Ровии зархаридӣ «Садои Мардум»- ро бояд шинохт!

Вазъияти дар сарҳади кишвари мо ва ҳамсоядавлати Қирғизистон ба амаломада хеле аз воқеиятҳоро ба маърази тамошо гузошт. Баъзе аз воқеиятҳои рӯйи об баромада фараҳбахшу хушҳолкунандаанд, аммо баъзеи дигараш нороҳаткунандаю нафратовар ба назар мерасанд. Боиси фахр ва сарфарозист, ки фарзандони шуҷоъу далреи Ватан сарбаландона аз меҳану марзи худ дифоъ намудаанд. Яке аз воқеиятҳои бармалошуда низ маҳз ҳамин аст, ки ин миллат фарзандони ҷасуру ғаюр хеле зиёд дорад, ки дар ҳолатҳои зарурӣ аз ҳар ваҷаб хоки муқаддаси диёр бо қиммати ҷонашон ҳимоят мекунанд.     Ҳақиқати дигари аёнгашта ин аст, ки кулли мардуми Тоҷикистон дар чунин лаҳзаҳои ҳассос тавонистанд паҳлӯи ҳам бошанд ва яктану якҷон гашта, аз сарзамини аҷдодии худ дифоъ намоянд. Ин ҳодисаҳо бори дигар исбот  намуд, ки миллати тоҷик воҳиду ягона аст ва зери як парчам сарҷамъу муттаҳид мебошаду дар зери сиёсати хирадмандонаи сарвари дурандешу оқилу худ ба иҷрои ҳар коре омода аст. Ин гуфтаҳоро ҳамраъйиву ҳамовозии ҷавонони бонангу ори кишвар, аз ҷумла пайвастани ҷавонони шуҷоъу далери Кӯлоби бостонӣ, Ванҷ, Рашт ва Дарвозу манотиқи дигари кишвар ба мардуми азиятдидаи Чоркӯҳу Ворух исбот намуд.

Ҷиҳати нафратовари масъала он аст, ки як тӯда бефаросатону чун занони бадрашк  рафтор карда, аз ин иттиҳоди миллат зери сиёсати оқилонаи Пешвои миллат нороҳат гаштанду оташи ҳасаду бухл дар дилҳояшон шӯълавар гардид. Яке аз чунин бешарафон аъзои ташкилоти экстремистии “Гурӯҳи 24” Беҳрӯзи Тағойзода ё Салмон Холиқов мебошад. Ин бенангу номус ва беҳайсият зери ҳар ному ҳар чеҳраи пайдо мегардад ва “фоҳишакорӣ” – и худро анҷом медиҳад. Ин нохалаф дар муборизаи шадиди иттилоотӣ ба ҷойи он ки дар ҷабҳаи Ватану миллат қарор гирад, ба осиёби бегонагон об рехта истодааст. Нобакори бесавод дарк накардаву носанҷида оиди масъалаҳои марзӣ ҳарфу суханҳое мегӯяд, ки бар зарари миллат ва Артиши миллии Тоҷикистон  натиҷа медиҳанд. Ин шароит боз дақиқтар маълум сохт, ки ин нерӯҳои аҳриманӣ душмани ошкорои ин Ватану ин миллатанд! Марг бар хоинону душманони миллат!

Таҳлилгар: Пайшанбиев М.

Search