Экстремизм ва терроризм падидаҳои хатарзо ва номатлуб

   Мактаб омили асосии тарбияи дуруст ёфтани насли наврас буда, бемактабӣ ва бедонишӣ метавонад боиси ҳама гуна каҷравиҳо дар зиндагӣ гардад. Чуноне ки ба ҳар як фарди кишвар маълум аст терроризму экстремизм ва амали ғайриинсонии онҳо ба ҳар як аҳли ҷомеа шинос мебошад. Ба ин хотир мо бояд ҳар рӯзро ғанимат дониста ҳарчи бештар дар байни наврасону ҷавонон оиди таҳдиду хатарҳои терроризму экстремизм корҳои фаҳмондадиҳиро ба роҳ монем. Ҷавонон бояд аз ҳадафҳои нопоки чунин гурӯҳҳо огоҳ бошанд.Чуноне, ки бузургон фармудаанд:

Тӯдае сармаст ҷавлон мекунанд,

Нописанд ҳар он чӣ буд, он мекунанд.

Душмананд ё дӯст маълумам нашуд,

Ҳайратам аз он чӣ онон мекунанд.

Ҳар гаҳе ҷое, ки сарҷамъ мешаванд,

Ҷамъи  моёнро парешон мекунанд.

    Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид кардаанд, ки “Терроризму экстремизм, радикализми динӣ ва хурофот хатари ҷиддӣ барои имрӯзу ояндаи Тоҷикистон ва минтақа мебошад”.  Боиси таассуф аст, ки дар давоми бештар аз 40 сол дар қисматҳои гуногуни осиёи мусулмонӣ ба хотири ноором намудани вазъи кишварҳо омода намудани ҷавонони ноогоҳ идома дорад. Аз ҳама бадбахтӣ дар он аст, ки ба ин амали шуму таҳқибкорӣ ҷавононро низ ҷалб намуда, аз хондан ва савод омӯхтан, ки асоси назарияи ҳамаи дину оин мебошанд омода мебошанд. Экстремист шахсест, ки барои ӯ хираду дониш, миллат, ватан, фарзанду оила арзише надорад. Мавриди зикр аст. ки дар Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо бесаводӣ аз байн рафт, наслҳои наву бофарҳанг ба камол расиданд ва дигар гуруҳҳои мухталиф наметавонанд  кӯдакону ҷавононро ба ҷиҳоди дурӯғини худ талқин намоянд.

Имрӯз замоне фаро расидааст, ки бо азму иродаи қавӣ бадиро маҳкум бикунем ва ба гумроҳшавии ҷавонону наврасон роҳ надиҳем. Ба сулҳу ваҳдат, ҳаёти осоишта арҷ гузорем. Аз даст надодани ҳушёрӣ ва зиракии сиёсӣ, дуруст тарбия намудани фарзандон, мусоидат ба самаранокии вақти холии кӯдакону наврасон, ба мардум фаҳмонидани ҳодисаҳои нанговари гурӯҳҳои экстремистию террористӣ вазифаи кормандони маориф ва илм маҳсуб меёбад.

Устод Айнӣ нақши мактабро дар тарбия ёфтану инсонвор зиндагӣ намудани мардумро хело хуб таъкид намудааст.

Мактаб ба ту ёд медиҳад илму адаб.

Мактаб зи ту мебарад ғаму ранҷу тааб.

Як нуқтаи мухтасар зи мактаб гӯям.

Одам нашавад магар касе,  аз мактаб.

Мо вазифадорем, ки ба масъалаи таълиму тарбияи наслҳои ояндасози халқамон  эътибори аввалиндараҷа ва ҷиддӣ зоҳир намоем.

Мудири Шуъбаи маорифи ноҳияи Мурғоб Игамбердиев Абдираим

Search