Терроризм Ватан надорад

Тоҷикон дар таърихи зиёда аз сеҳазорсолаи худ бо фарҳанги волою беҳтарин арзишҳои инсонпарвариаш шӯҳрати ҷаҳониро ба худ касб намуда буданд. Таърихнигорони барҷастаи ҷаҳон дар ҳар давру замон аз сарчашмаҳои муътамади ин миллати адолатпеша истифода бурда, тоҷиконро бо адабиёти пурғановаташ ба халқҳои дигари сайёра муаррифи намуда буданд. Имрӯз ҳам шукрона аз он дорем, ки тоҷикони баору номус роҳи бунёдкоронаро интихоб намуда, бо Сарвари хирадмандонааш Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти ҶТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сиёсати сулҳҷӯёна ва хайрхоҳонаро пеш мебарад.

Имрӯз агар ба авзои сиёсии ҷаҳон дақиқ назар андозем, дар давлатҳои мусулмонии Шарқу Осиё бар асари нофаҳмиҳои дохилӣ, задухурдҳои мусуллаҳона зуҳур ёфта, он рӯз аз рӯз ҳаёти осоиштаи мардумро зери хатар мондааст. Аз ҷумла зуҳуроти терроризму экстремизм хатари даҳшатангези аср гаштааст. Кас ангушти ҳайрат мегазад, нафаре, яъне ҷинояткоре ба ҷони хеш ва ҳамватанонаш раҳм накарда, ҳаёти садҳо нафар одамони бегуноҳ, аз ҷумла кӯдакону пирон ва модаронро қурбон месозад. Як чизи аламовар он аст, ки нооромиҳои ҷангҳои бемаънӣ, кушторҳои ваҳшиёна дар давлатҳои мусулмоннишин хуруҷ ёфтааст. Ин шаҳодати он аст, ки мо чи дараҷа нисбати худ номеҳрубон ҳастем.

Терроризм яке аз воситаҳои амалисозии манфиатҳои гурӯҳҳои муташаккил ҳаст, ки мехоҳанд манфиатҳои иқтисодӣ ва сиёсии худро амалӣ намуда, бо ҳар восита шахсони гумроҳро ба доми хеш кашад. Ба ҳамагон маълум аст, ки ҷангҳои ваҳшиёнаи давлати Шому Ироқ чи қадар одамони бегуноҳро қурбону беватан кард. Миллионҳо нафар тарки Ватан карданд. Қисми зиёде аз мушкилиҳои роҳи баҳрӣ ба об ғарқ шуданд. Аз наворҳои оинаи нилгун ҳама рӯза нишон медиҳанд, ки таркишҳои ваҳшиёна дар хоки Афғонистону Сурия инсоният ва бадбахтона афроди бегуноҳи осоишта оғуштаи хун ва наъва ҳаст.

Боиси алами мо аҳли ислом ҳаст, ки терроризму экстремизмро ба ислом нисбат медиҳанд. Ҳол он, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти ҶТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳар як баромаду суханрониҳояш дар минбарҳои СММ ва дигар созмонҳои бонуфӯзи ҷаҳон гаштаю баргашта иброз менамояд, ки террорзими террорист ва экстремизм давлату миллат ва дину мазҳаб надорад. Аз ин рӯ терроризму экстремизмро ба дини мубини Ислом нисбат додан аз ҳақиқат фарсахҳо дур буда, ба восита душманон мехоҳанд дини Исломро дар назди ҷаҳониён чунин нишон диҳанд. Ҳазор сол пеш ҳам чунин амалӣ нораворо нисбати аҳли ислом «нақшбандӣ» кардани буданд, вале мутафаккирони мо дар вақташ ин амалӣ иртиҷоёнро дарк намуда, ба он садсолаҳо мӯҳри абадӣ гузошта буданд.

Чуноне Ҳаким Носири Хусрави Қубодиёни фармудааст:

Ислом ба зоти худ надорад айбе,

Ҳар айбе, ки ҳаст дар мусулмонии мост.

Ин ишора ба он гумроҳон хаст, ки онҳо фирефтаи ақидаҳои иртиҷои шуда, имрӯз дину мазҳаб ва виҷдонашонро қурбони моҷароҷӯён карданд. Вақте, ки то ҷавонписареро дар ҷангҳои Сурия, Ироқ ва Афғонистон мебинед, чашмро сиёҳи зер мекунад ва ба худ савол медиҳем, ки ӯ ба хотири чӣ ҷону эмонашро қурбон кардани ҳаст. Чаро боре ҳам андеша намеронем Ватани мо Тоҷикистон ҳаст. Тоҷикистон якто ҳаст, мо бояд ватандӯстона, дилсӯзона муҳофизат кунем. Мо бояд ҳуввияти миллии худро чунон боло бардорем, ки ҳар як порчаи хоки муқаддаси Тоҷикистон барои мо чун гавҳари садоқату вафодори гардад.

Сокини ноҳияи Шуғнони ВМКБ Мирсафоев Миралӣ

Search