Терроризм ва хатари он

Имрӯз терроризм ва экстремизм ҳамчун вабои аср ба амнияти ҷаҳон ва ҳар як сокини сайёра таҳдид карда, барои башарият хатар ба миён овардааст.

Терроризм чун падидаи мураккаби иҷтимоӣ ва ҷиноӣ дар натиҷаи муносибатҳои носозгарӣ дохил ва берунии раванди инкишофи ҷамъият ба вуҷуд меояд ва имрӯз он яке аз намудҳои хавфноктарини экстремизм дар ҷаҳон гаштааст.

Экстремизм- андеша, фикр, тарғибот ва ғояест, ки дар мафкураи инсон ҳисси бадбинӣ, хашму ғазаб, нафрат, кинаву адоват, душманӣ, ваҳшоният ва харобкориро ҷой дода, ӯро аз андешаи солим дур месозад  ва дар натиҷа шахс ба амали террористӣ даст мезанад.

 Мардуми тоҷик бо роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низоми давлатдории дунявиро, ки таҷрибаи давлатдории миллатҳои гуногун мебошад, интихоб карда, мақому нақши онро дар доираи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намуд.

 Баҳри пешгирӣ намудани шомилшавии шаҳрвандон, махсусан ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои хусусияти террористӣ ва экстремистидошта, ки фаъолияти онҳо дар ҳудуди мамлакат манъ гардидааст, таваҷҷӯҳи махсус зоҳир намудаанд.

  Аз ин лиҳоз, пешгирӣ намудани терроризм ва экстремизм нафақат вазифаи давлат, балки яке аз масъалаҳои муҳимтарини ҳамталаби ҷомеаи шаҳрвандӣ ба шумор меравад.

 Айни замон моро зарур аст, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, ҳамчун фарди ватанпараст ва миллатдӯст фирефтаи макрҳои он гурӯҳҳои манфиатҷӯ нагардем. Мо бояд дар ҷавонон ҳисси масъулиятшиносӣ, таҳамулпазирӣ, андешаи солим, маърифати ҳуқуқиро ташаккул диҳем ва барои ҳифзи истиқлолият, сулҳу субот, ваҳдату ягонагӣ ва якпорчагии кишвар талош варзем.

Мазабшоева Зебо - омӯзгори МТМУ - и №1-и н.Мурғоб

Search