад омода ва пахш намоянд, ки дар давоми 30 сол минтақаҳои гуногуни ба чӣ дастовардҳо ноил шуданд.

Паст будани маош ва ҳаққи қалами кормандон. Дар ин бобат бояд зикр кард, ки имрӯз телевизиони вилоят дар ҳаҷми 18 соат барномаҳои худро пахш менамояд, аммо воҳидҳои корӣ ва маблағгузорӣ на дар ҳаҷми 18 соати фаъолиятӣ мавриди амал қарор дода шуааст. 

маблағ барои роҳкиро ва ҷои хоб дар буҷа пешбинӣ нашудааст, ки асосан ба ҳамин сабаб мо кормандони худро барои омӯзиш сафарбар карда наметавонем.

Масъалаҳои дигар ин истифодаи самараноки замин, гирифтани ду се ҳосил дар як мавсим, махсусан истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ аз ҷумла заминҳои президентӣ аз ҷониби аҳолӣ мебошад. Дар ин самт аз ҷониби кормандони телевизион варадиоҳои вилояти ва Кӯлоб чораҷӯӣ карда шуда, тариқи барномаҳои мухталиф мавод омода ва пахш карда шуданд.

Новобаста ба корҳои анҷомдодашуда дар фаъолияти идораҳои телевизион ва радиои вилоятҳо ва телевизиони Кӯлоб камбудию мушкилоти зиёди эҷодию техникӣ мавҷуд мебошад, ки хусусияти якхела доранд. Сатҳи пасти касбияти кормандони идораҳои телевизион ва радиои болозикр, қобилияти ниҳоят сусти ҳайати эҷодӣ, ба андозаи зарурӣ набудани менеҷменти идории роҳбарияти ин идораҳо, мувофиқи матлаб набудани низоми ҷобаҷогузории кадрҳо дар онҳо, ниҳоят паст будани мазмуну муҳтавои барномаҳо, сатҳи пасти тафаккури сиёсӣ ва мафкураи миллии ходимон ва кормандони идораҳои мазкур ҳангоми таҳияи барномаҳо, хароб будани ороиш ва пасманзари студияҳо, сатҳи пасти маҳорати суханварӣ, барномасозӣ ва қобилияти эҷодӣ, риоя нагардидани талаботи қонунгузории соҳаи телевизион, радио, забони давлатӣ ва реклама аз ҷумлаи ин мушкилот мебошанд.

  Бинобар ин, ба роҳбарияти идораҳои телевизион ва радиои ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон ва Кӯлоб дастур дода мешавад, ки ҷиҳати рафъи камбудиҳои ҷойдошта, хусусан, беҳтар намудани мазмуну муҳтавои барномаҳои телевизионӣ ва радиоӣ тадбирҳои зарурӣ андешанд.

 

Радиои Тоҷикистон ва шабакаҳои он «Садои Душанбе», «Фарҳанг», «Овози тоҷик» бо 8 забон – тоҷикӣ,  русӣ, форсӣ, дарӣ, англисӣ, ӯзбекӣ, арабӣ ва ҳиндӣ силсилабарномаҳо ва гузоришҳои алоҳидаро омода ва тақдими шунавандагон намуданд.

Дар ин давра оид ба нуктаҳои Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 25 барномаи таҳлилӣ ва мизҳои гирд бо иштироки коршиносон таҳия гардид.

Ҳамзамон, аз ҷараёни омодагӣ ва таҷлили ҷашнҳои таърихию  касбӣ ва   рафти корҳои ободонӣ, ниҳолшинонӣ, киштукор, таъмиру омодагӣ ба обрасонии киштзорон шарҳу гузориш аз соири манотиқи кишвар дар пешниҳоди мухбирони минтақавӣ садо доданд.

Доир ба мавзӯи терроризм ва таҳдиду хатари он ба ҷомеаи ҷаҳонӣ, ифротгароӣ, хурофотпарастӣ ва фаъолияти абарқудратҳо дар минтақа ва ҷаҳон беш аз 30 барнома аз ҷониби ҳайати эҷодии идора таҳия шудааст.

Доир ба омодагиҳои соҳаҳои гуногун ба ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ, дастовардҳои замони соҳибистқлолӣ ва дигар корҳои ободониву хуррамгардонӣ силсилабарномаи “Хуррамдиёр” ва “ Сӣ авроқи рангин” дар ҳошияи сиёсати давлатии ҷавонон, аз байн бурдани тамоюли бегонапарастӣ, ҷилавгирӣ аз шомилшавии ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ, вайроншавии оилаҳои ҷавон ва хушунату зуроварӣ дар оила, пешгирии никоҳи хешутабори наздик  ва оқибатхои он, ҷалби духтарон ба таҳсил ва ҳунаромӯзӣ,  арҷгузорӣ ба фарҳангу маданияти ҳазорсола, тарғиби либоси миллӣ, бедор намудани ҳисси худшиносиву худогоҳии ҷавонон, ба ҷойи кори доимӣ таъмин намудани   ҷавонон дар шаҳру навоҳии дурдаст, роҷеъ ба эълон гардидани солҳои 2019-2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳи ва ҳунарҳои мардумӣ”, вобаста ба солҳои 2020 -2040 “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф”, инчунин  баргузории даври минтақавии озмунҳои ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст ”, “Тоҷикистон - Ватани азизи ман” ва  “Илм -фурӯғи маърифат”  ва ба хотири тозаву озода нигоҳ доштани забони тоҷикӣ аз ҳаргуна хавфу хатарҳои замони муосир ва бархурди тамаддунҳо  барномаҳо бо иштироки коршиносони соҳа дар ҳаҷми 11040 дақиқа таҳия ва пахш намуданд.

         Ҳамчунин дар ин давра маҳфили “Ширу шакар”, ки бо иқдоми Сарвари давлат роҳандозӣ гардида буд, дар барномаи “Аз табори хуршед”(24 нашр) инъикос ёфт.

Шабакаи “Садои Душанбе” дар ҳамин давра беш аз 2500 хабар, 850 гузориш ва 1200 барномаро пешниҳоди шунаванда гардонид.

Ҳамчунин 7 барномаи идонаи “Сада сад раҳ кушояд сӯйи Наврӯз”, “Артиш сипари боэътимоди Ватан”,   “Модар фаришта буд”, “Наврӯз расида аз бостон”,  “Муъҷизаи савту наво”,   “Дунё пур аз ҷавонист” ва “Ваҳдат саодат аст”  садо доданд.

          Дар партави ҳамкории судманди Кумита ва Агентии нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи нав таҳти унвони “Аз ҳавас то фоҷеа” дар шабака  роҳандозӣ кард, ки дар давраи ҳисоботӣ 3 нашри он дар ҳаҷми 90 дақиқа садо дод.

Вобаста ба тамоми чорабиниҳое, ки дар кишвар таҷлил карда шуд, зиёда аз 50-ролики тарғиботии нав омода ва пешниҳоди шунавандагон гардониданд.

Моҳияти  асосии  барномаҳои шабакаи «Фарҳанг»-ро  тарғиби  сиёсати фарҳангии  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил медиҳад. Дар давоми шаш моҳи гузашта 720 барномаи оригиналӣ дар ҳаҷми 21 000 дақиқа омода намуданд, ки дар меҳвари барномаҳо омодагиҳо ба ҷашни 30-солагии Истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон, «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ», ҷашнҳои миллӣ, аз қабили Сада, Наврӯз ва зодрӯзи бузургони илму адаб, фарҳанги миллӣ, худшиносии ҷавонон, рушди маориф ва илм, ободонии деҳот ва забони модарӣ қарор дошт.

Дар шашмоҳаи аввали соли 2021 тавассути шабакаи «Овози тоҷик» бо 8 забон дар ҳаҷми беш аз 900 барнома(18000 дақиқа) дар ҳошияи сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастрасии бештари шунавандагони бурунмарзӣ ба шиносоии бештар аз вазъи иқтисодӣ, фарҳангӣ, иҷтимоӣ, таъриху фарҳанг ва мавзеъҳои сайёҳии кишвар матраҳ гардид. 

Ҳамчунин мавзӯи муносибатҳои дипломатии кишвари мо бо мамолики дуру наздик аз мавзӯъҳои меҳварии барномаҳои шабакаи “Овози тоҷик” мебошад. Вобаста ба ин мавзӯъ беш аз 150 барнома омода ва пешниҳод шудааст.

         Сабти силсилаи хонишҳои бадеӣ ва суруду мусиқӣ дар ин давра хазинаи силсилаи хониши бадеии радио бо 172 гуфтори нав ғанӣ карда шуд. Инчунин дар ин давра аз сӯи студияи сабти овоз 132 суруд ва мусиқӣ сабту ба хазинаи тиллоии радио супорида шудаанд.

Инчунин дар ин давра якчанд лоиҳаи барномаҳои нав-«Шаҳристон», «Наврас», «Сиришт», «Номварони миллат», «Ҳазлнюш», «Ганҷинаи ҳастӣ”, «Амвоҷи ҳунар» рӯйи кор омаданд, ки барои беҳтар кардани сифати барномаҳо мусоидат карданд.

То имрӯз дар сомонаи Радиои Тоҷикистон-950 матлаб, дар «Садои Душанбе»-840, дар сомонаи шабакаи «Овози тоҷик» бо ҳашт забон-750, дар сомонаи шабакаи «Фарҳанг»-470 мавод нашр шудаанд.  Аксари онҳо навиштаву матолиби гуногунформати муаллифӣ мебошанд. Ба ҳисоби миёна ҳамарӯза дар сомонаҳои мазкур аз 5 то 13  хабару гузоришҳои тоза ба нашр расиданд.

Ҳамчунин дар баробари бо маводи зарурӣ таъмин намудани сомонаҳои зертобеаш ба тақвият бахшидани маводи чандрасонаӣ, мисли гузоришҳои видеоӣ, савтӣ, тасвирӣ ва пахши мустақими чорабиниҳо тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ мусоидат намуд.

Гузашта аз ин дар самти пахши онлайнии барномаҳо беш аз 20 нишасти матбуотӣ тавассути шабакаи Facebook (фейсбук) онлайн пахш гардид, ки ҳар якеро дар як вақт аз 4 ҳазор то ба 16 ҳазор тамошо карданд.

Ин боиси он гардид, ки тибқи назарсанҷии Ташкилоти ҷамъияти “Хома” Радиои Тоҷикистон дар қатори 5 расонаи фаъоли инъикоскунандаи нишастҳои матбуотӣ ворид гардид.

То кунун Радиои Тоҷикистон ва шабакаҳои он  дар шабакаҳои иҷтимоии Фейсбук, Инстаграм, Вконтакте, Твитер ва Телеграм саҳифаҳои расмӣ дошта, дар видеопортали Ютуб каналҳои алоҳида боз гардидаанд.

Дар давраи ҳисоботӣ ба почтаи электронии Радиои Тоҷикистон ва шабакаҳои он 21 мактуб аз кишварҳои ИМА, Русия, Тунис, Олмон, Афғонистон, Покистон, Эрон, Люксембург, Ҳиндустон, Канада ва Аргентина ворид гардид.

Ҳамчунин, дар ин давра Радиои Тоҷикистон аз ҷониби  Кумитаи ҷоизаҳои Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ба ҷоизаи “Радиои сол” мукофотонида шуд.

 

ҶСК «Телерадиоком» дар ин муддат бо таҷҳизоти пурқудрати пахши шабакаҳои  телевизионӣ 667 ҳазору 982 соат фаъолият карда, таҷҳизоти камқудрати пахши телевизионӣ бошад 4 071 055 соатро ташкил додааст.

Воситаҳои техникии пахши шабакаҳои радиошунавонӣ дар ин давра 375 575 соат хизматрасонӣ кардаанд.

Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Телерадиоком» барои интиқол додани мавҷ аз телевизиони «Илм ва табиат» то Маркази интиқоли мавҷҳои радио ва телевизионии №1 хати нурӣ нахии навъи ОК24-ро бо дарозии 4 ҳазор метр кашонда, онро ба истифода дод.

Инчунин, барои пахши барномаҳои телевизиони «Илм ва табиат» 3 фиристандаи рақамиро дар шаҳри Душанбе дар канали 42 бо иқтидори 3200 Вт, дар маҳали Ташроботи вилояти Хатлон дар канали 36 бо иқтидори 1250 Вт ва дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд дар канали 41 бо иқтидори 1250 Вт насб намуд. Интихоби макони насби фиристандаҳои мазкур дар ин минтақаҳо аз сабаби сераҳолӣ ва дар ҳамворӣ ҷойгир буданашон бартарият дошта, фарогирии аҳолии ҷумҳурӣ бо пахши телевизиони «Илм ва табиат» 51,2%-ро ташкил дод.

Дар давраи ҳисоботӣ дар маҳали Нефтеободи ноҳияи Исфара ва дар маркази ноҳияи Ванҷи ВМКБ барои пахши барномаҳои радиои “Садои Душанбе” фирситандаҳои FM насб ва ба истифода дода шуд, ки қаблан дар ин минтақаҳо барномаҳои радиои мазкур пахш намегардид. Дар натиҷа зиёда аз 222 000 нафар сокинони ин минтақа бо барномаҳои радиои “Садои Душанбе”  фарогир шуданд. Ин нишондод боис гардид, ки фоизи фарогирии аҳолӣ бо барномаҳои радиои “Садои Душанбе” дар сатҳи ҷумруҳӣ аз 65,8%-и қаблӣ ба 68,22% расонида шуд.

Дар назар аст, ки дар доираи иҷрои марҳилаи дуюми «Барномаи давлатии рушди пахши телевизиони рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2024» дар соли 2021 24 адад фиристандаҳои гуногуниқтидор дар маркази шаҳру ноҳияҳои  Истиқлол, Спитамен, Шаҳристон, Сангвор ва маҳалҳои Ашти поёни ноҳияи Ашт, Навдонаки ноҳияи Рашт, Хундара ва Қашқараки ноҳияи Файзобод, Сангтудаи ноҳияи Данғара, Пушёни миёнаи ноҳияи Восеъ, Кулдараи ноҳияи Ховалинг, Сари Хосори ноҳияи Балҷувон, Колхозчиёни шаҳри Панҷакент, Росторвути ноҳияи Деваштич, Зуманди ноҳияи Варзоб, Купрукбошии ноҳияи Лахш, Кӯҳсори шаҳри Турсунзода, Хумдони ноҳияи Нуробод, Мун ва Сучони ноҳияи Шуғнон, Шуҷанди ноҳияи Рушон, Теми шаҳри Хоруғ, Техарви ноҳияи Ванҷ ва Туябиёни ноҳияи Темурмалик насб карда шаванд.

Айни ҳол фарогирии пахши барномаҳои шабакаҳои давлатии телевизионӣ дар пахши рақамӣ ба 72% баробар буда, баъди насби фиристандаҳо дар маҳалҳои зикршуда фарогирии аҳолии ҷумҳурӣ бо пахши барномаҳои телевизиони рақамӣ то анҷоми соли 2021 ба 78,5% расонида мешаванд.

Барои бо сифат ташкил кардани пахшҳои мустақим аз дилхоҳ макони баргузории чорабиниҳо нақлиёти тамғаи Мерседес Спринтер харидорӣ шуда, аз ҷониби мутахассисони Ҷамъият дастгоҳҳои пахшкунандаи моҳвораӣ дар он насб карда шуданд.

Дар ин давра мутахассисони Ҷамъият сари вақт интиқоли навору гузоришҳои телевизиониро аз ҷараёни сафари кории Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру ноҳияҳои вилоятҳои Суғду Хатлон ва сафари Пешвои миллат ба Ҷумҳурии Исломии Покистон тавассути махзани - FTP  саривақт ва босифат таъмин намуд, ки кормандони шабакаҳои телевизион ва радиоҳои давлатӣ аз он пурра истифода карданд.

Ҷамъият рангубори манораи Марказии шаҳри Душанберо бо баландии 198 метр оғоз кардааст, ки моҳи июли соли ҷорӣ ба анҷом расонида мешавад. Инчунин, дар ин муддат Ҷамъият коргоҳи хурд барои истеҳсоли маводи сохтмонии родбанд, шпаклёвка, ширеш барои кафел ва коргоҳи истеҳсоли дару тирезаҳои пластикиро таъсис дода, маҳсулоти истеҳсолшаванда барои эҳтиёҷоти истеҳсолии корхона ва анҷом додани корҳои таъмирӣ ва азнавсоии марказҳои интиқоли мавҷҳои телевизионӣ, радиоӣ ва истгоҳҳои радиотелевизионӣ истифода мегардад.

Дар ин давра 218 адад фиристандаҳои телевизионӣ ва радиоӣ таъмир ва 92 адад дастгоҳҳои антеннию фидерӣ танзим карда шуданд.   

  Таҳлилҳо нишон дод, ки аксари биноҳои техникӣ ва ёрирасони истгоҳҳои радиотелевизионӣ ба таъмири ҷорӣ ва капиталӣ, инчунин манораҳо, ки барои пахши барномаҳои шабакаҳои телевизион ва радиои давлатӣ хизмат мерасонанд ба рангубори навбатӣ эҳтиёҷ доранд.

Гуфтан ба маврид аст, ки истгоҳҳои радиотелевизионӣ дар ноҳияҳои Данғара, Ховалинг, Фархор, Қабодиён, Шаҳритус, Тоҷикобод ва Лахш, Ҷамъият барои маҳкам кардани гирду атрофи истгоҳҳои радиотелевизионӣ чораҳои таъхирнопазир андешида, марҳила ба марҳила ҳудуди онҳоро бо панҷараҳои оҳанин маҳкам карда истодааст. 

Ҳангоми боздид аз шаҳру навоҳии минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон ва минтақаи Рашт муайян гардид, ки фарогирӣ ва пахши барномаҳои шабакаҳои радиоӣ беҳбудиро талаб менамоянд.  Чунки аз 4 шабакаи радиои давлатӣ дар баъзе минтақаҳои мазкур пахши 4 шабака ва ҷойи дигар пахши 2 ва 1 шабакаи радиоӣ ба роҳ монда шудааст. Аз ин хотир, зарурат ба миён омадааст, ки барои пурра таъмин кардани аҳолӣ ба пахши барномаҳои радиоҳои давлатӣ дар тамоми қаламравӣ ҷумҳурӣ Барномаи давлатӣ қабул карда шавад.

Ҳолати таъмирталаб будани истгоҳҳои радиотелевизиониро ба назар гирифта, Ҷамъият барои азнавсозии онҳо нақша тартиб дод. Айни ҳол корҳои таъмирӣ ва азнавсозӣ дар истгоҳи радиотелевизионии ноҳияи Қабодиён оғоз гардидааст. Инчунин, таъмиру азнавсозии даромадгоҳ, хонаи посбонон, биноҳои техникӣ ва меҳмонхонаҳои Маркази радиоии №5-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ, Маркази радиоии №1-и ноҳияи Рудакӣ ва Маркази интиқоли мавҷҳои радио ва телевизионии №2-и шаҳри Хуҷанд шуруъ шудааст.

Дар нақша аст, ки то охири соли ҷорӣ аз Марказҳои интиқоли мавҷҳои радио ва телевизионии Суғду ВМКБ ва истгоҳҳои радиотелевизионии шаҳру ноҳияҳои вилоятҳои зикршуда сафарҳои корӣ анҷом дода шавад.

Бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоиди кории кормандон зарурат ба миён омад, ки саридора ва шуъбаву сехҳои Ҷамъиятро дар як ҳудуди идора ҷамъ намоем. Бинобар ин, дар ин муддат барои ҷойгир намудани кормандони сехи таъмир ва такмил, сехи нақлиётӣ, шуъбаи назорати пахши барномаҳои радиоӣ ва гурӯҳи сохтмончиён 13 утоқ сохта шуда, аз таъмири капиталӣ бароварда шуданд.

Дар ин давра Оинномаи Ҷамъият, ҷадвали воҳидҳои корӣ, низомномаву дастурамали кормандони раёсату шуъба ва сехҳо дар таҳрири нав қабул карда шуданд.

Инчунин, аз ҳисоби бастҳои холии Саридора шуъбаи байналмилалӣ ва шуъбаи иттилоотӣ - коммуникатсияонӣ ташкил карда шуда, аз ҳисоби кормандони Ҷамъият, ки ихтисосашон ба ваколатҳои шуъбаҳои навтаъсис мувофиқат мекунад, ба кор қабул карда шуданд.

Ҳамзамон, кормандони ҳайати техникӣ, хоҷагидор, фаррошон, гурӯҳи сохтмончиён бо либоси махсуси ягонаи корӣ таъмин гардиданд.

 

Дар давраи ҳисоботӣ  роҳбарият ва  мутахассисони Маркази техникии телевизион ва радиои ҷумҳуриявӣ Паёми навбатии Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, чорабинии «Шоми Дӯстӣ» ва дигар чорабиниҳои муҳими сиёсӣ, ҷашну идҳои милливу давлатиро сабту танзим намуда, бо сифати баланд пахш намуданд.

          Дар доираи корҳои бунёдкорию-сохтмонӣ дар бинои Маркази техникӣ таъмири утоқҳои кории муҳофизон ва кормандони сехи нақлиётӣ бо муҳайё намудани шароити корӣ ба анҷом расонида шуданд. Инчунин таъмири ҷории тагхонаи бинои «Телевизиони Тоҷикистон» ба роҳ монда шуда, қубурҳои оби хунук ва ҷумакҳои оташнишонии бинои мазкур пурра иваз гардиданд. Бо мақсади дуруст ба роҳ мондани ҳуҷҷатгузорӣ ҷиҳати аз нав таҳия намудани шиносномаи техникии бинои Маркази техникӣ ва Хонаи Радио бо идораҳои дахлдори давлатӣ ҳамкорӣ ба роҳ монда шуда, кор дар ин самт идома дорад.

Бо мақсади боз ҳам беҳтар гаштани сатҳу сифати кори соҳа роҳбарияти Маркази техникии телевизион ва радиои ҷумҳуриявиро зарур аст, ки:

- барои иваз намудани таҷҳизоти маркази пахши барномаҳо, дастгоҳҳои наворбардорӣ ва таъмини бинои кории ТМТ «Шаҳнавоз» ва телевизиони “Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ”  чораҳои зарурӣ андешад.

         - дар ҳамкорӣ бо идораҳои дахлдори давлатӣ шиносномаи техникии бинои маркази техникӣ ва Хонаи радиоро аз нав таҳия намояд.

 

         Академияи воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон дар  давоми шаш моҳи соли як қатор машғулияту семинар, омӯзиши афкори оммаву ҳамоишҳоро доир намуд.

         Аз ҷумла, барои мудирони шуъбаҳои кадрии шабакаҳои телевизион ва радио 20 январи 2021 дарси маҳоратро бахшида ба коргузорӣ доир намуд.

         Ҳамзамон рӯзи 28 январ бо иштироки нависанда, узви итиффоқи журналистони Тоҷикистон Маҷид Салим вохӯрӣ бо кормандон ва донишҷӯёни факултети журналистикаи ДМТ ва бахшҳои журналистикаи донишкадаҳо доир гардид.   

        Дар асоси мактуби идораи телевизион ва радиои вилояти Хатлон машғулияти омӯзишӣ  дар мавзуи “Таҳияи гузоришҳои хабарӣ” бо иштироки омузгорон аз 15 феврал то 22 феврал гузаронида ба 15 нафар иштирокчиёни ин машғулияти омӯзишӣ Шаҳодатномаи Академияи ВАО-и Тоҷикистон супорида шуд .

        Мутаассифона, таҳлилҳое, ки гузаронида мешаванд, нишон медиҳанд, ки ҳанӯз бисёри кормандони эҷодӣ, хусусан журналистон, зери дастурҳои роҳбарони худ ҳамон шакли куҳнаи гузоришҳои хабариро идома дода истодаанд.

        Барои додани маълумоти амиқ оид ба ҷашнҳо ба намояндагони васоити ахбори омма, дарси маҳоратро 09.02.2021 бо директори Пажуҳишгоҳи фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилшод Раҳимӣ доир гардонд.

Аз  санаи 22 то 26 феврали соли 2021 машғулияти омӯзишӣ дар  мавзӯи «Технологияи муосири истифодаи садо»-ро барои коргардонҳои овоз ва танзимгарони барномаҳои телевизион ва радио баргузор намуд,  ки дар  он  20  нафар аз  шабакаҳои  телевизиону радиои давлатӣ ва 2 нафар  аз  шабакаҳои мустақили радиои  иштирок  намуданд, ки  аз инҳо 17 нафар барои  гирифтани Сертификати Академияи ВАО пешниҳод  шуданд.

Аз  5-уми апрел то 9-уми апрели соли 2021 курси махсус  барои пардозгарони шабакаҳои телевизионҳо гузаронида шуд. Вале бо сабабҳои гуногун идораи телевизионҳои вилояти Хатлон, Суғд, ВМКБ ва телевизиони Кӯлоб намояндагони худро ба машғулияти омӯзишӣ нафиристонданд. Машғулияти омӯзишӣ бо иштироки 8 нафар пардозгарони телевизион гузаронида шуда, ҳамаи онҳо соҳиби Шаҳодатномаи Академияи ВАО - Тоҷикистон гардиданд. 

         Гурӯҳи кори рӯзҳои 17.05.2021 то 26.05.2021 ва аз 7.06 то 13 июн кормандони барои муайян намудани мавқеи шаҳрвандон нисбати фаъолияти шабакаҳои радиоию телевизионӣ, оҷонсиҳо ва нашрияҳои кишвар дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон  қарор доштанд. 

          Дар моҳи январ мониторинги сомонаҳои 12 нашрияҳои расмӣ ва хусусӣ: “Ҷумҳурият”, “Садои мардум”, “Минбари халқ”, “Народная газета”, “Халқ овозӣ”, “Ҷавонони Тоҷикистон”, “Омӯзгор”, “Адабиёт ва санъат”, “Фараж”, “Азия плюс”, “СССР” ва маҷаллаи “Бонувони Тоҷикистон” гузаронда шуд. Аз 12 нашрияи мавриди таҳқиқ қарор гирифта, маълум гардид, ки сайти рӯзномаи “Фараж” дастнорас аст. Сомонаи фаъолтарин аз нашрияи расмии “Садои мардум” ва рӯзномаи  “Азия плюс” мебошанд, ки ҳамарӯза дар саҳифаҳои онҳо матолиби нав нашр мешаванд. Дар баробари ин саҳифаи фейсбукии “Азия плюс” аз серхонандатарин ба ҳисоб меравад. Саҳифаи фейсбукии нашрияи “Народная газета” бошад, хонандаи зиёд надорад. Натиҷаи ин мониторинг ба роҳбарияти муассиса пешниҳод карда мешавад.

        Моҳи феврал назарсанҷӣ ҷиҳати муайян намудани мавқеи сокинон оид ба муҳтавои барномаҳои “Телевизиони Тоҷикистон” иштирок намуданд.

Давоми се рӯз дар машғулияти омӯзишии “Нашрияҳои маҳаллӣ: имконият ва воқеият” 33 нафар сармуҳаррир ва суратгирони нашрияҳои минтақаи вилояти Хатлон иштирок карданд. Аз ин ба 29 нафари онҳо шаҳодатнома (сертификат) супорида шуд. Машғулият ба шакли озод сурат гирифта, табодули таҷриба ва назар карда шуд. 

Дар моҳи май соли 2021 машғулияти омӯзиширо дар мавзӯи “Маҳорати аксбардорӣ” бо иштироки Заур Дахте баргузор намуд. Машғулият ба таври назариявӣ ва амалӣ гузаронида шуда, иштирокчиён  оид ба таърихи пайдоиш ва ва дигар нозукиҳои касби аккосӣ маълумот гирифтанд.

Умуман, дар шаш моҳи соли ҷорӣ 8-то машғулияти омӯзишӣ, 3 ҳамоиш ва 2 назарсанҷӣ гузаронида шуд. Дар машғулиятҳои омӯзишӣ ҳамагӣ 107 нафар иштирок намуда, аз он 96 нафар шаҳодатномаи Академияи ВАО-ро гирифтанд.

Назарсанҷӣ барои телевизиони “Тоҷикистон” дар моҳи феврал дар ҳудуди ноҳияҳои тобеи марказ ва дувум моҳи май-июн дар ҳудуди шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон бо теъдоди 3060 нафар гузаронида шуд.

Гузаронидани назарсанҷиҳо аз он гувоҳӣ медиҳад, ки  ҳанӯз дар кори расонаҳо камбудиҳо аз нигоҳи эҷодӣ ба назар мерасанд. Боиси хурсандист,ки бо истифода аз технологияи ҳозиразамон мардум аз шабакаҳои интернетӣ ба маротиб зиёд шудааст. Истифода аз сомонаҳои расонаҳо ва хондани рӯзномаҳо бевосита аз худи сомонаи онҳо аз ин шаҳодат медиҳад. Дастрасӣ ба рузномаҳои хусусӣ дар ҷумҳурӣ хело коста шудааст ва дӯконҳои фурӯши нашрияҳо дар шаҳру ноҳияҳо қариб, ки нест.

 

Дустони азиз!

Маъмурияти ҷалби дастаҳои ҳунарӣ ва мусиқӣ барои барномаҳои телевизион ва радио бахшида ба солгарди иду ҷашнҳо, ташрифи меҳмонони олиқадр ва чорабиниҳои муҳими сиёсию фарҳангӣ барномаҳои пурмӯҳтавои фарҳангӣ омода ва баргузор намуд.

Гурӯҳҳои ҳунарии Кумита дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии щаҳри Душанбе, вазорату кумитаҳои марбута  барномаҳои консертиро бахшида ба «Рӯзи пойтахт», Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон, иқдоми «Шабе дар осорхона» бахшида ба Рӯзи байналмилалии осорхонаҳо, 110 - солагии комозитор, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Фазлиддин Шаҳобов,  фестивалҳои «Чакомаи гесӯ», «Сад ранги чакан», «Ҳунар беҳтар аз зар бувад», барномаи ҳунарии «Ҷовидон бод ҷавонӣ ва ҷавонон» ва озмуни «Кандакорӣ, гаҷкорӣ ва кундалнигорӣ» барои сокинони пойтахт пешниҳод намуданд.

Ҳамзамон,  бахшида ба эълон гардидани шаҳри Душанбе ҳамчун пойтахти фарҳангии Иттиҳод -2021 ва «Рӯзи Шашмақом» дар амфитеатри боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсӣ барномаи пурмӯҳтавои ансамбли давлатии «Шашмақом» пешниҳоди сокинони пойтахт гардид.

Дар ин зимн, гурӯҳҳои ҳунарӣ 3 барномаи консертиро барои кормандони Кумита бахшида ба «Рӯзи Модар», Наврӯзи байналмилалӣ ва 91-солагии Радиои Тоҷикистон  баргузор намуданд.

Бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 то 20 марти соли ҷорӣ дар толорҳои консертии шаҳри Душанбе маҳфилҳои шеъру суруд бо иштироки адибону ҳунармандон пешбинӣ гардида, дар ин зимн, ҳунармандони гурӯҳҳои ҳунарии Кумита дар маҳфилҳои адибон Давлат Сафар, Камол Насрулло, Рустам Ваҳҳобзода ва Низом Қосим ширкат намуданд.

Ҳамзамон, ба ифтихори ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ 4 барномаи нави ҳунармандони Кумита иборат аз  21 суруду мусиқӣ ва ҷашни  «Ваҳдати миллӣ» 44 суруду мусиқӣ дар шабакаҳои марказии телевизион сабт гардиданд.

Дар давраи ҳисоботӣ озмуни «Навои Истиқлол» бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон  гардида, он 12 марти соли ҷорӣ ҷамъбаст гардид. 

Аз асарҳои ба кумитаи тадорукоти озмун воридгардида 19 асари мусиқиаш ба барномаи театрикунодидашудаи ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 7 асари мусиқӣ ба барномаи консертӣ ба ифтихори 28-солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид гардид.

Дар даври ниҳоии озмун 20 асари мусиқӣ қабул гардид. Аз 10 нафар ғолибон 7 нафар ҷойҳои ифтихориро аҳли эҷоди Кумита соҳиб гардиданд. Зимнан, асарҳои қабулгардида ба ҳамаи барномаҳои ҷашнӣ дар мувофиқа бо масъулони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид гардиданд.

Ҳамин тариқ, дар давраи ҳисоботӣ Ансамбли давлатии «Шашмақом» ба номи Фазлиддин Шаҳобов 55 суруду оҳанг, аз ҷумла, 25 суруд барои фонди радио, 30 суруду оҳанг  дар шабакаҳои телевизионӣ, Ансамбли давлатии «Фалак» 49 суруду оҳанг, аз ҷумла, 16 суруду оҳанг  барои фонди радио, 33 суруду оҳанг  дар шабакаҳои телевизионӣ, ансамбли «Дарё» 48 суруду оҳанг, аз ҷумла 18 суруду оҳанг  барои фонди радио, 30 суруду оҳанг  дар шабакаҳои телевизионӣ ва ансамбли эстрадии «Ориё» 28 суруду оҳанг, аз ҷумла,  14 суруду оҳангро барои фонди радио, 14 суруду оҳангро дар шабакаҳои телевизионӣ сабт намуда, ансамбли рақсии «Гулрез» 18 рақси навро саҳнавӣ гардонд.

Дар умум,  дар давраи ҳисоботӣ нақшаи репертуарӣ пурра иҷро гардида, 178 суруду оҳанги нав барои фонди радио сабт гардида, 35 суруду нав барои сабт  омода шуд, 213 суруду оҳанг ва рақс (195 суруд ва 6 рақс) барои Фонди телевизион сабт гардид.

Теъдоди умумии суруду оҳангҳои нави гурӯҳҳои Кумита дар давраи ҳисоботӣ 213 ададро ташкил дод, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли 2020 (79 суруду оҳанг ва 14 рақс) 116 асари мусиқӣ ва 4 рақс зиёд мебошад.

Роҳбарияти Маъмурияти ҷалби дастаҳои ҳунариро зарур аст, ки минбаъд: 

- ҷиҳати дар сатҳи баланд омода намудани барномаҳои фарҳангӣ дар доираи баргузории чорабиниҳои давлатӣ тадбирҳои саривақтӣ андешад;

- бо мақсади дарёфти чеҳраҳои нави ҳунар ва истеъдодҳои нодир ҳамчун муассисаи базавии иҷрокунандагӣ ва таълимӣ тавсеа дода шавад.

 

Ба хазинаи навори  видеоӣ  ва филмҳои  Бойгонии Кумитаи телевизион ва радио дар давраи ҳисоботӣ 9 маводи мукаммал ва навори намоишҳои идона, вохӯрӣ ва суханрониҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ворид шудааст. Ҳамчунин, 338 номгӯйи барнома ва филмҳои телевизионӣ дар шакли электоронӣ ба хазина супорида шудааст.

Дар шаш моҳ маводи 140 фитта аз формати DVCam ва 75 фитта аз формати  SP ба рақамӣ (ба компютер) гузаронда шуд. Феҳристи 1479 маводи телевизионӣ тартиб дода шуда, 2403 мавод муқовабандӣ ва ба феҳристи 3731 мавод ислоҳ ворид гардид.

Ба хазинаи сабти овоз бошад, дар ин давра 2177 барнома дар таҳия ва пешниҳоди гурӯҳҳои эҷодии шабакаҳои радиоии кумита ворид карда шуд, ки бештар маводи таҳиянамудаи кормандони Радиои Тоҷикистон ва шабакаҳои он, махсусан Радиои Тоҷикистон ва “Фарҳанг”-ро дар солҳои 2018 – 2020-ум дар бар мегиранд. Аз силсилаи хонишҳои бадеӣ ва адабӣ дар ин давра 362 гуфтор, аз ҷумла аз рӯйи асарҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Уфуқҳои истиқлол” ва “Забони миллат – ҳастии миллат” (китоби дуввум) 83 гуфтор баробар ба 41 соат, аз рӯйи асари сегонаи Ҷалол Икромӣ “Духтари оташ”, “Дувоздаҳ дарвозаи Бухоро”, “Тахти вожгун” 162 гуфтор баробар ба 81 соат ва аз рӯйи Девони Камоли Хуҷандӣ  117 гуфтор баробар ба 39 соат ворид гардид. 

4680 суруду оҳанг ва асарҳои мусиқии ҷаҳонӣ аз эҷодиёти П. И. Чайковский, Мусоргский, Шопен, Шуберт, Гендел, Л. И. Бетховен, В. А. Мотсарт, Г. Свиридов, Клод Дибюсси ва дигарон, ки қимати баланди бадеӣ доранд, аз лентаҳои магнитӣ ба рақамӣ баргардон ва дар рафҳои хазинаи мусиқӣ ҷойгир карда шуданд.

Аз тарафи студияи сабти овози идораи барномаҳои мусиқии Радиои Тоҷикистон бошад, дар ин давра 228 суруду оҳанг дар иҷрои ҳунармандони дастаҳои ҳунарии Кумита, артистони Театри академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ, ҳунармандони театрҳои гуногуни ҷумҳурӣ сабт ва ба хазинаи мусиқии Радиои Тоҷикистон пешниҳод гардиданд.

Мушкилоти ягонае, ки дар масъалаи ба Бойгонӣ супоридани маводи телевизионӣ ва радиоӣ ҷой дорад, ин механизми ба хазина супоридани мавод мебошад. Аз ин рӯ, пешниҳод мегардад, ки маводи телевизионӣ ва радиоӣ танҳо дар асоси хулоса ва қарори Шӯрои бадеӣ, ки дар Телевизиони Тоҷикистон ва Радиои Тоҷикистон фаъолият менамоянд, ба Бойгонӣ супорида шавад.

 

Дар шашмоҳаи якуми соли 2021 ҳафтаномаи «Ҷаҳони паём» 209 маводи гуногунжанр ба табъ расонд, ки аз ин теъдод 148-тояш бевосита ба соҳаи телевизион ва радио дахл дорад.

Масъалаи дигаре, ки дар маркази диққати ҳайати эҷодӣ қарор дорад, ҷавоб ба бадхоҳону хоинони миллат мебошад, ки тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ нисбат ба давлату Ватан бадгӯиву душманӣ мекунанд. Дар ин самт беш аз 17 маводи таҳлилӣ ба табъ расонида шудааст, ки ҷомеаро ба худшиносию худогоҳӣ ва рӯзноманигоронро ба иҷрои рисолати касбӣ даъват менамуданд.

Дар маҷмуъ, нақши ВАО дар ташаккули афкори ҷомеа, вазъи имрӯзаи матбуоти тоҷик, таҳкими иқтидори эҷодию техникии соҳа, инъикоси воқеият дар радио, нақши шабакаҳои телевизионию радиоӣ дар пешгирии ифротгароӣ, тарбияи мутахассисони соҳа, журналистикаи экологӣ, манфиат ва хатари шабакаҳои иҷтимоӣ, рисолати журналистикаи байналхалқӣ, мафкурасозӣ дар фазои иттилоотӣ, рисолати ВАО дар ҷаҳонишавии иттилоот, ҷангҳои иттилоотӣ-равонӣ, ВАО-и электронӣ дар замони истиқлол, таърихи ВАО-и интернетӣ, мақоми фарҳанг дар ташаккули шахс ва рушди телевизиону радио дар масири истиқлол аз мавзӯъҳое буданд, ки дар ҳафтанома таҳлилу баррасӣ шуданд.

 

Ҳозирини арҷманд!

Бо мақсади баланд бардоштани завқи китобхонию шеърдонӣ, тақвияти неруи зеҳнӣ, баланд бардоштани маҳорати эҷодию суханварӣ ва малакаи касбию ҳунари ровигӣ, арҷгузорӣ ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, такмили захираи луғавӣ ва тақвияти ҷаҳони маънавӣ бори аввал дар байни кормандони воҳидҳои сохтории кумита рӯзҳои 30-31 май ва 01-02 июни соли 2021 озмуни адабии “Эъҷози сухан” аз рӯйи ду номинатсия: “Китобхонӣ” ва “Шеърдонӣ” баргузор карда шуд, ки дар он беш аз 160 корманди воҳидҳои сохтории Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон асосан аз ҳисоби кормандони эҷодии шабакаҳои телевизионӣ ва радиоӣ ширкат варзид.

Дар натиҷа 2 нафар ҷойҳои якум, 4 нафар ҷойҳои дуюм ва 6 нафар ҷойҳои сеюмро соҳиб шуда, ғолибон мутаносибан сазовори диплом, 10, 7 ва 5 ҳазор сомонӣ (дар маҷмӯъ, 12 нафар соҳиби 78 ҳазор сомонӣ) гаштанд. Инчунин, 15 нафар барои иштироки фаъолона соҳиби сипоснома ва 1000 сомонӣ (дар маҷмӯъ, 15 ҳазор сомонӣ) шуданд ва ба 24 нафари дигар ба ҳар яке 500 сомонӣ (дар маҷмӯъ, 12 ҳазор сомонӣ) ва китоби “Расонаи зиндагӣ” тақдим гардид.

Ҳамзамон, бояд зикр намуд, ки дар кумита бори аввал даври якуми озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” доир карда шуд, ки дар он беш аз 30 нафар кормандони воҳидҳои сохторӣ ширкат варзида, 10 нафар ба даври дуюми озмуни мазкур роҳ ёфтанд ва ба комиссияи ноҳиявӣ ба ноҳияи Исмоили Сомонӣ пешниҳод гардиданд.

Инчунин, бо мақсади мунтазам баланд бардоштани завқи китобхонию шеърдонӣ, тақвияти неруи зеҳнӣ, баланд бардоштани маҳорати эҷодию суханварӣ ва малакаи касбию ҳунари ровигӣ, арҷгузорӣ ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, такмили захираи луғавӣ, тақвияти ҷаҳони маънавии кормандон ва ба ин васила беҳтар намудани сатҳу сифати барномаҳо дар заминаи озмунҳои  “Эъҷози сухан” ва “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” дар Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳфилҳои илмию адабии “Сеҳри сухан” (барои дӯстдорони сухану ҳунари ровигӣ), “Навқалам” (барои алоқамандони шеъру шоирӣ) ва “Хирадмандон” (барои дӯстдорони китобу китобхонӣ) ташкил гардида, низомномаҳои онҳо таҳия ва бо фармоиши раиси кумита аз 23.06.2021, №32, тасдиқ карда шуд.

 

Муҳтарам аъзои мушовара, кормандони соҳаи телевизион ва радио!

Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун дастгоҳи идеологии давлат минбаъд низ дар асоси дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ фаъолияти худро ба роҳ монда, ҷиҳати дар сатҳи баланд баргузор ва инъикос намудани чорабиниҳои муҳимми сатҳи ҷумҳуриявию байналмилалӣ, намоишу гуфторҳои наву ҷолиб пешниҳод карда, барои дар рӯҳияи баланди миллатдӯстию меҳанпарастӣ тарбия намудани ҷомеаи Тоҷикистон саҳми арзанда мегузорад.

 

Ташаккур ба диққататон!

 

 

Search