Терроризми сиёсӣ ва таҳдиди он ба Ваҳдати миллӣ

 Дар давоми моҳҳои охир дар кишвари ба мо ҳамсояи  Ҷумҳурии Исломии Афгонистон  баъди хориҷ шудани қувваҳои ҳарбии ИМА аз ҳудуди ин давлат  амалиётҳои ғайриинсонӣ ва ваҳшигаронаи  террористӣ ру ба афзоиш овардаанд. Дар натиҷаи ин ҳуҷумҳои террористӣ садҳо ва ҳазорҳо одамони бегуноҳ аз ҷумла занон, кудакон ва муйсафедон  кушта мешаванд ва чунин амалҳоро муборизаи сиёсӣ гуфтан  ин  пасти шуури диндорони ру ба сиёсат оварда ва надонистани принсипҳои асосии дини Ислом аз тарафи онҳоро нишон медиҳад.  «Ва он вақте, ки шахсеро куштед, дар вай низоъ кардед. Ва Худо чизеро, ки пинҳон мекардед, беруноранда аст». [2,72]

 Ҷумҳурии Тоҷикистон аз аввали солҳои истиқлолият динро аз давлат ҷудо эълон намуда, барои диндорон тамоми шароити мусоидро барои ба ҷо овардани  расму русум ва озодиҳои динию мазҳабӣ  таъмин намудааст. Дар баробари ҳамин давлати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси қонунҳои давлат  дахолати диндоронро ба корҳои сиёсии давлат манъ кардааст. Аз ҳамин лиҳоз фаъолияти ҳама гуна ҳизб ва ҳаракатҳои сиёсӣ   аз он ҷумла ҲНИТ  ки онро Кабирӣ роҳбарӣ мекунад,  ғайриқонунӣ дониста мешавад. Илова бар ин, қисме аз роҳбарони ин ҳизб бо моддаҳои Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон  барои амалӣ намудани ҷиноятҳо ба мукобили амнияти давлат ва  сохти конститутсионӣ айбдор дониста шуда, дар ковтукови  байналмилалӣ қарор доранд. Мутаассифона, баъзе аз кишварҳои Аврупо барои ин ҷинояткорон статуси гурезаро дода, онҳоро ба манфиатҳои геополитикии худ истифода мекунанд. Руз аз руз бад шудани вазъияти Афғонистон моро водор мекунад, ки  ҳаматарафа сулҳ ва ваҳдати миллиро, ки онро мо бо душвориҳои зиёд дастрас кардем, эмин нигаҳ  дорем.  Таҷрибаи мо нишон дод, ки танҳо сулҳи тоҷикон барои амалисозии барномаҳои иқтисодӣ, фарҳангӣ ва ичтимоӣ шароити мусоид фароҳам овард. Аз ҳамин лиҳоз, ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон бояд қадри ин  дастовардҳоро  дониста, дар мубориза бар зидди  онҳое, ки ба рушди давлати мо монеа эҷод мекунанд, муборизаи беамонро пеша намояд.

Кафедраи таърихи халқи тоҷик

Search