Хиёнат ва хоингарӣ гуноҳи нобахшиданист

Халқи тоҷик аз замони зуҳур то имрўз дар зинаҳои мухталифи ташаккули раванди рушди ҷомеаи ҷаҳонӣ нақши муассир дорад. Фарзандони бонангу номус ва содиқи ҷасури тоҷик дар ҳама давру замон марзу буми аҷдодиро ҳимоя карда, аз худ корнамоӣ нишон доданд. Корнамоии Шерак, Деваштич, Исмоили Сомонӣ, Восеъ, Темурмалик раҳнамои зиндагии мост. Хар як аз ин мардони майдон дар ҳифзи адолат ва хоки аҷдодӣ саҳми беназир доранд. Мо то имрўз аз ҷоннисории эшон ифтихор менамоем ва ҳарф мезанем.

Касе, ки ба иштибоҳ роҳ медиҳад, ўро мебахшанд, аммо касе ки хиёнаткор аст, ўро бахшидан ғайриимкон аст. Аммо афроде вуҷуд дорад, ки дар кишварҳои мухталифи дунё умр басар бурда, дар ҳаққи Ватан, давлату давлатдорӣ ва сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат бегонапарастӣ намуда, аз ин зуҳурот истифода бурда, миллатро ба низоъ ва парокандагӣ мекашанд. Ба қатори чунин шахсон Муҳиддини Кабирӣ, Муҳаммад Икбол, Истаравшанӣ, Мирзои Салимпур, НеъматАмонбеков, Лангарчиев Маъруф ва дигарон маҳсуб меёбанд. Бо ҳаргуна воситаҳои таблиғотӣ мехоҳанд сиёсати дохилию хориҷии Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ маҳкум намуда, фазои орому осоиштаро дар хатар бигузоранд, лекин хушбахтона низ ашхоси ҷонфидо баҳри амният ва боло бурдани сатҳи худогоҳӣ ва ҳуввияти миллӣ, ифтихори ватандорӣ шабу рўз заҳмат кашида, парчамбардори миллат гардидаанд. Боэътимод метавонем гуфт, ки шумораи шахсиятҳои нотакрор бахри мубориза бар зидди хиёнат ва хиёнаткорӣ зиёд хоҳад гашт ва ҳамагон кўшиш намоем, ки баҳри ободию созандагии кишвар доимо тайёр бошем.

Search