Ворух сарзамини тоҷикон буду ҳаст

Ҳар гӯшаи кишвари азизи – Тоҷикистон барои ҳар хурду бузургсоли ин сарзамини биҳиштосоямон азиз, муътабар ва муаззам асту сарсабзиву шукуфоӣ, вусъатпазирии долу дарахтон аз заҳмати аҳлонаи сокинонаш сарчашма мегирад, обу гили муқаддасаш решапайванди таърихӣ, азалӣ, тамаддунпазирӣ дорад..

Яке аз минтақаи зебоманзарамон Ворух зодбуми таърихӣ, тамаддунсоз ва манзили аҷдодии тоҷикон буда, ҳаёту рӯзгораш ҳамчу оина инъикоскунандаи қиёснопазир зебомакон, вусъатободу  фарҳангпарвар мебошад. Мегӯянд, ки кас бузургсол шавад, таҷрибаи ҳаётиаш тарбиятгари насли ҷавон мешавад. Аз ин ваҷҳ Ворух осудагӣ, оромӣ ва дили софу одаму одамиятро азиз медорад. Мардуми солору боҳиммат ва дилкушоду маърифатпарвари Ворух дар ҳар шароит, дар ҳар вазъ ҳамеша соҳибдил буданду ҳастанд, дӯстпарвару ҳимматбаланданд.

Биноан, ки ман обу намаки ин воҳаи вусъатободи тоҷикон – Ворухи бо тамаддуни миллӣ решапайвандро борҳо чашидаам, аз замири дил хоҳони ободиву осудагӣ ва шукуфоии ҳаёти чӣ хурду чӣ бузургсоли онро ҷонибдораму умед мебандам бар он – сарзамини тоҷикон доиман дӯстпарвар, бо дӯст шодишарик буд, ҳаст ва чунин мемонад. Ворух гулободу заҳматобод аст, як пораи қалби тоҷикон аст!
 Тариқи расонаҳои хабарии электронӣ ва дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворҳои гуногуну баҳсбарангези  ҷониби Қирғизистон доир ба анклав будани Ворух ва ба ҳудуди Қирғизистон тааллуқ доштани он, пахш гардида истодааст. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки                            барои сар задани нофаҳмиҳо ашхоси алоҳида даст доранд.
 Ҷоиз ба зикр  аст, ки Тоҷикистону Қирғизистон 976 километр марзи муштарак доранд, ки танҳо 504 километри он аломатгузорӣ шудааст. Азбаски 472 километри дигар то ҳол  номуайян аст, сари ҳар вақт бо сабабҳои мухталиф муноқишаҳо дар минтақаҳои марзии ин 2 кишвар сар мезанад. Бино ба маълумоти сарчашмаҳо аз тайи солҳоии ҷорӣ дар сарҳади ҳамсоякишварҳо ҳудуди даҳҳо маротибаҳо низои марзӣ ба амал омадааст, ки бо марги чанд нафар аз сокинони Тоҷикистон ва ҳам   Қирғизистон меанҷомад. Хеҷ гоҳ набояд фаромӯш созем, ки Ворух як порчаи ҷудонашавандаи, Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Боиси таассуф аст, ки бо ҷой доштани нофаҳмии солҳои пешинин деҳоти дурдасти Тоҷикистон ба макони  нофаҳмиву ҷидол ва бадбинӣ мубаддал гардидааст.

Акнун бошандагони Ҷумҳурии Қиргизистон бар сари мардуми осоиштаи тоҷик зӯру тавони худро нишон додан меҳоҳад. Шояд онҳо дарк накардаанд, ки миллати тоҷик замини аҷдодии худро зери ҳимоя гирифтааст. Ин ҳама нофаҳмиро бояд сари вақт зери назорат гирифт, зеро сокинони осоишта ба хотири химояи марзу буми хеш захмдидаву ҷароҳатбардошта истодаанд. Бо як сухан ва ё навиштан бахси чандинсола дар як муддат ҳаллу фасл нахоҳад шуд, зеро дар ин чода танҳо солимфикрӣ  кӯмак карда метавонад. Маҳз шаҳрвандони қирғизистон то ҳол дарк накардаанд, ки деҳаи дурдасти Ворух ин замини аҷдодии тоҷикону тоҷикистониён аст.
Боиси зикр аст, ки Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Ҷумҳуриҳои Узбекистон ва Хитой ҳамсарҳад мебошад. Мушкилиҳои марзӣ бо ин кишварҳо қариб, ки вуҷуд надоранд. Барои чӣ бошад, ки қирғизҳо моро нодида гирифта истодаанд.
 Дахолати мақомоти қудратии кишвари ҳамсоя ҳуҷумҳои мусаллаҳона ба аҳолии осоишта дар чандин минтақаи марзии мамлакати мо анҷом шуд, ки дар натиҷа чандин нафар шаҳрвандон кушта шудаву зарари ҷисмонии зиёд ба аҳолӣ расид.

Кирдорҳои бад ва ҳадафи гуруҳи алохидаи ашхоси манфиатчуи қирғизро худи сокинонаш нодида гирифта истодаанд. Оқибати ин ҳама моҷарову нофаҳмиҳо натиҷае нахохад дод, зеро Ворух сарзамини тоҷикон буду хаст ва инро ягон нафар наметавонад инкор кунад. Ба мардуми қирғиз муроҷиат карда гуфтаниам, ки замоне фаро расидааст, ки ақли солимро пеша карда, аз моҷароҷӯиҳои беасосу бемантиқ даст кашанд ва ба зиндагии осудаҳолонаи сокинони Ворух халал эҷод накунанд.

                                                 Амиршоев М., сокини шаҳри Хоруғ

Search