Гуруҳи 24 хатар ба насли ҷавони даврони Истиқлолият

Имрўзҳо баъд аз ба даст овардани истиқлолияти сиёсӣ ва ба имзо расидани Созишномаи умумии Истиқрори сулҳ ва ризояти милли, кишвари моро дар хориҷи мамлакат бисёр давлатҳо расман мешиносанд ва муносибаҳои дустию бародариро ба роҳ мондааст. Вале таъкид кардан ба маврид аст, ки гурӯҳе бо номи «Гуруҳи 24» мехоҳад дар хориҷи мамлакат истода бо ҳар роҳу усулуҳои номатлуб ва бо ҷори кардани ҳаргуна хабарҳои дурӯғ дар шабакаҳои интернетӣ ба мақсадҳои ғаразонаи худ бирасанд.. Воқеаҳои солҳои 90-уми қарни гузашта исбот намудааст, ки ба сулҳу Ваҳдати миллӣ расидани тоҷикон ин таҷрибаест барои дигарон. Зеро, ки барои расидан ба ин ҳадаф аз чӣ қадар ҷоннисориву ҷонкоҳиҳо гузаштааст мардуми шарафманди тоҷик. Бояд қайд кард, ки дар шароити имрӯза вақте, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон аллакай бо пешравиҳои худ дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ дар дохил ва муносибатҳои байналхалқӣ худро муаррифӣ карда истодааст ва пайваста кӯшиш намуда истодааст, ки мардум осудаҳол бо меҳнати ҳалоли худ зиндагии худро ба пеш баранд. Лекин дар ҳама давру замон нафароне ба назар мерасанд ба мисли «Гуруҳи 24», ки мехоҳанд бо ҳар гунна амалҳои нопоки худ дар байни ҷомеа низоҳои сиёсиро барангезанд.

Мутаассифона, шомилшавии ҷавонон ба ҳар гуна гурўҳҳои террористиву экстремистӣ, ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунӣ рўз аз рўз зиёдтар ба назар мерасад. Зеро асосан ҷавонон ҳадафи гуруҳҳои террористӣ ва экстремистӣ қарор мегиранд. Бинобар ин хонандагони мо бояд мушоҳидакор, дурандеш, хирадманду зирак бошанд. То ба доми бозиҳои сиёсии хоинон кашида нашаванд. Мо бояд дуруст дарк намоем, ки барои «Гуруҳи 24» ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон тамоман муҳим нест. Мақсад бедор кардани нафрату бадбинии мардум нисбат ба Ҳокимият аст.

Бинобар ин аз ҳар як шаҳрвандӣ кишвар ва ҳар як фарди миллати дӯсту бедордили тоҷик, ки дар қалби хеш фақат як орзу мепарварид: сулҳу салоҳ бошад ва пайваста дар фазои осоишта, ваҳдату ҳамдилӣ умр ба сар баранд вале «Гуруҳи 24» мехоҳад, ки амалҳои нопоки худро анҷом дода тафаккури созандаву иродаи шикастнопазир, фитрати баланду ваҳдатпарвари азалии мардуми моро паст намоянд.

Алимамадов Имомназар, сокини шаҳри Хоруғ

Search