ҲНИ ЯКЕ АЗ ШОХАҲОИ АСОСИИ ЭКСТРЕМИЗМ ВА ТЕРРОРИЗМ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Вобаста ба вазъияте, ки имруз ба амал омадааст, яке аз самтҳои  афзалиятноки сиёсати давлатҳо  мубориза бар зидди экстремизм ва терроризм мебошад. Мубориза бо экстремизму терроризм дар Тоҷикистон ҳарфи нав нест. Аз соли 2005 ба ин сӯ, дар ҷомеаи Тоикистон ин ҳарф буду ҳаст, ки такрори он ҳама зарурат надорад. Манзур аз 10 соли ахир ҳамоно муборизаҳо дар дохили худи Тоҷикистон аст, зеро хатари терроризм ва экстремизм – «ду шарр»-и мавзӯи нишасти мавриди назари мо ҳанӯз ба тамоми маъно боқӣ мондааст. Имрӯз агар мо сухан оиди ташкилотҳои террористӣ ронем, дар аввал ташкилоти экстремистӣ-террористии Ҳизби наҳзати ислом ба ёд мерасад. Зеро ин ташкилоти мухолифро Ҳукумати Тоҷикистон пас аз даврони ҷанги дохилии соли 1997 дубора имконияти мавҷудият дод. Аммо, мутаассифона намояндагони ин ҳизби мухолифин аз ин ғамхориҳои Ҳукумати Тоҷикистон хулосабарорӣ накарда, баръакс фаъолияти пинҳонии худро бар зидди сохти конститутсионии кишвар пеш мебурданд. ҲНИ фирефтаи ваъдаҳои пучу бемаънӣ ва маблағи муфти давлатҳои хориӣ гардида, мавқеи худро дар сатҳи сиёсии кишвар пурра аз даст дод. Боиси қайд аст, ки ҲНИ пурра аз ҷониби давлатҳои хориҷӣ маблағгузорӣ гардида истода, роҳбари ин ташкилоти террористӣ Муҳиддин Кабирӣ дар давлатҳои Аврупо маскан гирифтаву иҷрокунандаи супоришҳои хоҷагони хориҷиаш мебошад. Агар Муҳиддин Кабирӣ фарзанди фарзонаи миллат мебуд,  ӯ имрӯз на дар хориҷи кишвар истодаву ҳифз аз нақшаҳои ғаразноки давлатҳои хориҷӣ мекард, балки дар Ватан маскан гирифта, баҳри пешрафти он саҳмгузор мегардид.

Бояд дарк намуд, ки замоне ки ҲНИ дар ҳудуди кишвари мо расман фаъолият менамуд, мардумро бо нақшаҳои ояндаи гуё дурандеши худ фирефта намуда, нигоҳи онҳоро нисбати  сохти конститутсионии кишвар ҷиҳати манфӣ дигаргун мекард. Пас аз задухурд байни гуруҳи муташаккили ҷиноятии собиқ муовини Вазири мудофиа Назарзода Абдуҳалим Мирзо, ки моҳи сентябри соли 2015 рух дода буд, мо ҳама шоҳиди он гардидем, ки дар ин набард ҲНИ низ алоқаманд буда, ҷиҳати таъминоти моддии ҷангиёни мухолифинро ба ӯҳда дошт. Пушида нест, ки пас аз зиндонӣ гардидани якчанд нафар аз сатҳи роҳбарикунандаи ҲНИ, Муҳиддин Кабирӣ ва дигар аъзоёни фаъоли ин ташкилот, ки айни замон дар хориҷӣ кишвар қарор доранд, бо дастгирии давлатҳои хориӣ ба барпо намудани гирдиҳамоиҳо машғул гардиданд. Намояндагони ҲНИ тавассути сомонаҳои интернетӣ ба мардуми кишвар муроиат намуда кумаки бевоситаи онҳоро талаб намуданд, аммо ин нақшаҳои ғаразноки онҳо бенатиҷа боқӣ мондааст. Ҳамаи он наворҳои аудио-видеоӣ, ки имрӯз аз ҷониби аъзоёни ҲНИ дар сомонаҳои интернетӣ пахш гардидаанд, ягон асоси ҳақиқатро надошта, баръакс боиси нафрати сокинон гаштаанд. Имрӯз мардуми бофарҳанги мо хабар аз тақдири Сурияву Украина ва Ливияву Мисрро доранд ва ҳаргиз таваҷуҳ ба чунин наворҳои мухолифин, ки дорои муҳтавои зиддиҳукуматист, нахоҳанд дод.

Ҳамватанони азиз, ин хоинҳои миллату давлат, ки имрӯз нангу номуси худро ба хоҷагони хориҷиашон фурухтаанд, мехоҳанд Тоҷикистони тинҷу ороми моро ноором созанд. Имрӯз, байни давлатҳои абарқудрат бозиҳои геополитикӣ рафта истодааст ва Тоҷикистон низ ҳадафи майдони бозиҳои онҳо гардидааст. Аз ин лиҳоз, имрӯз Ватан аз мо аз рузи гузашта зиёдтар ватандустиву ватанпарвариро талаб менамояд. Имрузу фардои кишвари мо дар дасти худи мост ва нигоҳ доштани чунин фазои орому сулҳи Тоикистони азизамон барои насли оянда ин вазифаи ҳар яки мост.  Дар ҳоли ҳозир бошад, дар даврае ки ҷаҳон торафт дар торҳои партофтаи нақшаҳои глобалии абарқудратҳо печидан дорад, қарзи ҳар як фарди миллатпарасту ватандӯст яктост: роҳ надодани ғояҳо ва андешаҳои бегона ба ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии мо ва маҳкум намудани терроризму экстремизм.

Чоршанбиев Аббос

Сокини н. Шуғнон

Search