Ваҳдат ва Истиқлолият ду мафҳуми ҷудонопазиранд

Ваҳдату, сулҳ ва истиқлолият ибораҳое мебошанд, ки ҳамеша аз шунавоии он дили ҳар як фарди ватандўст шод мегардад. Сулҳ оштиву фарзонагӣ, якдигарфаҳми ва толиби осоиштагӣ будани мардумро таҷассум медиҳад. Ваҳдаи ин сарҷамъи сар аз як гиребон бурун овардан ҳамдигарфаҳму поктинату миллатдўст будан мебошад.

 Ваҳдат беҳтарин неъмат, ҳаёти инсон, орзуву армон, таҳкими давлат наҷоти миллат, рушду нумуи даврон ҳастии инсон дар ҳар давру замон аст. Ваҳдат ва сулҳу умумибашари Тоҷикистон ҷонибдории мамалакатҳои ҳамзамони берунмарзи мавқеву мақоми онро дар миқёси ҷаҳон овозадор менамояд.

Имруз иттифок ҳамдилии халқи тоҷик маврди омузиши Созмони Милллаи Муттаҳид ва дигар давлатҳои ҷаҳон гардидааст. Худшиноси ва худогоҳии миллӣ гуё пандест аз гузашти дурру пешрафти маънавиёти кишвар.танҳо дар сурати ваҳдат душвориҳо ва монеаҳо паси сар мешаванд, рузгори мардум рў ба беҳбуди меорад. Бо ақидаи Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти ҶТ  Э.Раҳмон ҳар як инсон бояд ваҳдати миллиро қадр намуда амнияти онро бо гавҳараки чашм нигоҳ дорад.  

Наҳзатиҳои хоин ҳеҷ гоҳ намехостанд, ки кишвари азизамон Тоҷикистон соҳиби сулҳу субот ва ваҳдату истиқлолият гардад. Боиси хушнудист, ки айни замон ин наҳазатиҳои хунхор берун аз кишвар қарор доранд, амлҳои кардаи наҳзатиҳо фаромўш нашаванда буда, халқи тоҷки хеҷ гоҳ ин хоинони миллатро намебахшад.

Ваҳдати миллӣ шукуфои Ватан аст, зеро дар давлате, ки сулҳу суббот ва дусти хукмфармост, он давлат рўз то рўз гул-гул мешукуфад, иқтисодиёташ тадриҷан мефазояд, ҳам аз ҷиҳати сиёси ва ҳам аз ҷиҳати фарҳангӣ пеш меравад.

Маҳз бо кушишҳои Пешвои миллат Э.Раҳмон миллати прешони тоҷик сарҷамъ омад, мамлакат обод шуд, пеш рафт гул-гул шукуфт ва имрўз дар чеҳраи ҳар фарзанди тоҷик нишоту хурсандист ваҳдаду сулҳ падидор аст.

Сокини ш. Хоруғ Қурбонбеков А.

Search