Ваҳдати миллӣ ва Истиқлолият арзишҳои муҳим ва муқаддас мебошанд

Осудагиву амният, Вахдати миллӣ ва Истиқлолияти давлатӣ арзишҳои ниҳоят муҳим ва муқаддас буда, баҳри таҳким, густариш ва ҳифзи ин арзишҳо бояд ҳар як фарди ҷомеа бо эҳсоси масъулияти том ҷаҳду талош намояд. Бахусус мо мардуми шарифи Тоҷикистон, ки ваҳдати Миллиро бо талош ва кӯшишҳои пайгиронаву азму иродаи матини Асосгузори сулҳу ваҳдати Миллӣ-Пешвои Миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва хиради азалии мардуми бо ору нанги Ватан ва бо баҳои ҷони ҳазорон тан аз фарзандони шуҷою Далер, пирони хирад, ходимони сиёсиву Давлатӣ ба даст овардем, бояд бештар ба қадри он расида, паи ҳифзаш содиқонаву садоқатмандона заҳмат кашем.

Дар ҳақиқат истиклолият барои мо халқи Тоҷик ба осонӣ ба даст наомадааст. Агар пас аз пошхӯрии кишвари пуриқтидори Иттиҳоди Шӯравӣ ва соҳибистиқлол гардидан барои бархе аз кишварҳои узви Иттиҳод заминаи мусоид боқӣ монда бошад ва соҳибистиқлолӣ барои сохтмони Давлати муосири онҳо мусоидат намуда бошад, мутаассифона бархе аз хоинону зархаридони Миллат бо истифода аз вазъи навтаъсисии Давлати муосир хостори беназмиву бенизомӣ дар кишвар гардида, кӯшиши бо роҳҳои гуногун ба даст овардани кишварро пеша намуданд. Эҷоди фитнаву буҳтон ва барангехтани кинаву адоват байни сокинони кишвар, тарғибу ташвиқи ақидаҳои зиддидавлативу зиддимиллӣ, ҷорӣ намудани андешаву омоли хоҷагони хориҷӣ аз ҷониби хоинони Миллат, аъзо ва пайравони ташкилоти экстремистӣ-террористии ҳизби наҳзати ислом буд, ки мардумро ба фирқаҳо ҷудо намуда, онҳоро бар муқобили оромиву субот ба по хезониданд.    

Ҷавонони ноогоҳ, камсаводу бетаҷриба, бехабар аз асли дини мубини ислом ва мардуми зудбоварро бо баёни ақидаву андешаҳои нопок ва омезиши он ба дини мубини ислом ба доми фиреби худ кашонида, дар муборизаҳои хунин ва бесарусомониҳо онҳоро чунон моҳирона истифода намуданд, ки ин шахсони бехабар аз ҳилаву хиёнатҳои наҳзатӣ сабабгори ҳазорон ҷинояту сарсониҳо гардиданд. Чун даст доштани ин ташкилоти тахрибкор ба оғози ҷанги шаҳрвандӣ ошкор гардид, пешсафон ва аъзои раёсати олии ҳизби наҳзат аз кишвар фирор намуданд. Баргузории иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз минбари баланди он фарзанди фарзона ва фидоии Миллат, меъмори сулҳу ваҳдат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба арсаи сиёсат қадамҳои устувор гузошта, зимоми Давлатдории навини Миллии моро ба уҳда гирифтанд, шуълаи умедро дар қалби мардум ба ояндаи дурахшон ҷилвагар намуд.

Маҳз бо талош ва кӯшишҳои наҷиби Пешвои маҳбуби халқ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сулҳу ваҳдат дар кишвари азизамон танинандоз гардида, роҳи рушди ҷомеаи муосири мо равшану мушаххас гардид. Баҳри баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардуми сарзамини аҷдодӣ аз тамоми имкониятҳо истифода бурда шуд. Маҳз ташаббус ва ибтикороти наҷиби Пешвои маҳбуби кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арсаи ҷаҳонӣ ҷонибдорӣ пайдо намуда, аз минбарҳои баланди Созмони Милали Муттаҳид ва дигар созмонҳои баланд бо забони ноби Тоҷикӣ ибрози назар намудани роҳбари Давлат бори дигар аз ташаббусҳои наҷиби кишвари мо дар раванди мусоидат ба ҳалли масъалаҳои сатҳи ҷаҳонӣ маҳсуб меёбад. Пешвои маҳбуби мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар раванди ободию осоиштагии на танҳо Тоҷикистон, балки минтақа ва ҷаҳон ҳамаҷониба пуштибонӣ ва ҷонибдорӣ менамоянд.

Бояд насли имрӯзи кишвар ва тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон рисолати шаҳрвандии хешро бо масъулияти баланд эҳсос намуда, беш аз пеш барои ҳифз ва таҳкими дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии кишвар ҳиссаи босазо гузорем. Ба ҳар гуна андешаву омоли ғаразноку нопоки гумроҳон дода нашуда, дар атрофи Пешвои маҳбубу муаззам муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муттаҳид гардида, ваҳдату осоиштагии Тоҷикистони азизу муқаддасро ҳифз ва гиромӣ дорем. Таманнои онро дорем, ки ҳамеша дар фазои Тоҷикистони азиз сулҳу оромӣ, осудагиву амният, тинҷиву амонӣ ҳукмфармо бошад ва бигзор офтоби Ваҳдати мо то абад поянда бод!

нафақахӯр Амриев М.сокини н. Шуғнон

Search