Бетамизиҳои Абдураҳмон 99

Ин ном кайҳо боз дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҷилва дорад ва худ намедонад, ки бо ин ҷилваи беъманӣ ва суханҳои аблаҳона симои ҳро безебтару бемаънитар ба мардум муаррифӣ менамояд.

Ин аблаҳи гузаро, ки ҳамеша худро чун ҳомӣ ва пуштибони қавму миллат нишон медиҳад, оҳиста-оҳиста маҷрои худро дигар менамояд. Чанде пеш худро чун пуштибони мардуми ҷамоати Язгулом нишон дода , изҳор медорад, ки гӯё бархе аз сокинон ба ӯ муроҷиат кардаанд.”Абдураҳмон  мо туро чун ҳақҷӯ мешиносем  ва хоҳиш дорем, ки қазияи  Язгуломро  аз аввал инъикос гардон”

Суханҳои пуч ва ҳарфаки беъмании ин ҷавони бесавод, ки ҳатто забони тоҷикиро намедонад, шунидан бемаънигист. Гуфтааш, ки гӯё сокини  ҷамоати Язгулом ба ӯ муроҷиат кардааст низ дурӯғ аст.  Мардуми кӯҳистон ҳеҷ гоҳ  пеши ту барин беномус ,ки ватану миллат бароят арзише надорад , сар хам нахоҳанд кард.

Бародарон ва хоҳарон, падару модарон ба шумо муроҷиат карда мегӯям ,ки аз чунин ҳарзагӯён ҳазар намоед. Онҳо на дӯсти мо балки душмани моанд. Шумо нағз баромади  бесару нӯги ин ҷавони хоҷапарастро таҳлил намоед ва хоҳед фаҳмид, ӯ чиро хостгор аст ва ин нақшаи кист.  

Ҳамаи ин  разолатпешагони бешараф як ҳадаф доранд , ин ҳам бошад бунёди як ангезаи сиёсӣ байни қавмҳо ва маҳаллаҳо аст,ки бо ин васила тавонанд фазои ҷомеаро ба нафъи худ истифода карда, мардумро нисбат ба давлат бадбин намоянд.

Акнун худ қазоват  намоед, ки  ин афрод ба сари миллату давлат чи балое оварданд . Онҳо ҳамеша манфиати худро аз манфиати давлату миллат боло дониста барои ба ҳадафҳои нопоки худ расидан аз чизе даст нахоҳанд кашид.

Бояд симо ва ҳадафи эшонро аз  гуфтаҳояшон пай бурд. Набояд дар баробари ин  афрод  хомуш буд. Хомушии мо бурди ин аблаҳон аст.

 Ҳар қадар ,ки ҷоғ зананд ҳамон қадар бемаънигииашон ҳувайдо мегардад.

Бетамизиҳои одам дар сухан пайдо шавад,

Пистаи бемағз агар лаб во кунад расво шавад.

Мардуми баномус ва баору миллати худро паст намезананд. Фарзандони ба номуси ватан ватанро аз ҳама боло медонанд. Ватандорони асил дар ҳама ҷо ватандоранд.

Бешараф ва беномус дар ҳама ҷо бешараф аст.

Шаҳриёр

Search