ДУРУСТ, КАБИРӢ ТОҶИК НЕ, ТЕРРОРИСТ АСТ Қотили миллати тоҷик даъвои тоҷикият дорад

Роҳбари фирории Ташкилоти терррористӣ-экстремистии собиқ ҳизби наҳзат дар суҳбати онлайние ба мавзӯъи тоҷик будану тоҷикият даҳон олуда карда, аммо дар бораи миллаткушиву тоҷикситезии худ чизе нагуфтааст.

Аз нахустин суханаш маълум аст, ки вай кушидааст барои таҳқиру бадномсозии миллати тоҷик суханони зебову диққатҷалбкунанда ёбад. Ҳамон усули қаблияшро, ки гӯё оратори хуб асту ҷумлаҳои зебо сохта метавонад, истифода кардаву шурӯъ аз роҳбарияти давлат то ба муҳоҷиру омӯзгору табиб ба таҳқиру тавҳин кашидааст. Чаро, ки худи ба даҳони касиф расидани калимаи “тоҷик” ё “тоҷикият” таҳқир аст.

Ин наворро тамошо кардаву ҳар қадар кӯшидам ҷое дарёбам, ки кабирӣ худро тоҷик гуфта бошад, ё аз тоҷик будан фахр карда бошад, наёфтам. Дуруст, ӯ тоҷик не, террорист аст, меросхӯри босмачиву наҳзат аст, аммо ин ки номи миллатро ба забон мегираду файласуфона ва аз дидгоҳи толибу ихвонӣ онро шарҳ медиҳад, ӯро хандахаришу шармандаи хосу омм кардааст.

Тасаввур кунед, к(х)асе дар бораи худшиносии миллӣ мегӯяду онро таҳлил кардан мехоҳад, ки дар гузаштаи начандон дур (ҳанӯз дар зеҳнҳо боқист) бо тиру тӯфанг бар сари ҳамин миллат омада буд, мардони миллатро сар мебурид, занонашро синачок мекард, духтаронашро ба толибу ихвонӣ мефурӯхт. То ҳанӯз ашки чашми модаронамон хушк нашудааст, то ҳанӯз падару бобоёнамон даст ба дуоянд, то ҳанӯз фарзандонамон роҳи падар мепоянд ва дер ё зуд ҳатман, ки гиребони наҳзату кабирӣ хоҳанд гирифт. Аммо дар рӯзҳое, ки мо иди ваҳдати миллиямонро ҷашн мегирем, чизе, ки на кабирӣ ва на наҳзат ба он заррае дахлу пайвандӣ надоранд, аз тоҷик гуфтану тоҷикро баррасӣ кардани ӯ, боз мегӯям, таҳқири ҳамаи мост.

Ба назарам, маҳз дар ин рӯзҳо масъалаи миллиятро, ба қавли худаш, баҳс кардани кабирӣ бе ҳадаф нест. Агар заррае таваҷҷуҳ шавад, дарк кардан душвор нест, ки ҳадаф аз суханрониҳои бесару нӯгаш дар бораи мардумони минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон маҳз ба қавму миллат ва минтақа ҷудо кардани мардуми кишвар аст – чизе, ки ҳеч вақт хоси муборизаи шаффофи сиёсӣ набудааст. Ва ҳам ёдамон ҳаст, ки айнан ҳамин ҳолатро солҳои 90-уми асри гузашта таблиғ кардаву миллатро ба қавму маҳалл ҷудо ва қатли оммавӣ карданд. Чун медонистанд, ки ваҳдати миллат мушти сангине бар сари наҳзату терроризм аст, ҳич вақт онро қабул надоштанд. Ҳоло ҳам ҳамин. Танҳо ҳамин аст, ки дар рӯзҳое, ки аз ваҳдату ҷашни миллӣ меболем, масъалаи парокандагии моро ба миён мегузорад, моро ба маҳаллу минтақа ва қавму нажод ҷудо мекунад.

Ин ҳам дуруст аст, ки дар мулки бегона, бо маблағи ҳангуфти сарпарастон – ҳамон хоҷагони хориҷие, ки мегӯем ва дар кулбаи тангу тор нишаста, аз худ мӯсичаи бегуноҳ сохтан кори хеле осон аст. Ин ҳам барои наҳзат мушкил набудааст, ки силоҳ гираду бар сари миллат борони тир борад – охирин маротиба ин ҳолатро моҳи сентябри соли 2015 шоҳид шудем. Аммо мард барин рӯйи саҳна омадану дар рӯзҳои мушкил паҳлӯи ин миллат будан кори ҳар кас нест ва он ҳам вақте ки террорист ё наҳзатӣ ҳастӣ. Дар бораи миллати тоҷик даҳон кушодани кабирӣ ин таҳқир ба бузургону таҳқир ба таърихи миллат аст. Ҳамаамон медонем, ки ӯ махсус ин корро мекунад, чун худ босмачӣ асту аз босмачӣ буданаш фахр дорад.

Search