Хиёнат ба Ватан

Қайд кардан бамавридаст, ки дар давоми солҳои охир муборизаҳо аз ҳар ҷиҳат бар зидди гуруҳҳои ҷиноятпеша пурзур гардидааст. Аз ҷумла, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шумораи гуруҳҳои ҷиноятпеша коҳиш ёфта, камбудиҳои ҷойдошта бартараф шуда истодаанд. Дар айни замон ҳам дар байни аҳолӣ ва ҳам хонандагони муассисаҳои таълимӣ дар бораи пешгирӣ ва роҳҳои мубориза бар зидди гуруҳҳои ҷиноятпеша ҳифзи сарҳади давлатӣ бисёр чорабиниҳо гузаронида шудаанд. Инсоне, ки аз ҷиноят дураст барои ҳифзи Ватан ва рушду нумўи он ҳамеша тайёр аст ва ин гуна шахс натанҳо ватанашро дуст медораду ҳифз мекунад, балки барои ободонӣ ва доштани он саъю талош намуда, бо ҷинояткорон ва душманони Ватан мубориза мебарад.

Муҳаммадиқболи Садриддин собиқ сокини шаҳри Бохтар бо сабаби нагирифтани дониши комил дар мактаб ва бештар машғул шудан ба гирифтани сабақи динӣ роҳи дурусти зиндагиро аз даст дода, қурбонии идеяҳои иртиҷоӣ гаштааст. Падараш Қаландари Садриддин яке аз саркардагони ҳизби террористӣ будааст, ки ҷанги хонумосўзро бар сари миллати тоҷик кашидаанд. Ў ва ҳам дастонаш тақдиру сарнавишти садҳо ҷавонони дигари тоҷикро барбод дода буданд, зеро маҳз муҳити носолими оилавӣ онҳоро ба чунин гумроҳӣ раҳнамун сохтааст. Муҳаммадиқбол низ зери таъсири чунин муҳити носозгор руҳан ваҷисман шикаста шуда, аз таҳсил дар МТМУ №6-и шаҳри Бохтар канор мемонад. Сипас бо аҳли оилааш муддате дар Афғонистон зиндагӣ карда, гирифтори дарди бедаво мегардад. Баъдан барои давои дарди хеш ба бадахлоқӣ машғул шуда, шахсияти худро бебозгашт аз даст медиҳад. Муҳаммадиқболи Садриддин дар якҷоягӣ бо хонаводааш сарсону саргардон гашта, аввал ба Ҳирот пас ба Покистон ва баъдтар ба Аморати Муттахидаи Араб мегурезад ва ниҳоятан дар Аврупо сукунат ихтиёр мекунад. Ў хамчун писари номусбохта ба халқу Ватани худ хиёнат намуда, ҳамчун ғулом аз ҳайсияту шараф бенасиб мегардад. Вай ҳатто дар ҷанозаи падараш, ки дар Фаронса даргузашта буд, иштирок накардааст. Ҷое ки қалами чунин одамон мерасад, ҳатман харобӣ бавуҷуд меояд.

Search