Ваҳдат - беҳтарин неъмат

Сулҳу вахдат ифтихори миллати соҳибдилам,

 Васфи онҳоро намояд решаи ҷону дилам

  Дар миёни қавмҳо пайвастагӣ моро аз он,

 Даҳр бинмояд ситоиш мардуми барнодилам.

    Сулҳу ваҳдат ибораҳоеанд, ки ҳамеша дилчаспу дилнишин ва бо лаҳни шево садо дода, бевосита шунавандагонро ба фикр кардан водор месозанд.

    Сулҳ-оштиву фарзонагӣ, якдигарфаҳмӣ ва толиби осоиштагӣ будани мардумро таҷассумгар аст.

     Ваҳдат бошад ба ҳам омадан сар аз як гиребон бурун овардан, ҳамдигарфаҳмиву покзинату миллатдуст будан.

    Ваҳдат-беҳтарин неъмат, ҳаёти инсон, орзуву армон, таҳкими давлат, наҷоти миллат, рушди тоҷикон, нумуи даврон, ҳастии инсон дар ҳар замину замон аст.

     Ваҳдат ва сулҳи умумибашарии Тоҷикистон ҷонибдории мамлакатҳои ҳамзамони берунмарзӣ мавқеву мақоми онро дар миқёси ҷахон овозадор менамояд. Имрўз иттифоқ ва ҳамдилии халқи тоҷик мавриди омўзиши СММ ва бисёр ташкилотҳои олам гардидааст. Танҳо бо роҳи ваҳдат якдишарфаҳмӣ истиқлоли кишварро муҳофизату пойдор ва ягонагии мардумро устувор карда метавонем.

    Танҳо дар сурати ваҳдат душвориҳо ва монеаҳо паси сар мешаванд, рўзгори мардум рў ба беҳбудӣ меорад, кишвари азизамон ба шоҳроҳи пешрафту тараққиёт пеш меорад. Ба ақидаи Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон «Ҳар касе, ки ниҳоле сабзонда бошад, медонад, дарахт соле як маротиба ҳосил медиҳад, аммо ниҳоле низ ҳаст, ки ҳамеша мевыаи ширин ба бор меорад. Мо меваи ширину сабзонидаамонро чашидем, ҷомеаи мо аз он баҳравар гардид, мо ҳаргиз роҳ намедиҳем, ки дигар теша ба решаи он расад».

     Он дарахте, ки Президентамон ба сулҳу ваҳдат ташбеҳ додаанд, имрўзҳо меваҳои ширину бисёре ба самар оварда истодааст, ки бо онҳо мо тоҷикон фахр месозем.

    Ҳақиқатан, вахдати миллӣ шукуфоии вата наст, зеро дар давлате, ки сулҳу амонӣ ва дўстӣ ҳукмфармост, он давлат рўз то рўз гул-гул мешукуфад, иқтисодиёташ тадриҷан меафзояд, ҳам аз ҷиҳати сиёсӣ ва ҳам аз ҷиҳати фарҳангӣ пеш меравад.

    Маҳз бо кўшишҳои пайгиронаи Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон миллати праешон сарҷамъ омад, мамлакат обод шуд, пеш рафт, гул-гул шукуфт ва имрўз дар чеҳраи ҳар фарзанди тоҷик нишоту хурсандист, ваҳдату сулҳ падидор аст.  

Search